150 пеш дар ин рӯз. Ҷек Лондон-маъруфтарин адиби амрикоӣ
150 сол пеш дар ин рӯз дар шаҳри Сан Сан-Франсискои ИМА яке аз маъруфтарин нависандагон амрикоӣ Ҷек Лондон ба дунё омад.
Пас аз чанд вақт, оилаи онҳо ба шаҳри Окленд кӯчид. Бори зиндагӣ хеле барвақт ба дўши Ҷеки хурдсол бор шуд. Дар замони мактабхонӣ рўзнома мефурўхт. Баъди хатми мактаби ибтидоӣ дар синни чордаҳсолагӣ дар комбинати консервбарорӣ ба кор даромад. Кор хеле вазнин ва пурмашаққат буд. Соли 1893, ӯ ҳамчун маллоҳ дар киштии моҳидорӣ ба кор даромад ва ба соҳилҳои Ҷопон ва баҳри Беринг шино мекард. Саёҳати аввал ба Лондон таассуроти зиёд бахшид, ки баъдан барои бисёре аз ҳикояҳо ва романҳои баҳрии ӯ асос гузошт.
Аввалин очерки Ҷек Лондон бо номи «Тӯфон дар соҳили Ҷопон» 12 ноябри соли 1893 нашр шуд, ки ба фаъолияти адабии ӯ оғоз бахшид ва барои он сазовори ҷоизаи аввалини рӯзномаи Сан-Франсиско гардид.
Ҷек Лондон ба Донишгоҳи Калифорния дохил шуд, аммо пас аз чанде сабаби набудани маблағи таҳсил маҷбур шуд, ки онро тарк кунад. Дар баҳори соли 1897 Ҷек Лондон фирефтаи «васвасаи тилло» гардида, ба Аляска рафт. Аз сармоҳои шимолӣ бо тамом сер шуда, соли 1898 ба Сан-Франсиско баргашт. Тақдир ба ҷои тилло ба Ҷек Лондон қаҳрамонони ояндаи асарҳояшро ҳадя кард.
Ӯ дар синни 23-солагӣ, пас аз бозгашт аз Аляска ба омӯзиши адабиёт ба таври ҷиддӣ машғул шуд: аввалин ҳикояҳои шимолии ӯ соли 1899 нашр шуданд ва аллакай дар соли 1900 китоби нахустинаш, маҷмӯаи ҳикояҳои “Писари гург” аз чоп баромад.
Пас аз он маҷмӯаҳои ҳикояҳои зерин пайдо шуданд: «Худои падарони ў», «Фарзандони сармо», «Имон ба одам», «Чеҳраи моҳтобӣ», «Чеҳраи гумшуда», инчунин романҳои «Духтари барфҳо», «Гурги баҳрӣ», «Мартин Иден».
Нависанда рўзе 15-17 соат кор мекард. Дар натиҷа ӯ тавонист тақрибан 40 китоби арзишманд нависанд, ки аксари онҳо ба анҷинаи адабиёти олам ворид шуданд. Соли 1902 Ҷек Лондон ба Англия сафар кард, ки пас аз он асари «Одамони варта» эҷод шуд. Соли 1907 нависанда ба саёҳати ҷаҳон баромад, ки то он замон, бо шарофати ҳаққи қаламаш, Лондон аллакай як марди сарватманд буд.
Ҷек Лондон 22 ноябри соли 1916 дар шаҳри Глен Эллен даргузашт. Дар бораи марги ӯ низ гӯмагӯҳо зиёданд. Фарзияи аввал истеъмоли аз меъёр зиёди морфин аст, ки табибон чун таскиндиҳандаи дард барояш тавсия дода буданд, чун солҳои охири ҳаёташ аз бемории ҷигар азият мекашид. Вале фарзияи худкушӣ низ дар миён аст. Бисёриҳо мегӯянд вай анҷоми зиндагии Мартин Иден аз романи ҳамномашро барои худ ҳам хоста буд ва маргаш як марги табиӣ набуд.
Чанд асари Ҷек Лондон тоҷикӣ низ тарҷума шудааст, ки романи “Мартин Иден” аз ҳамин қабил аст.
Баргигул Наботова, мутахассиси пешбари шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.