Раҳмонов, Э. Дар бораи дин / Мурат.: С. Аҳмадов, С. Фаттоев; Муҳаррири масъул С. Фаттоев. – Душанбе, 2006 – 553 саҳ.

Баъд аз дарёфти истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ» қабул карда шуд, ки асоси он то эъломи истиқлолият гузошта шуда буд. Дар соҳаи озодии дин ва эътиқод зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонов муҳити созгори сиёсию иҷтимоӣ ба вуҷуд омад. Азбаски яке аз маншаъҳои ин низоъҳо дар назар нагирифтани эътиқоди динии мардум буд, сиёсати дуруст дар ин соҳа ба таҳкими сулҳ ва аз байн бурдани сарчашмаи низоъҳо мусоидат менамуд. Зимнан эҳтирому таваҷҷуҳ ба эҳсоси динии мардум, арзишҳои исломӣ пайваста дар мадди назар будааст. Намунаи барҷастаи исботи ин фикрҳо омодагӣ ба ҷашни соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ мебошад. Дар суханрониҳои худ Президенти кишвар ҳамеша эҳтиром гузоштан ба эътиқоди исломии мардумро таъқид намуда, тамаддуни ориёиро ҷузъи таърихи кишварамон намудор сохта, ифтихор аз гузаштаи худро асоси ифтихороти миллӣ, воситаи худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои таърихии халқамон муайян кардаанд.