Ёде аз Маҳмуди Воҳид дар 78-умин солгарди умраш ва дар остонаи чиҳилумин соли маргаш

Ҳар сол бо сад дарду алам дар ин рӯз аз ӯ ёд мекунем. Ва чиҳил сол аст, ки зодрӯзаш бе ӯ мегузарад. Чиҳил сол аст, ки дар сӯги ӯ менависанд ва ин чиҳил сол захми набудани ӯ дар қалби ҳаводорони санъати асил шифо наёфт. Имрӯз ҳам дар сӯгаш сухан мегӯем, имрӯз ёди ӯ мекунем. Ва ҳамин гуна солҳову даҳсолаҳо дар ёду хотири миллат Маҳмуди Воҳид 38-сола боқӣ мемонад. Зиндаёд Одина Ҳошим гуфта: «Маҳмудҷон ҷуз хизмати халқу диёр фикри дигаре надошт. Ҳама вуҷуди ў санъат буд. Ў як рукни хеле бузурги санъати халқро обод дошта буд, акнун ин гўша холи мондааст. Вале наслҳо ба хотири  ў ин гўшаро  пур мекунанду ёди ўро зинда медоранд. Ман бошам ўро ҳамеша бо шеърҳои Ҳофиз ёд мекунаму ёдашро ҳам ба шеърҳои Ҳофиз месупорам».

Ёд дорӣ, ки вақти зодани ту
Ҳама  хандон  буданду ту гирён.
Ончунон  зӣ, баъди рафтани ту

Ҳама гирёншаванду ту хандон.

Ин мисраъҳоро мураттиб, коргардон, иҷрокунанда, фарди нотакрор ва маҳбуби дилҳо, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,  барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Маҳмудҷон Воҳидов замоне дар  оғози намоиши «Гуфтугў бо худ» нисбат ба Умари Хайёми машҳуру маъруф мехонд. Имрўз бошад ин гуфтаҳоро  ба худи ў нисбат медиҳем.

Маҳмудҷон Воҳидов 10-уми октябри соли 1939 дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Ў баъд аз хатми Донишкадаи санъати театрии ба номи Луначарский (ГИТИС) – и шаҳри Масква соли 1960 фаъолияти эҷодиашро аз театри ба номи Пушкин, ҳозира Хоҷа Камоли шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст. Аз соли 1961 то охири умраш ҳунарпешаи Театри академӣ – драмавии ба номи А.Лоҳутӣ буд.

Беҳтарин образҳои офаридаи ӯ Митя аз «Камбағалӣ айб нест» - и Н.А. Островский, Незнамов аз «Гунаҳкорони бегуноҳ» - и Н.Островский, Ромео аз «Ромео ва Ҷуллета»- и Шекспир, Бейли аз «Ҳуррият» - и Ғ.Абдулло, Азиз аз «Дуэл» - и М.Бойчиев, Рўдакӣ аз «Рўдакӣ»- и С.Улуғзода, Ясон аз «Мидея» - и Еврипид, Эзоп аз «Эзоп» - и Фигерейдҳо, Хизирхон аз «Фарёди ишқ» -и Ғ.Абдулло мебошанд.

Ҳунарпеша неруи эҷодиашро дар соҳаи кино низ озмуда, дар ин намуди санъат ҳам мавқеи хоса пайдо кард. Ҳангоми ба ин ҳунар рўй овардани ў давраи пешравии кино тоҷик оғоз ётфа буд.

Шодравон М.Воҳидов дар кино чунин нақшҳоро офаридааст:

Шариф аз филми «Зумрад», Раҷаб аз  «Ҳасани аробакаш», Котиби кумитаи ҳизбӣ аз «Ҷўра – Саркор», Тўлод аз «Достони Рустам», Тўлод аз  «Рустам ва Сўҳроб», Аҳмади Дониш аз «Ситораи шабистон», Сулаймон аз «Як умр кифоя нест» (Достони пахта), Махдум «Ҳеҷбудагон  ҳарчиз гарданд», Дарвеш аз «Ишқи аввалини Насриддин»

Маҳмудҷон Воҳидов аввалин ва ягона ҳунарпешаест, ки дар кишварҳои  Осиёи Миёна театри як актёрро барпо намуд. Ў се намоишро ба ҳайси муаллифи сенария, коргардон ва иҷрокунанда рўйи саҳна овардааст. Инҳо «Гуфтугў бо худ» - мунтахаби   рубоиёти  У.Хайём, «Ватан ва фарзандон» - и мунтахаби ашъори шоирони муосири тоҷик ва «Ишқи зиндагӣ» - мунтахаби ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ буданд.

Соли 1976 намоиши «Гуфтугў бо худ» - ро дар театри МХАТ – и шаҳри Москва бо забони русӣ пешкаши тамошобинон карда буд, ки баҳои баландеро сазовор гардид.

М.Воҳидов қувваи ҷозибае дошт ки бинандаро зуд ба худ ҷалб мекард. Ў сар то по истеъдод буд. Ҳунари нақшофарӣ, шеърхонӣ, коргардонӣ сенария ва мақоланависӣ дошт. Ў мақолаҳои зиёде дар бораи устодон ва таасуротҳои  сафар иншо кардааст. Бо адибон, хоса бо устод Турсунзода ва Лоиқ, бо сарояндаҳо Одина Ҳошим ва Ҷўрабек Муродов муносибатҳои қавии ҳамкорӣ  ва ҳамфикрӣ доштааст. Шодравон Одина Ҳошим гуфта: «Маҳмудҷон ҷуз хизмати халқу диёр фикри дигаре надошт. Ҳама вуҷуди ў санъат буд. Ў як рукни хеле бузурги санъати халқро обод дошта буд, акнун ин гўша холи мондааст. Вале наслҳо ба хотири  ў ин гўшаро  пур мекунанду ёди ўро зинда медоранд. Ман бошам ўро ҳамеша бо шеърҳои Ҳофиз ёд мекунаму ёдашро ҳам ба шеърҳои Ҳофиз месупорам».

Дар умри кўтоҳ, вале чун ситораи саҳарӣ рахшони худ ба одамон хидмат карданро қарзи худ донист. Ин ҳаёти  бобаракат, ҳиссиёти  амиқи ў ба умум маълум карда тавонистани сўзу гудозаш,  садоқати бепоёнашро ба санъат нишон медиҳад . Бале, он касе, ки рўҳи халқро бедор мекунад, ҳаргиз намемирад.

9 ноябри 1977 дар Бағдод бар асари як фоҷеае, ки то ба ҳол кушода нашудааст, дар синни 38-солагӣ ин ситораи тобнок осони санъати моро ба таври абадӣ тарк намуд. 

Лоиқ Шералӣ баъди марги фоҷиавии Маҳмудҷон дуруст ва пур сўзу гудоз қайд кардааст:

Дўстам дўсти сухангўям,
Баъди ту ҳам ҷавонӣ хоҳад монд.
Лек шеъри бузурги тоҷикро,

Ҳеҷ кас мисли ту нахоҳад хонд.

Хотираи ин санъаткори бузург, ки дунёи пурнури андешаю эҳсос, ҳарорати дил, заковати фитрӣ ва истеъдоди беназирашро бе тапиши набзи замон ва қисмати халқу Ватан тасаввур карда наметавонист, ҳеҷ  гоҳ  фаромўш  нахоҳад шуд ва дар ёди дўстони шиносу ношиноси ў чун намунаи ибрати ҷавонмардӣ ва олиҳимматӣ  хоҳад монд.

1.Нурчонов  Низом:  Маҳмудҷон Воҳидов -  Душанбе:  Маориф ва фарҳанг, 2009, - 384 саҳ.                                                                                                                                                                                                               
2.Сарредакцияи илмии энциклопедияи советии тоҷик -  Душанбе, 1978, ҷилди 1, саҳ.651.

Таҳияи  Нигина Маҳмудова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.

Дар Китобхона  миллӣ аз  Маҳмудҷон Воҳидов ва дар бораи ӯ ин китобҳо ва мақолаҳоро метавонед суроғ кунед:

Воҳидов,М. Ҷоми муборак: Хотираҳои М. Воҳидов // Ёдномаи Маҳмуд     Воҳидов. – Душанбе, 1982. – С.109 -111.

Воҳидов,М. Ҳамқадами театр: Аз эҷодиёти  артист  Ҳайдар Мардонов 

// Шералӣ,Л.,Латифӣ,О. Ёдномаи Маҳмуд Воҳидов. – Душанбе:  Ирфон 1982. – С .105-108.

Воҳидов Маҳмуд : Муосири мо Шекспир // Шералӣ, Л.  Латифӣ,О.  Ёдномаи Маҳмуд Воҳидов. – Душанбе: Ирфон,1982. – С.101-104.

Воҳидов,М. Дур аз ватан: Хотироти сафар ба Монреал // Шерали Л, Латифӣ,О. Ёдномаи Маҳмуд Воҳидов.- Душанбе: Ирфон, 1982. – С.75-86.

Воҳидов, М.Шабҳои тўфони: Ёде аз сафар ба Озарбойҷон  //  Ёдномаи Маҳмуд Воҳидов. – Душанбе, 1982. – С. 87-104.

 Воҳидов,М. Ошёни меҳр:  Дар бораи устоди институти театри ш. Москва Ольга Ивановна  // Ёдномаи Маҳмуд Воҳидов. – Душанбе, 1982. – С.71 -74.

Воҳидов  Маҳмуд : Актёр ва режиссёри советии тоҷик. Шарҳи ҳаёту эҷодиёт // Энтиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1988. – Ҷ.337.

Дар бораи Маҳмуд Воҳидов

Маъмур,С. Шабе бо Маҳмуди Воҳид: Шеър // Маъмур,С. Меҳвар. – Душанбе,1980. – С.39.

Шералӣ,М. Ба ёди ҳунарпешаи ҷавонмарг Маҳмуди Воҳид: Шеър // Шералӣ,М. Қиёми офтоб. – Душанбе,1981. – С.58-59.

Нурҷонов,Н. Дунёи  андешаву эҳсос // Шерали,Л., Латифӣ,О. Ёдномаи Маҳмуд воҳидов. – Душанбе: Ирфон,1982. – С. 3-58.

Маҳмуди сухангўй: Дар бораи М.Воҳидов / Мураттиб Р. Воҳидов;  Қосим, Н; Л, Асоев. – Душанбе: Адиб,1989. – 128с.

Усмон, И. Ман чашидам талхии маргу одам: Дар бораи Маҳмудҷон Воҳидов // Худафрўзӣ . – Душанбе, 1990. – С.23-29.

Тўйчизода,Н.  Бо дилу дидаи  бедор  маро ёд кунед:  Ба шарафи 70 солагии  шодравон  Маҳмудҷон  Воҳидов . Хотираҳои  ҳамкоронаш  // Чархи  гардун. – 2009. – 15октябр.

Таҳияи  Қаюмова Парвина  корманди
шуъбаи библиографияи  милли