235 соли шарқшинос, тарҷумони олмонии “Шоҳнома”-ву Қуръони Карим

Friedrich_RückertИмрӯз ба таваллуди шарқшинос, шоир, тарҷумон ва профессори ду донишгоҳи маъруфи Олмон Фридрих Рюккерт 235 соли пур шуд. Вай 17-уми майи соли 1788 дар Швайнфурт  ба дунё омад. Рюккерт дар баъзе асарҳояш худро Фраймунд Раймар муаррифӣ кардааст. Як ҷоизаи адабӣ бо номи Фридрих Рюкерт низ вуҷуд дорад, ки ҳар сол ба нависандае эъто мегардад.

Фридрих Рюккерт дар забондонӣ шуҳрати беандоза ёфта буд. Вай ба забонҳои Юнони бостон, лотинӣ, санскрит, форсӣ, арабӣ ва туркӣ тасаллут дошт. Ин ҳам дар ҳолест, ки ӯ ба сарзаминҳое, ки забонашонро аз худ карда буду хуб медонист, аслан сафар накарда буд.

Фридрих Рюккерт шоир, мутарҷим ва забоншиноси номии олмонӣ, ки аз ӯ ба унвони “падари шарқшиносии Олмон” ёд мешавад, нахустин касе буд, ки шеваи ғазалсароиро дар забони олмонӣ ба вуҷуд овард.

Тавоноии Рюккерт дар тарҷумаи адабиёти Машриқзамин фавқулода буд. Вусъати таълифот ва тарҷумаҳои ӯ аз адабиёти сарзаминҳои Шарқ бисёр густарда ва аз умқ ва кайфияти бисёр боло бархурдор аст. Ӯ таҳти таъсири ғалалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ китоби “Розҳои Шарқӣ”-ро, ки маҷмуае аз зеботарин намунаи ғазалиёти олмонӣ аст, тақрибан ҳамзамон бо интишори “Девони ғарбӣ-шарқӣ”-и Иёҳан Ҳуте дар соли 1822 мунташир кард.

Рюккерт дар тайи солҳои фаъолияти худ осори бисёре аз забони форсиро ба олмонӣ тарҷума кардааст, ки аз он миён метавон ба таронаҳои маҳаллии Гелон ва Мозандарон, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, бахшҳои аз Гулистони Саъдӣ ва рубоиёти Хайём, “Ҳафт пайкар”-и Низомӣ,  ва чандин асари дигар ишора кард.

Ӯ бахшҳое аз “Шоҳнома”-и  Фирдавсиро низ тарҷума кард. Аммо ин тарҷума баъди маргаш интишор ёфт. Онро аз беҳтарин тарҷумаи “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ба забони олмонӣ медонанд.

Қуръони Карим то ба имрӯз чандин бор аз ҷониби мутарҷимони гуногун дар Олмон тарҷумаву нашр шудааст. Аз зиндагинома ва эҷодиёти Рюккерт маълум мешавад, ки ӯ хеле барвақт худро бо Қуръон ва тарҷумаи оёти он машғул доштааст. Ӯ нахуст порае аз тарҷумаи шоиронаи худро аз оёти Қуръон дар соли 1824 чоп кард. Муҳаққиқон тарҷумаи Қуръон аз ҷониби Рюкертро шаҳкори беназир аз нигоҳи забоншиносӣ дар забони олмонӣ донистаанд. Ҳарчанд ҷо-ҷое он дақиқ бо матни аслӣ нест,  аммо барои нахустин бор сабк ва забони шеъргунаи Қуръонро ба хонандаи олмонизабон мунтақил мекунад.

Дастнависи тарҷумаи Қуръон, ки дарбаргирандаи кулли ояҳои Қуръон нест, пас аз маргаш ва дар соли 1888 ба муносибати садумин солгарди таваллуди ӯ бо хости хонадонаш ва бо кӯшиши шарқшиноси олмонӣ Агуст Муллер чоп шуд.

Рюккерт на танҳо Қуръон тарҷума кардааст, балки “Бӯстон” ва “Гулистон”-и Шайх Саъдиро низ тарҷума кардааст. Тарҷумаи нокомили “Гулистон” наздик ба панҷоҳ сол баъд аз анҷоми он ва баъди  сӣ соли марги олим  интишор ёфт.

Ӯ “Бӯстон”-и Саъдиро низ ба олмонӣ баргардон кард, ки имрӯз ҳам беҳтарин тарҷумаи шаҳкори Шайх Саъдӣ ба забони олмонӣ дониста мешавад. Ин китоб низ баъди марги Рюккерт рӯи чопро дид.

Рюккерт инчунин осори бисёре аз забонҳои чинӣ, ҳиндӣ низ ба олмонӣ тарҷума кардааст.

Фридрих Рюккерт  31-уми январи соли 1866 дар синни 77-солагӣ тарки олам кард.

Таҳияи Б.Шафеъ