110 сол пеш 16-уми апрел
Сулаймон Юдаков-яке аз чеҳраҳои мондагори мусиқии тоҷик ва оҳангсозони маъруфи замони Иттиҳоди Шуравӣ 16-уми апрели соли равон 110-сола шуд. 36 сол пеш ин марди ҳунару андеша ҷамъи моро тарк карда буд.
Юдаков Сулаймон (Соломон) Александрович 16 апрели соли 1916 зодаи шаҳри Қӯқанд, вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии шўравии сотсиалистии Узбекистон, композитори шуравӣ, фаъоли мусиқӣ ва ҷамъиятӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шўравии Сотсиалистӣ.
Юдаков дар оилаи камбизоати яҳудӣ таваллуд шудааст. Дар сесолагӣ дар хонаи кӯдакони Қуқанд қарор гирифт. Дар ин ҷо аввалин муаллими мусиқии ў навозандаи машҳур М.Найгоф буд. Солҳои 1932-1935 дар рабфаки мусиқии назди консерваторияи Маскав; дар синфи флейта аз Н. Платонов, баъдтар аз рӯи синфи композитсия аз М.Гнесин таҳсил кардааст. Аз соли 1935 дар омӯзишгоҳи мусиқии назди консерваторияи Маскав таҳсил карда, соли 1939 ба факултаи композитории консерваторияи Маскав ба синфи Р.Глиер дохил шуд; аммо соли 1941 бинобар сабаби оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ соли 1941 дар курси сеюми таҳсил, таҳсилоти касбии ў хотима меёбад. Пас аз тарки курси сеюм, ба Тошканд баргашта, солҳои 1941-1942 дар Институти санъатшиносӣ корманди илмӣ шуда кор кардааст. Солҳои 1943-47 дар шаҳри Душанбе, роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолияти худро давом дода, боз ба шаҳри Тошканд баргаштааст.
Қобилияти мусиқии композитории Сулаймон Юдаков ҳанӯз дар овони кӯдакӣ, ҳангоме ки ӯ тарбиятгирандаи хонаи кӯдакон буд, бараъло аён буд. Юдаков солҳои таҳсил дар Москав, дар Рабфаки (факултети коргарии) мусиқии назди Консерваторияи ба номи П. И. Чайковский дар синфи Н. И. Платонов, бо тахассуси флейта, нахустин опуси шогирдонаи худ «Афсонаи форсӣ» барои флейта бо фортепианоро менависад.
Фаъолияти эҷодии Сулаймон Юдаков дар давраи ташаккулёбии санъати мусиқии касбии миллӣ оғоз ёфта, ӯ дар амалияи мусиқии Осиёи Миёна яке аз шахсони бонуфузи жанрҳои нав гардида, аввалин шуда ба жанрҳои нав ба монанди романс, квартет, кантата муроҷиат намуда, бунёдгузори аввалин опера ва балети мазҳакавӣ гаштааст.
Сулаймон Юдакови наврас соли 1937 дар Озмуни романс барои романси «Не пой, красавица» ба шеъри А. С. Пушкин сазовори ҷоизаи якум гардида, дар доираи аҳли мусиқӣ маъруф мегардад. Дар суруду романсҳои композитор омезиши тобишҳои миллӣ бо унсурҳои умумишарқӣ мушоҳида мешавад. Дар асарҳои вокалии худ композитор ба ашъори шоирони тоҷик ва заминаи оҳангҳои тоҷикӣ басо такя намудааст. Мусиқӣ ба намоишномаҳои мусиқӣ-драмавӣ, соли 1951ба монанди «Светлый путь», «Шелковое сюзане», «Дочь Ганга» аз рӯи асари Р.Такур ва дигарон саршор аз ҳаётдӯстӣ ва боварӣ ба оянда мебошанд. Эҷодиёти Сулаймон Юдаков дар кишварҳои Осиёи Миёна эътибори васеъ пайдо намуд, чунки дар мусиқии ӯ суннатҳои фарҳанги мусиқии халқҳои Шарқ тавъам ҷамъбаст гардидаанд. Асарҳои композитор дар шаҳрҳои Москав, Таллин, Горкий, Душанбе, Уфа, Қоҳира, Ашқобод, София, Буэнос–Айрес, Лион, Лодзи ва дигар шаҳрҳои дунё иҷро гардидаанд.
Истеъдоди оҳангсозӣ дар жанрҳои мусиқӣ-саҳнавӣ бараъло зоҳир шудааст. Операи мазҳакавии «Найрангҳои Майсара» соли 1959 ва балети «Найрангҳои Насриддин» соли 1977 дар таърихи санъати мусиқӣ-саҳнавӣ асарҳои муҳими марҳилавӣ гаштанд. Асарҳои номбурдаи муаллиф шаклҳои ягонаи чунин жанр дар театрҳои мусиқии мамолики Осиёи Миёна маҳсуб меёбанд. Аз нигоҳи хусусияти худ операи «Найрангҳои Майсара» халқӣ буда, ба падидаи асил табдил ёфтанд ва ин операро «Дастоварди таърихӣ» номидаанд. Балети «Найрангҳои Насриддин» дар радифи опера бори дигар аз қобилияти беинтиҳои мазҳакавии композитор, ки дорои санъати эҷодгарии мусиқии ҳаҷвӣ шарарбор буд, гувоҳӣ дод.
Асарҳои ӯ ва эҷодиёти комилан миллиаш ба ҳаёти халқи тоҷик омезиш ёфта, бо меҳр онҳоро иҷро мекард. Ин буд, ки Сулаймон Юдаков ба муаллифи мусиқии Суруди миллии ҶШС Тоҷикистон шарафёб шуд.
Мусиқии Сулаймон Юдаков талошҳои маънавӣ ва орзую омоли таърихии халқи тоҷикро инъикос намуда, руҳияи халқро баланд мебардорад ва ин буд, ки баъди соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 7 сентябри соли 1994 мусиқии ӯ мусиқии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯби оҳанги мавҷудаи суруди пешина таҳия шудааст, ки то соли 1994 бар матни Устод Абулқосим Лоҳутӣ ва оҳанги Сулаймон Юдаков садо медод ва муаллифи суруди нав бояд ин чорчубро риоят намуда, ибораву сатрҳоро дар доираи он оҳанг ҷой мекард. Зеро оҳанги зикршуда ба ҳадде қавию мутантан аст, ки шукӯҳу қудрати хосаи сурудро таъмин мекунад.
Сулаймон Юдаков санаи 8 ноябри соли 1990 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбакистон вафот кардааст. Ў дар хотири ҳамасрон қабл аз ҳама ҳамчун маэстро, офарандаи олами зебоӣ, соҳиби сеҳри самимият ва истеъдоди беинтиҳои хушнавозӣ, ки барои композиторони асри ХХ хеле камёбу нодир аст, нақши амиқ гузошт.
Бо истифода аз сарчашмаҳои электронӣ
таҳияи Гулчеҳра Ахмедова,
корманди шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ.