Сабти номи хонандагон

 

ТАРТИБИ АЪЗОШАВӢ БА МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ

“КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТАҶИКИСТОН

Барои аъзошавӣ ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” барои кӯдакону наврасон нусхаи шаҳодатномаи таваллуд ва барои ҷавонону калонсолон шиноснома зарур аст.

Корти хонанда пас аз супурдани маблағи муқарраршуда дар хазинаи бахши бақайдгирӣ ба аъзошаванда дода мешавад. Маълумот дар бораи аъзошаванда (миллат, маҳалли зист, ҷойи кор ё таҳсил (факултет), рақами телефон) дар махзани иттилоотии бахши бақайдгирӣ пурра сабт мегардад.

Муҳлати истифодабарии корт се сол аст. Дар ҳолати гум ва ё вайрон шудани корт пас аз муроҷиати хонанда дар асоси маълумоти махзани иттилоотии бахши бақайдгирӣ пас аз пардохти маблағи муқаррашуда корти нав дода мешавад. Аъзошавӣ барои маъюбон ва интернатсионалистон ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ройгон аст.

Пас аз аъзошавӣ Китобхона хонанда уҳдадор аст, ки “Қоидаҳои тартиботи дохилӣ барои хонанда (шаҳрванд) дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон”-ро риоя намояд.

Хоҳишмандон метавонанд маълумоти бештарро тавассути телефонҳои 221-06-70 бигиранд.