Кашфи истеъдодҳо дар маҳфили «Ҳамешабаҳор»-и Китобхонаи миллӣ

ҲамешабаҳорКашфи истеъдодҳо дар маҳфили «Ҳамешабаҳор»-и Китобхонаи миллӣ

Зан аз шавҳараш пурсид:

-Ман ба ту кӣ мешавам?

Шавҳараш ҷавоб дод:

-Ту биҳишти манӣ.

 Зан гуфт:

-Чаро модари ту маро зери по мекунад?

Шавҳар посух  гуфт:

-Ту биҳишти манӣ. Вале биҳишт зери пои модарон аст.

Ин нақл дар бахши «Як ҳикмат аз китобҳои хонда»-и маҳфили «Ҳамешабаҳор»-и Китобхонаи миллӣ аз сўи яке аз аъзои маҳфил гуфта шуд.

Дар маҳфили мазкур, ки ҳар ҳафта соати 14:00 дар ошёнаи 9-и Китобхонаи миллӣ баргузор мегардад, истеъдодҳои зиёде кашф мегарданд. Гардонандаи маҳфил шоири маҳбуб Хайриддини Хайрандеш мебошад, ки дар ин анҷуман ба наврасон дарси шеъру шоирӣ медиҳад, навиштаҳояшонро таҳлил ва таҳрир мекунад. Ҳамзамон дар ин маҳфил миёни наврасони эҷодкор равзанаи «Шоҳбайт» ширкаткунандагонашро ба ҳозирҷавобиву шоҳбайтхонӣ таҳрик медиҳад.

Монанди анор доғ дорад дили ман,

Аз доғи анор боғ дорад дили ман.

Ин байти шоири маҳбуб Беҳрӯзи Забеҳулло аст, ки имрўз дар маҳфили «Ҳамешабаҳор» аз ҷониби яке аз ширкаткунандагон садо дод.  Шоҳбайтҳои дигар низ дар бахши шоҳбайт аз ҷониби наврасони соҳибистеъдоди маҳифил қироат шуд:

Айби худ агар ба чашми худ медидӣ,

Бар айби дигар касон намехандидӣ.

Дар бахши луғатёбак вожаҳои зиёде пешкаши иштирокдорони нишаст гардид, ки иддае аз онҳоро ин ҷо меорем:

 Хазро-сабзранг, кабуд

Хурӯш-фарёд, овоз

Файсал – ба анҷом расондан

Хусуф-гирифтани моҳ

Чавкӣ – нигаҳбонӣ

Хидев-Худованд, подшоҳ, сардор

Чаковак-паранда, парандае, ки воози хуш дорад, бинобарин дар шеър ба маънои овози хуш низ истифода мешавад.

Ҳамешабаҳор-1Ин калимаву вожаҳо, ки дар маҳфил садо дод, бо шарҳу маънияшон ба луғати наврасони ширкаткунанда ворид гардид.

Дар ин нишаст устод Хайрандеш ба чанд навраси эҷодкор тавсияҳои хуб дод. Аз ҷумла, пас аз шунидан ва таҳлили шеъри «Модар»- ба Ҳидоят Азизова хонандаи синфи 9 – и мактаби рақами 2, ноҳияи Шоҳмансур ба ӯ тавсия дод, ки наср нависад.

Аъзои ин маҳфил дар баробари шеър хондану луғат ёфтан ва таҳлилу таҳрири эҷоди ҳамдигар аз китобҳои хондаашон низ нақлҳо карданд ва аз истеъдоду дониши якдигар огоҳӣ ёфтанд.