174 сол аз марги Балзак мегузарад…

Оноре-де-БалзакРӯзи якшанбе, 18-уми август аз марги яке аз чеҳраҳои шинохтаи олами адаб, машҳуртарин романнависи Аврупо, намоишноманавис, мунаққиди адабӣ, эссенавис, ношир ва рӯзноманигор Оноре де Балзак 174 сол мегузарад. Ин адиби номвар умри тӯлонӣ надошт. Ҳамагӣ 51 сол зист, вале аз худ осори гаронмоя ба ҷой гузошт. Асарҳои ӯ бо гузашти ин беш аз 170 сол ҳамоно серхонандаанд ва ба забонҳои гуногуни олам тарҷума мешаванд.

Балзак яке аз поягузорони реализм, яъне усули дарки воқеъият ва ҳаққонӣ тасвир кардани ҳаёт дар адабиёт дар Аврупо ба шумор мерафт ва кулли осорашро дар ҳамин равия навиштааст. Асарҳои Балзак ба Чарлз Дикенс, Достоевский, Эмил Золя, Уилям Фолкнер таъсир гузоштаанд.

Оноре де Балзак 20 – уми майи соли 1799 дар шаҳри Тури Фаронса дар оилаи деҳқон ба дунё омада буд.

Машҳуртарин асари нависанда «Мазҳакаи инсонӣ» мебошад. Ин силсилаи роману ҳикояҳоест, ки дар мавзуи ҳаёти ҷамъияти Фаронсаи ҳамонвақта навишта шудааст. Эҷодиёти Балзак ба бисёр нависандагони боистеъдод, аз ҷумла Диккенс, Эмил Золя, Достоевский таъсири худро расондааст.

Волидайн аз хурдсолӣ, Балзакро барои касби ҳуқуқшиносӣ омода мекарданд. Барои ин, ӯ дар Коллеҷи Вендом, дар Мактаби Ҳуқуқии Порис  таҳсил карда, сипас дар нотариус ба ҳайси котиб кор кардааст. Вале ин дер давом накард ў аз касби ҳуқуқшиносӣ ба зудӣ дилгир шуда, худро ба адабиёт бахшид.

Аввалин асарҳои нависанда солҳои 1820 пайдо шудаанд. Ин романҳо дар рӯҳияи романтизм эҷод шуда буданд.  Аввалин китоб бо имзои «Балзак» соли 1829 аз чоп баромад. Ин романи таърихии «Шуанҳо ва ё Бретан дар соли 1799” буд. Баъд аз ин ў очерку ҳикояҳои зиёде навишт, ки ниҳоят диққати мунаққидонро ба худ ҷалб кард. Асари навбатии ҷиддӣ – романи «Чарми соғрӣ» соли 1831 пайдо шуд. Ин достони марди ҷавоне аст, ки як порча чарми соғрӣ (пӯсти рон) пайдо мекунад. Ин як чарми ҷодуӣ аст, ки метавонад тамоми хостаҳои марди ҷавонро бароварда созад. Аммо бо бароварда шудани ҳар орзу, чарм хурдтару хурдтар мешавад.

Пас аз як сол, қисман романи тарҷумаиҳолии «Луи Ламбер» нашр шуд.

Бо вуҷуди он, ки Балзак ҳамчун нависанда сарватманд шуда наметавонист, вай кори пурҷўшу хурушро давом дода, соле чанд китоб нашр мекард. Натиҷаи асосии эҷодиёти ў силсилаи очеркҳои «Маҳзакаи инсонӣ» дар мавзуи ҳаёти франсуз буд. Эҷодиёти нависанда дар солҳои 1820-1830 ба авҷи худ расид. Дар давоми умри худ Балзак борҳо ба Русия сафар карда буд.

Дар соли 1832 вай бо завҷаи ояндааш Эвелина Ганская, мулкдори лаҳистонӣ ва табаъаи рус шинос шуд. Солҳои охири умраш Оноре де Балзак дар мулки ҳамсараш дар Верховна, дар қаламрави Украинаи муосир зиндагӣ мекард. Вай дар «Нома дар бораи Киев», ки он нотамом мондааст хотираҳояшро дар бораи Украина нигоштааст. Нависандаи бузург 18 августи соли 1850 дар Порис вафот кард.

Балзак яке аз пуркортарин нависандаи дунёст. Вай дар тӯли умри нисбатан кутоҳаш беш аз сад мақола, , роман ва намоишнома ба риштаи таҳрир даровард. “Гобсеки рибохӯр”, “Ишқи кимёгар”, “Ёдгориҳои ду наварӯс”, “Духтари чашмтилоӣ”, “Пирдухтар”, “Кашиши деҳкада”, “Домгустар”, “Зани сисола”, “Орзуҳои барбодрафта”, “Деҳқонон”, “Оташпора” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

 

Таҳияи Б.Шафеъ