Ташрифи ҳайати намояндагони Куриёи Ҷанубӣ аз Китобхонаи миллӣ
Ташрифи ҳайати намояндагони Куриёи Ҷанубӣ аз Китобхонаи миллӣ
Дирўз ҳамсари Раиси Парламенти Ҷумҳурии Корея хонум Ҳан Мюн Хи бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Корея ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол ва муовини якуми Директори Китобхонаи миллӣ Раҷабзода Салима меҳмононро ба ҳузур пазируфтанд.
Сараввал, меҳмонон аз мусаввараи таърихӣ, ки дар ошёнаи сеюми Китобхона ҷойгир аст, дидан намуданд.
Баъдан осорхонаи китоб, ки дастхатҳо ва китобҳои чопи сангӣ нигаҳдорӣ мешавад, тамошо карданд. Дар осорхонаи китоб зиёда аз 100 нусха дастхатҳои нодир нигаҳдорӣ мешавад, ки қадимтарини онҳо ба асрҳои 13 -14 мутааллиқ аст. Ин дастхатҳои нодир “Таърихи Табарӣ”–и Абуҷафъар Муҳаммад ат –Табарӣ, “Дувалронӣ ва Хизрхон”–и Амир Хусрави Деҳлавӣ, “Шоҳнома”–и Абулқосим Фирдавсӣ, “Девон”–и Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, “Маснавии маънавӣ”–и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, “Гулистон”–у “Бӯстон”–и Саъдии Шерозӣ ва ғайра мебошанд.
Баъдан, ҳайати дипломатӣ аз толори китобҳои тозанашри даврони истиқлолият дидан намуданд. Дар толори китобҳои тозанашр зиёда аз 800 нусха адабиёти нав ба намоиш гузошта шудааст.
Дар охир, ҳайати меҳмонон аз гўшаи фарҳангии Корея дидан намуданд.