125 сол пеш дар ин рӯз нависандаи лаҳистонӣ        Бруно Ясенский таваллуд шуда буд

Ӯро бешак аз дӯстони Тоҷикистону тоҷикон медонанд. 1-уми августи соли 1930 бори аввал ба кишвари мо омад ва бо ҳаёти маданиву шароити иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон шинос шуд. Натиҷаи ин сафар ва будубоши тулониаш дар кишвари мо романи “Одам пӯсташро иваз мекунад” шуд, ки то кунун ба забонҳои зиёд борҳо тарҷумаву нашр шудааст. Роман асосан дар бораи корномаҳои созандагони Вахш нақл мекард ва аз рӯи он ду маротиба филм ҳам бардошта шудааст.

БРУНО ЯСЕНСКИЙ. Номи аслии ӯ Виктор Бруно Зисман 17-июли соли 1901 дар шаҳри Климонтуви Лаҳистон таваллуд шудааст. Падараш духтур ва модараш омӯзгори забонҳои хориҷӣ буд. Аз кӯдакӣ ба адабиёт ва забонҳо шавқу рағбат  дошт. Пас аз хатми мактаб дар Донишгоҳи Ягеллонии шаҳри Краков таҳсил кард.

Дар солҳои донишҷӯӣ ба ҷараёни футуризм пайваста, бо шеърҳо ва мақолаҳои навоваронааш маъруф гардид. Ӯ яке аз асосгузорони футуризми Лаҳистон ба ҳисоб меравад.

Соли 1925 ба Фаронса кӯчид. Аз сабаби фаъолияти сиёсӣ аз он кишвар хориҷ карда шуд ва соли 1929 ба Иттиҳоди Шӯравӣ рафт. Дар он ҷо ба навиштани романҳо, намоишномаҳо ва мақолаҳо машғул шуд. Аз асарҳои машҳури ӯ “Ман Порисро месӯзонам” ва “Одам пӯсташро иваз мекунад” мебошад.

          Бруно Ясенский  ҳамчун шоир, нависанда ва драматурги навовар дар таърихи адабиёти Лаҳистон ва Аврупо мақоми муҳим дорад. Асарҳои ӯ масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳаёти инсонро инъикос мекунанд.

Бруно Ясенский  яке аз чеҳраҳои намоёни адабиёти авангарди асри ХХ ба шумор меравад ва осораш то имрӯз дар адабиёти Лаҳистон ва аврупо аҳмияти калон дорад.

          Соли 1937 дар давраи таъқиботҳои сиёсӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ, Бруно Ясенский боздошт шуд. Ӯ 17-уми сентябри соли 1938 дар шаҳри Маскав  эъдом гардид.

Соли 1956 номи ӯ расман сафед карда шуд.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Бруно Ясенский ва дар бораи ӯ ин матолибро ҳам метавон хонд:

            Мужество. – М.: Журн. газ. объединения, 1935. – 32 с.

   Кишлак в ущелии. – М.: Гослит издат, 1934. – 56 с.

  . . . Нос: Повесть. – М.: Журн. газ. объединения, 1937. – 48 с.

             Я жгу Париж: Роман; Главный веновник: Рассказ; Заговор  равнодушных: Роман. – М.: Правда, 1986. – 462 с.

           Человек меняет кожу: Роман. – Пермь, 1990. – 464 с.

Дар борааш

            Бухоризода, П.  Бруно Ясенский ва романи  ӯ “Одам пӯсташро иваз мекунад” // Шарқи сурх. – 1961. – №3. – С. 107-115.

           Аминов, А.  Инсондӯст;  Ба 80 солагии  Бруно Ясенский // Тоҷикистони Советӣ. – 1981. – 19 июл.

          Бруно Ясенский  дар Тоҷикистон:  Шарҳе ба романи яке аз муболлиғони  Ҷумҳурии  Шӯравии  Сотсиалистии  Тоҷикистон  Бруно Ясенский “Одам пӯсташро иваз мекунад” / Тарҷумаи  Бурҳон Салмон // Адабиёт ва санъат. – 2021. – 22 апрел.

           Раҳим, А. Бруно Ясенский  дӯсти содиқи  Тоҷикистон: Дар бораи  ҳаёт ва фаъолияти адиб нависанда аз Полша // Ҷумҳурият. – 2021. – 4 август.     

            Шерматов,  Г. Друг Таджикистана Бруно Ясенский: 95 лет назад 1 августа 1930 года в Таджикистан впервые приехал писатель Бруно  Яковлевич Ясенский  // Азия-плюс. – 2025. – 31  июл.

Бо истифода аз манобеи

электронӣ таҳияи Машҳурахон  Зоирова,

корманди шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ