1050-солагии Робиаи Балхӣ. Озода Мирзоева: Робиа ва забони порсии дарӣ
Фарҳанги форсии дарӣ мероси боарзиш буда, гузаштагонамон барои мо дар шакли достонҳо,қасидаҳо, ғазалҳо, маснавиҳои ирфонӣ, рубоиёт, китобҳои фйалсафа, таърих, ҳикмат, ахлоқ тасаввуф, дин ва ғайра ба ёдгор гузоштаанд, ки беш аз ҳазору сад сол мешавад, осори гаронбаҳои мо бо ин забон навиштаву суруда шудааст. Дар радифи бузургтарин шоирону донишмандони аҳди сомонӣ номи яке аз бонуи шинохтаи он давр – Робиаи Балхиро метавон ворид кард.
Забони форсии дарии давраи Сомониёнро шоирону ҳакимон василаи баёни андешаҳо ва тахайюлоти шоиронаи хеш сохтанд, ки мадор ва меҳвари кулли мардумони эронинасл гардида буд. Бемуболиға, метавон гуфт, ки Рӯдакиву Робиа ва дигар ҳамасрони онҳо, агар осори адабии бузурге бо ин забон ба вуҷуд намеоварданд, ин зебоиву фасоҳатеро, ки забони мо дорост, намедошт. Устоди Самарқанд ва Робиаи Балхӣ ва амсоли инҳоро метавон қаҳрамонони фарҳанги миллати худ ҳисобид, чаро ки саъю талошҳои беандоза намудаанд, то ба мардуми араб, ки забонашон бар форсии дарӣ тасаллути бештаре дошт, нишон бидиҳанд, ки фикру балоғат ва маонии баланд танҳо хоси адабиёти араб нест. Таъриху адабиёти мардумони эронинасл на танҳо бо шеъру адабиёти арабӣ баробарӣ мекунад, балки аз он бартарӣ ҳам дорад.
Донишманди шаҳири эронӣ Муҷтабо Минавӣ дар мақолаи “Барзуяи Ҳаким ва Рӯдакии шоир ва нашъунамои забони форсӣ” андешаи худро чунин ба қалам додааст, ки дорои арзиши баланди илмист: “Агар дар мамлакате чанд забон ва лаҳҷа роиҷ ва сорӣ ва мутадовил бошад, он лаҳҷае ё он забоне ба мартабаи забони расмии дарборӣ мерасад, ки шоирони бузург ва нависандагони бузург ба он лаҳҷа ё забон шеър бисароянд ё китоб иншо кунанд” (саҳ222).
Робиаи Балхӣ аз ҷумлаи он шоироне ба шумор мерафт, ки дар баробари маҳбубаи нозук буданаш хурдабин ва нозукхаёл буд ва бо корбурди вожаву ибораҳои зебову рангин шеър офаридааст. Осоре, ки ба ин шоираи ноком нисбат медиҳанд, наздики 66 мисраъ ба ишораи бархе аз маъхазҳо 55 байт боқӣ мондаасту халос.
Ашъори Робиа намунаи беҳтарини забони асри Х мебошанд ва аз вазъи таркиби луғавӣ, хусусиятҳои калимасозӣ ва сарфиву наҳвии он замон дарак медиҳанд.
Аз мутолаи ашъори боқимондаи Робиа чунин ба мушоҳида мерасад, ки бештари таркиби луғавии осори мавҷудро вожаҳои бунёдӣ ташкил медиҳанд. Як хусусияти хоси осори шооира ин аст, ки онҳо хеле равону сода ва маънои бештари вожаҳо ба хонандаи тоҷик фаҳмост. Барои тақвияти гуфтаҳои худ метавон як ғазали шоираро ба таври мисол манзури хонандагон намуд, ки хеле ҷолиб мебошад:
Ишқро ҳаргиз наёвардам ба банд,
Кӯшиши бисёр н-омад судманд.
Ишқ дарёе каронанопадид,
Кай тавон кадан шино, эй мустаманд!
Ишқро хоҳӣ, ки то поён барӣ,
Бас, ки бипсандид бояд нописанд.
Зишт бояд диду ангорид хуб,
Заҳр бояд хӯрду ангорид қанд.
Тавсанӣ кардам, надонистам ҳаме,
К-аз кашидан тангтар гардад каманд.
Ҳамин тавр, аз ин ғазал чунин ба назар мерасад, ки қариб ҳамаи вожаву истилоҳот, ки Робиа истифода кардааст, дар забони адабии тоҷикӣ имрӯз низ роиҷанд.
Албатта, дар осори шоира баъзе вожаҳое мавриди истифода қарор дорад, ки доираи истеъмоли онҳо дар забони имрӯза маҳдуд гардида, барои дарёфти маънои онҳо лозим меояд ба фарҳангҳорӯ оварем. Масалан, вожаи “аржанг”:
Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,
Чаман ранги Аржанги Моно гирифт.
Маълум аст, ки бе муроҷиат ба матн таҳлили вожаи мазкур натиҷаи дилхоҳи илмӣ нахоҳад дод ва маънои байт низ пӯшида хоҳад монд.
Вожаи аржанг ба шаклҳои артанг ва арсанг низ ба мушоҳида мерасад. Вожаи “аржанг” дар фарҳангҳо чунин омадааст: Аржанг//Артанг– китоби мусаввар, ки муаллифаш Монӣ аст. Аржанг кн.
Аржанг (название легендарной иллюстрированной книги и картиной галереи живописца Мони); 2. Пер. Яркая,красочная картина , рисунок выдаюҳееся произведение живописа. Аржанг/Артанг/Арсанг-1. Номи китоби Монӣ, ки сурат ва нақшҳои зебо доштааст; 2. Сурат, лавҳаи наққошӣ; 3. Номи паҳлавони тӯронӣ; 4. Номи деве аз Мозандарон, ки бо дасти Рустам кушта шудааст.
Ё дар ҷои дигар:
Кошк танам боз ёфтӣ хабари дил,
Кошк дилам боз ёфтӣ хабари тан.
Кошк ман аз ту бирастаме ба саломат,
Ой фусосо, куҷо тавонам растан?!
Ин ҷо вожаи “фусосо” (бояд”фӯсусо”ё “фисӯсо” бошад) маънои “ҳайфо”, “дареғо” ва афсӯс хурданро дошта, дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ ба шакли афсӯс истифода мешавад. Дар “Фарҳанги Муин” вожаи Фусусо//Афсус-1. дареғ,ҳасрат, андӯҳ; Ришханд, шӯхӣ, сухрия, истеҳзо ; 3. зулм, ситам омадааст. Дар “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” низ ба маънои “афсӯс” ва дар “Фарҳанги русӣ ба тоҷикӣ” ба маънои “жаль”, “жалость”, “сожаление”, “досада” тарҷума шудааст.
Ба ғайр аз вожаҳои аслии форсӣ дар осори Робиаи Балхӣ истилоҳоти иқтибосӣ аз забони арабӣ ба кор рафтааст, ки онҳо барои рушди забони назми форсӣ-тоҷикӣ ёрмандӣ карда, забони осорашро муассиртару пуробурангтар намудаанд. Гурӯҳи асосии ин иқтибосҳо, ки шумораашон ниҳоят кам аст, дар забони адабии имрӯзаи мо низ мустаъмаланд. Ба ин бахши вожаҳо метавон калимаҳои зеринро шомил кард: ишқ, ақиқ, ҳуҷҷат, ҳиял, наҷм, масал, осӣ, либос, қадаҳ, лутф, мисол, далел ва ғайра. Ин гуна вожаҳо барои офаридани образҳои шоирона ва мазмунҳои баланд офарида шудаанд. Чунончи дар байти зер ба мушоҳида мерасад:
Мисоли чашми Одам шуд магар абр,
Далели лутфи Исо шуд магар бод.
Бештари калимаҳои иқтибосшудаи Робиа дар забони гуфтугӯӣ низ то имрӯз дар истеъмол буда, барои хосу ом фаҳмоянд. Ба гурӯҳи ингуна калимаҳо метавон барои мисол, вожаҳои зерро ёдовар шуд: раҳмат, асар, субҳ, саҳар, қадр, ҳаким ва ғайра:
Фишонад аз савсану гул симу зар бод,
Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод!
Дар осори барҷоймондаи шоираи ширинкалом гурӯҳи махсуси калимаҳои мураккабе ҳастанд, ки доираи истеъмолашон дар забони адабӣ ва гуфтугӯии имрӯза роиҷанд, ки аз онҳо Робиа ба таври фаровон истифода намудааст: каронанопадид, сангиндил, зарринмалах, хубрӯй, пардадор….
Даъвати ман бар ту он шуд, к-Эзидат ошиқ кунод,
Бар яке сангиндиле, номеҳрубон чун хештан…
Инчунин дар осори шоира ибораҳои фразеологӣ низ ба кор рафтааст, ки аз истеъдоди баланди шоиронаи ӯ дарак медиҳад.
Сари наргиси тоза аз зарру сим,
Нишони сари тоҷи Кисро гирифт.
Хулоса, истифодаи чунин вожаҳои ноби форсӣ, ки Робиа аз онҳо бештар истифода кардааст, гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ӯ аслан тоҷик аст ва андешаи араб будани ӯро ботил месозад.
МАНБАЪ: Нигоҳе ба рӯзгор ва осори Робиаи Балхӣ”. Маҷмуаи мақолаҳо ба ифтихори бузургдошти Робиаи Балхӣ. Душанбе, ТҶБ “Истиқбол”, соли 2010.
Ин китобро пажӯҳишгари маъруфти тоҷик Анзурати МАЛИКЗОД мураттаб кардаву мутуни форсии онро ба срилик баргардон намудааст.
Китоби мазкур дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолаа мебошад.
Таҳияи Манижа ИБРОҲИМОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.