Ҳалли масъалаҳо аз электротехника

Ҳалли масъалаҳо аз электротехникаМуаллифи ин китоб Раҳимқул Бобоев буда, соли 2018 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст. Нусхае аз ин китоби хуб дар толори хониши шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ мавҷуд аст, ки хонандагон ҳар вақт хоҳанд, метавонанд аз он истифода кунанд.

Муаллиф дар муаррифии китобаш овардааст, ки дар он миқдори зиёди масъалаҳо аз фанни электротехника ба таври муфассал мавриди барассӣ  қарор дода шудааст, ки ба ҳаллу фасли онҳо хонанда метавонад дар зиндагӣ ва истеҳсолот вохўрад. Маводи китоб ба чунин пайдарпайие оварда шуда, ки он имкон медиҳад қонунҳои асосии электротехника омўхта шаванд, принсипи амали бисёр дастгоҳу асбобҳои электрӣ  фаҳмида шавад ва ҳамчунин ба аҳамияти онҳо дар ҳаёти ҳозиразамони инсон баҳо дода шавад.

Китоби мазкур ҳамчун дастурамал оид ба баҳисобгирии занҷирҳои ҷараёни доимию тағйирёбада, инчунин ҳангоми ҳалли мустақилонаи масъалаҳои начандон душвори амалияи электротехникӣ мавриди истифода қарор мегирад. Дар ҳар як боби китоб аввалан маълумоти зарурӣ оид ба бузургиҳо (ҷараён, тавоноӣ, қувваи электроҳаракатдиҳанда ва ғ.) ва воҳидҳои онҳо (ампер, ватт, волт ва ғ.) оид ба мафҳумҳо (занҷири  ҷараёни электрӣ, конденсатор, резонанс ва ғ.) ва қонунҳое, ки барои ҳалли масъалаҳои ҳалшаванда заруранд, оварда шудаст. Сипас,масъалаҳое ҳал карда мешаванд, ки қисмати бештари онҳо аз амалияи электротехникӣ гирифта шудаанд  ва дар охир масъалаҳое оварда мешаванд, ки барои ҳалли мустақилона тавсия мешаванд.Ҳангоми ҳалли маъалаҳо асосан системаи байналмилалии воҳидҳо (СИ) истифода мешавад, вале аломати онҳо бо воҳидҳои системаҳои дигар, ки баъзан дар техника истифода мешавад, низ нишон дода мешавад.

Китоб ҳамчун дастури таълимӣ барои омўзиши асосҳои электротехника дар омўзишгоҳҳо, литсейҳо ва гимназияҳои касбӣ- техникӣ ва ҳамчун дастуруламал барои баланд бардоштани тахассуси челонгарони соҳаи электр, насбгарон ва мутахассисони дастгоҳҳои электрикӣ хидмат карда метавонад.

 Ҳурматпочо Зикралиева, сардори шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ.