30 соли ҷаҳду талош
Ба Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур шуд. 30 соли талошу кўшиш ва марҳилаи ободкориҳо, ки бешак ба номи Пешвои миллатсоз Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад.
Дар замони Истиқлол таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба як кишвари ободу зебо ва пешрафта табдил ёфт. Яке аз нақшаҳои стратегии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ бармеояд, ин бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд аст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бар хилофи ҳамаи нотавонбиниҳои дохилию хориҷӣ, ки ба ояндаи давлати мо хушбин набуданд, ҷасурона роҳбарии давлати нотинҷро бар уҳда гирифт. Аввалин сухане, ки ў аз минбари баланди ин иҷлосияи таърихӣ гуфт, сулҳ буд. Даъвату баромади Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз ёдамон ҳаст: «ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард ва тарафдори давлати демокративу ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд бародар бошем, то вазъиятро ором намоем».
Мо ба ин сулҳ ба осонӣ наомадем. Ҳар касе, ки он давраро ба ёд дорад, метавонад бигўяд, ки ба даст овардани сулҳу амният дар кишвари мо кори осон набуд, зеро тамоми мардуми Тоҷикистон парешон шуда буданд, ҳама гуреза шуда аз Тоҷикистони ба хун оғушта ба ҳар тараф фирор карданд. Ҳамагон дар андешаи амнияти худу оилаи худ буд, касе фикри касеро намекард. Ягона марди далеру ҷасур Пешвои муаззами мо, Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷони худро дар хатар гузошту сулҳу ваҳдату амниятро ба даст овард. Ў дар ин кори басо вазнин ғолиб омад, бале маҳз талоши Ҷаноби Олӣ буд, ки имрўз мо дар кишвари амн зиндагӣ ба сар мебарем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатар ба ҷисму, ҷон дар каф ба сўи қуллаи мурод-таъмини осоиштагӣ ва сулҳу салоҳ дар сартосари Тоҷикистон мудом ҳаракат мекард. Мардум мехостанд дар кўчаю хонаҳояшон дигар садои тиру туфанг ва гиряи модарону нолаи фарзандони подаргумкарда баланд нагардад. Дар симои Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик наҷотбахши худро дарёфтанд, ки ҳастии худро аз Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ барои Ватани маҳбуби худ бахшид.
Дар таърихи миллати мо баъди садсолаҳо имкони амалии таъсис додани давлати озод ва мустақили миллӣ фароҳам омад. Талоши Ҳукумат барои бартараф кардани буҳрони фарогир дар асоси барномаҳои максаднок пайдарпай амалӣ гардонида шуд. Корхонаҳои муштараки зиёд бунёд шуданд, робитаҳои мутақобилан судманд бо мамлакатҳои дигари ҷаҳонӣ густариш ёфта, савдои озоди беруна ташкил шуда. ҳамкориҳо бо кишварҳо ва ташкилотҳои бонуфузи молиявӣ ва иқтисодии байналмиллалӣ рушд намуда, самари хуб доданд, роҳи оҳани дохилӣ навсозӣ гардид, силсилаи роҳҳои автомобилгард аз Шимол то Ҷануб ва аз Ғарб то Шарқ таъмир шуда, нақбҳои мошингард ва пулҳои байналмилалӣ бунёд ёфтанд, ки ин ҳама гувоҳи Истиқлол мебошад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунад, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо Истиқлоли давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар рўҳияи ваҳдату ягонагӣ, ватандўстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таъирихиву фарҳангии миллат тарбия намудан аст. Танҳо инсони хирадманду бомаърифат ва ватандўсту фарҳангпарвар дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоистаро соҳиб шуда, дастовардҳои Истиқлолро ҳифзу пуштибонӣ карда метавонад.
Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти мунтазами худ собит намуд, ки ў ғаюр, далер ва дар қабули қарорҳои муҳим қотеъ асту талошу иқдомҳояш ўро ба сиёсатмадору сарвари тавоно табдил додааст. Корҳои муҳиму шоистаи ў-фаъолмандии қатъӣ дар музокироти сулҳ, баргардондани гурезаҳо ба Ватан, хотимаи чанги бародаркуш, барқарор намудани артишу дигар сохторҳои низомӣ, оғози ислоҳоти кунститутсионӣ, барқарор намудани сохторҳои шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо, бо маводи ниёзи аввал таъмин намудани мардуми кишвар ва ҳифзи суботу амнияти ҷомеа то имрўз дар хотираҳои мост.
Истиқлол танҳо ифтихор ва лофи ватандорӣ нест. Истиқлол муборизаест, ки барои рушди миллат пояҳои устувор фароҳам меорад, ҳама гуна мушкилоти зиндагӣ мустақилона ҳал мегардад ва ташаккули иқтисоди замонавӣ таъмин шуда, арзишҳои давлати демократӣ ҳифз мегарданд. Давлати соҳибистиқлол бояд қадру қиммати ҳар як шаҳрвандро ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намуда, барояш зиндагии шоистаро таъмин гардонад. Ин кўшишҳоро мо дар фаъолияти ҳамешагии Эмомалӣ Раҳмон эҳсос мекунем.
Метавон хулоса кард, ки мардуми тоҷик низ ба қадру заҳматҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мерасанд ва барои нигоҳ доштани бузургтарин неъмат-Истиқлол ва ваҳдати миллӣ, ки бо талоши ин марди накусиришт ба даст омадааст, кўшиш хоҳанд кард.
Суҳроб Исмоилов,
Сармутахассиси шуъбаи коркарди адабиёт