Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдак дар Китобхонаи миллӣ

Дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташабуси  шуъбаи кӯдакон ва наврасон чорабинии фарҳангӣ- фароғатӣ таҳти унвони  «Мо Пайравони пешвои миллатем» баргузор гардид.

  Чорабиниро муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт дошт, ки ҳар сол санаи якуми июн дар тамоми кишварҳои олам рўзи байналмилали ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ёдовар шуд, ки кӯдакон хазинаи тиллои кишвар буда, дар ҳифзу ҳимояи давлат қарор доранд.

  Баъдан муовини директори китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар Сафарзода Ҳусейн дар бораи фаъолияти китобхонаи бачагона дар давраи истиқлолият суханронӣ намуд. Вай дар бораи шароитҳо ва имкониятҳои Китобхонаи бачагонаи ба номи Миршакар ёдовар шуд ва аз бачаҳо даъват намуд, ки аз имкониятҳои ин китобхона низ истифода намоянд.

Исматулло Гиёев-сармутахассиси маркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Китобхонаи миллӣ дар бораи қонунҳои қабулшуда дар кишвар барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон суханронӣ кард. Мавсуф зикр намуд, ки кӯдакон ҳамеша дар паноҳи қонунанд ва ҳуқуқҳои онҳо ҳамаҷониба ҳимоя карда мешавад. Исматулло Гиёев ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар кишвари ба нақзи ҳуқуқи кӯдакон қонун шадидан бархурд мекунад ва намегузорад, ки ин ҳуқуқҳо поймол шаванд.

  Дар чорабинӣ адибони номвар кишвар, аз ҷумла нависандаи бачагон Азизи Азиз, адиби табиатнавис Маҷиди Салим ширкат доштанд ва суханронӣ намуданд. Онҳо аз эҷодиёти худ намунаҳо хонданд ва дар бораи зебогиҳову хушиҳои замони кӯдакиву наврасӣ ҳикоёти ҷолиб карданд.

Дар фарҷом муовини Директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода ба ташкилоту муассисаҳои шикаткунанда ин чорабинӣ изҳори ташаккур кард ва онҳоро бо сипосномаҳои КМТ сарфароз гардонд.

 Нависандаи маъруф Азизи Азиз ба бачаҳо китобҳои худро тақдим кард.

Шаҳодат Давлатова