290 китоби Рукниддин Наҷмиддинов ба Китобхонаи миллӣ тақдим шуд

Рукниддин-НаҷмиддиновФарзандону пайвандони Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рукниддин Наҷмиддинов 290 китоби падари арҷмандашонро ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон тақдим карданд. Аз миён 25 китоб ба забони тоҷикӣ буда, 265 китоб ба забони русист.

15 китоб дар риштаи таърих, 6 китоби улуми фалсафа, 74 китоби бадеӣ, 5 луғат ва 190 китоб аз рӯзноманигориву сиёсатшиносӣ мебошанд.

Фарзандони Рукниддин Наҷмиддинов гуфтанд, ки падари марҳумашон аз ҷумлаи дӯстдорони китоб буд ва худораҳматӣ илова ба он ки китобҳои бойгонии шахсии худро хонда буд, боз ҳамеша аз китобхонаҳо китоб мегирифт ва мутолиа мекард. Онҳо гуфтанд қиблагоҳиашон дӯст медошт барои ғанӣ кардани бойгонии шахсии худ пайваста китоб харад.

Рукниддин Наҷмиддинов 25–уми июни соли 1938 дар ноҳияи  Абдурраҳмони Ҷомӣ дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушод ва дар синни 85-солагӣ аз олам рафт. Пас аз хатми мактаби миёнаи ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) донишҷӯи бахши ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин шуд ва онро соли 1961 бо дипломи аъло хатм кард.

Рукниддин-НаҷмиддиновАз соли 1961  то соли 2006 дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла ёрдамчии прокурор дар ноҳияҳои Шаҳритӯс, Москва, Фархор, Кӯлоб, шаҳри Душанбе, прокурори шуъбаи назорати умумӣ кор кард.

Аз соли 1992 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи сардори раёсати назорат аз болои қарордодҳои судии парвандаҳо фаъолият карда, соли 1999 ба нафақа баромад.

Рукнуддин Наҷмиддинов 39 соли умри худро дар кори пурмасъули мустаҳкам намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии азизамон сарф намудааст ва дар таҳияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳми арзанде гузаштааст.

Заҳамоти ин шахси хоксору поквиҷдон, ватандӯсту ватанпараст борҳо аз тарафи ҳукумат ва Прокуратураи генералӣ қадрдонӣ карда шудааст ва бо мукофотҳои пулӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми декабри соли 1997 унвони «Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон»-ро сазовор гардидааст.

Рукниддин-НаҷмиддиновПас аз бознишаста шудан аз соли 2001 то 2003 дар вазифаи муовини директори курси такмили ихтисоси кормандони Прокуратураи Генералӣ ва аз соли 2003 то 2006 ба ҳайси муаллими калони кафедраи ҳуқуқи гражданӣ  ва мурофиа адои вазифа намудааст.

Мавлия Наҷмиддинова, духтари ҳуқуқшиноси варзида иброз дошт, ки аз соли 2006 то охири умр падараш саргарми навиштани китобҳои худ буд ва ду китобаш бо номҳои «Дар партави андешаҳо» ва «Саргузашти худам ва ҳампешаҳоям» рӯи чоп дид.

Рукниддин Наҷмиддинов баъди бемории тӯлонӣ 4 июли соли 2023 тарки олам кард.

Ёдашаш ба хайр бод!!!!

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.