32 сол пеш дар ин рӯз. Гулназар: «Зоҳиди хушк» ва…”

Гулназар КелдӣИн мақолаи Шоири халқии Тоҷикистон, устоди марҳум Гулназар Келдӣ 32 сол пеш ҳамин рӯз, 20 феврали соли 1992 дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” чоп шудааст. Ҳамкорамон аз бахши матбуоти даврӣ онро китобат кардааст, то имрӯзиён аз он баҳра бардоранд.

Шояд касе мақоларо нахонда аз иртиботи навиштаи 32 сол пеш ба имрӯз суол кунад. Ва посухамон аввал ин аст, ки лутфан бихонед, хеле матлаби ҷолибу хонданист. Ва посухи дигар ин аст, ки ҳатман иртибот дорад, чун мушоҳидаҳои шоири халқ гӯё ҳаминрӯзист, тақрибан чизе дигар нашудааст.

Зиёд вақти шуморо намегирем, балки хоҳиш мекунем бихонед ва ба рӯҳи нависандааш дуо кунед.

Инак мақола:

«ЗОҲИДИ ХУШК» ВА…

Рўдакиро борҳо хондаам. Одамушуаро аз гардиши чарху бевафоии даврон шикоят кардааст, аммо боре надидаам, ки ба сари зоҳид санг андохта бошад. Шояд хато кунам. Аммо харчӣ надидаам, надидаам.

На наҳси Кайвон буду на рўзгори дароз,
Чӣ буд, ман-т бигўям, қазои яздон буд.

Ин байти ҷонсўзи «Шикоят аз пирӣ» воқиан  ҳам шикоят аз тақдир аст, на шиква аз зоҳид.

Дар шеъри порсӣ кай «зўҳд», «зўҳди риёӣ», «зоҳид», «зоҳиди хушк» барин вожаву ибораҳо пайдо шуданд? Бори аввал норизоӣ аз зўҳду зоҳид дар рўбоиёти Хайём ба чашми ман бархўрд. Шояд то Хайёми ҳаким гўяндае ба ин мартаба ринду бебок набуда, ки ба аҳкоми шариат бо чашми шубҳа назар афканад? Гумон намекунам. Вагарна дар Қуръони маҷид намеомад, ки «шоирон туъмаи оташанд». Чаро шоирон ба чунин ҳукм зоҳир шудаанд? Дар сураи 5 омада: «Онҳое, ки бовар накарданд ва оятҳои моро гизоф пиндоштанд, тўъмаи оташанд». Яъне, онҳое, ки имон наовардаанд, лоиқи ҷазои сахттаринанд. Аммо ин ҷо сухан аз нобоварӣ намеравад, сухан аз он аст, ки кирдору рафтори ин ё он намояндаи дин ба шоир хуш намеояд.

Не, не, ғалат кардам. Аз Хайём пештар ҳаким Носири Хисрав дар «Мунозира бо Худо» гуфта:

Надорам эътимоде як сари мўй
Каломи зоҳиди нодон шунидан.

Биёед, як дафъа бубинем, ки вожаҳои болоӣ дар асл чӣ маъно доранд. Дар «Фарҳанги осори Ҷомӣ» вожаи «зўҳд» ин тавр шарҳ ёфтааст: зоҳидӣ, парҳезгорӣ, порсоӣ. Дар «Ғиёс- ул-луғот» омадааст, ки «он ки рағбат ва хоҳиши дунё надорад ва аз молу ҷоҳ ва номус таалуқ нагирад», зоҳид аст.

Пас, чаро парҳезгорӣ ва порсоӣ, ки аз хислатҳои умдаи инсонист, боиси таъну танзи қаламкашон қарор гирифтааст?

Хайём мефармояд:

Дасти чу мане, ки ҷому соғар гирад,
Ҳайф аст, ки ў дафтару минбар гирад.

Ту зоҳиди хушкию манам фосиқи тар,
Оташ нашунидаам, ки дар тар гирад.

Мавлоно Ҷомӣ овардаанд:

Хотирам  з- олоиши зўҳди риёӣ шуд малул,
Як-ду коса дурд хоҳам шустушўи хешро,

Хоҷа Ҳофиз мегўяд:

Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт,
Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт.

Дар ҷои дигар:

Зоҳиди хом, ки инкори маю ҷом кунад,
Пухта гардад, чу назар бар ман хом андозад.

Дар пораҳои болоӣ сабаби эътирози гўяндагон дар ибораҳои «зоҳиди хушк», «зоҳиди хом», «зўҳди риёӣ» ва «зоҳиди покизасиришт» (ин ҷо киноя аст) равшан аст. Аммо дар шеъри порсӣ умуман зоҳид каси порсову парҳезгор нест, балки як навъ инсонест, ки дар қайди ноилоҷи аҳкоми шариат аст, ба ҷуз бинии худ чизе ё касеро дидан натавонад, аз шодии дигарон малул аст, бо фиребу найранг рўз ба сар барад, аз ғорат кардани бародари худ шарм надорад, хулоса, худоҷўест, ки аз худо натарсад.

Зохиди-Хушк-ва,,,Шайх Саъдӣ, ки дар рўзгори хеш бисёр хушку тар ва гарму сардро дидааст, ба қалам меорад:

Зоҳид, ки дирам гирифту динор,
Зоҳидтар аз ў касе ба даст ор!

Аммо зоҳидтар аз зоҳид касе ҳаст?

Дар шеъри порсӣ нест, дар шеъри порсӣ зоҳиди мусбат (бо таъбири адабиётшиносии реализми сотсиалистӣ) вуҷуд надорад.

Ба ин байти машҳури Ҳофиз таваҷҷўҳ фармоед:

Ман, ки имрўзам биҳишти нақд ҳосил мешавад,
Ваъдаи фардои зоҳидро чаро бовар кунам?

Ин ҷо «зоҳиди хушк» ва ё «зоҳиди риёкор» наомада, танҳо вожаи «зоҳид» аст. Аммо равшан аст, ки вай мардум мефиребад, риёкор аст, дурўягӣ мекунад ва ғайраҳо. Яъне, зоҳиде, ки аслан бояд порсою парҳезгор бошад, бо кирдору гуфтораш бадном шудааст, аз асолату расолати худ дур афтодааст.

Чаро чунин андешаҳо ба сарам омаданд?
Дар сўҳбате шоири мардумӣ Ашўр Сафар бо тааҷҷуб гуфт:

Чанд рўз пеш мурдаеро ба хок супурдем. Муллотароше кўрпаву болин ва ҷомаи болои тобутро гирифту эълон дошт, ки «инҳо ҳама моли масҷиданд». Аҷабо, масҷиди ҷомапўшро ба нав мебинам.

Воқиан, ба масҷид кўрпаву болину ҷома чӣ зарурат дорад? Ва агар чунин талабот ҳаст, пас, набояд аз паси мурдадор биситонанд.

Ҳамсўҳбати дигари мо гуфт, ки барои ҷанозае пул ҷамъ овардем. Намояндаи масҷид нисфи зиёди маблағро гирифту гуфт: «Ба масҷид лозим аст!».

Хайр агар лозим аст, пас чаро ҳатман аз маблағе гирем, ки барои харҷи мурдадор ғун кардаем? Ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад. Ба сарамон мусибат омад. Мурдаро ба масҷиди Сариосиё, ки дар қисмати шарқии Душанбе ҷойгир аст, бурдем. Он ҷо се тобути дигар ҳам буд. Воизе ҷанозаро як сў монда, бо овози баланд (бо баландгўяк) мегуфт:

– Баъди ду рўз интихоботи Раиси ҷумҳур аст. То имрўз роҳбарон ба ном мусулмон буданд. Намоз намехонданд, рўза намегирифтанд, шариатро риоя намекарданд. Ба тарафдории Давлат Худоназар овоз диҳед.

Мантиқро бубинед! Ман аз Давлат ва ҷонибдоронаш узр мехоҳам, ин ҷо гап аз амали корманди масҷид меравад.

Соли гузашта духтаре аз водии Вахш ба унвони ман номае фиристод. Вай менависад, ки бо умеду орзу тўи арўсӣ оростаанд, аммо муллоҳо гуфтанд, ки рақсу бозӣ накунед, суруд нахонед, куфр аст! «Пуле, ки ба нияти шодӣ ҷамъ оварда будем, муллоҳо тақсим карданд». Чунин аст хулосаи пурдарди нависандаи мактуб.

Шумо оё байни рафтору кирдори муллоҳои имрўз ва зоҳидони дирўз умумияте мебинед? Маро айбдор накунед, ки миёни зоҳиду мулло тафовуте намебинам. Агар фарқи классикӣ хоҳед, ҳаст. Агар аз мавқеи халаловарӣ ба зиндагӣ бошад, фарқе нест. Ва шояд боиста он аст, ки онҳоро мўҳтасиб номем?…

Дар даврони Ҳукумати Шўро, ки муллоҳо ба Сибир рафтанду масҷидҳо ба анбори колхозҳо табдил ёфтанд, мо бисёр чизҳоро фаромўш кардем. Фаромўш кардем, ки хонаи Худо масҷид мактаби бузурги тарбият аст. Касе ба остонаи он бетаҳорат по мегузорад, касе бо нияту мақсади бад рў ба масҷид намеорад. Дузду қалобу фиребгар  барои тавба ба масҷид мераванд, на барои садақа додану боз фардо шуғли худро идома бахшидан! Масҷид маснади волои рўҳ аст, рўҳ он ҷо осуда мешавад, пок мешавад, сабук мешавад, мусулмон дар ин ҷо танҳо бо Худои худ гуфтугў мекунад. Қонуншиканӣ ҳам пеши Худованд гуноҳ аст.

Рўдакии бузург фармуда:

Чун теғ ба каф орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромўшт.

Чун дар масчидҳо теғбадастоне аз сухан ҳастанд, эҳтиёт кунанд, ки рўҳи покеро накушанд, Худо намебахшад.

Таи чанд соли охир, баъди воқиаҳои маълум ва баъди ҷумҳурии мустақил эълон гардидани Тоҷикистон қариб дар ҳар деҳаву шаҳрак масҷидҳо қомат афрохтаанд. Онҳоро худи мардум, барои ниёзи худ сохтаанд. Масҷид хонаи Худост ва хурду калон ба ниёзе он ҷо мераванд, роҳ меҷўянд, таскин меёбанд, неру пайдо мекунанд, худоро мешиносанд.

Ва дар масҷидҳову атрофи онҳо муллоҳои зиёд пайдо шудаанд. Оё ҳамаи онҳо ҳақи дар хонаи Худо будан ва расолати бо мардум сўҳбату тиловат кардан доранд? Оё идорае ҳаст, ки рафтору кирдор, ниҳоят донишу мартабаи онҳоро зери назар дошта бошад?

Бори дигар зикр мекунам, ки баъди даҳсолаҳои ташнагӣ мардум худро ба ин сарчашмаи пок задаанд. Оё кафолате ҳаст, ки талабгорон аз оби мусаффо баҳра мебардоранд?

Дар замони Рўдакӣ шояд зоҳидони хушк ва риёкор набуданд. Аз ин рў, дар шеъри қофиласолори назм мазаммати зоҳид вонамехўрад.

Дар шеъри шўроии тоҷик низ танзи зоҳид ба назар намерасад. Мо ин вожаро дар шеъри худ фаромўш кардаем. Мабод, ки ин вожа дар қаламрави Тоҷикистон зинда гардад ва шоирон қалам ба даст бигиранд. Оё таърихи тўлонии назми порсӣ басанда нест?

Ва ин байти Ҳофизи лисонулғайб ҳусни мақта хоҳад буд:

Чун ҳусни оқибат на ба риндиву зоҳидист,
Он беҳ ки кори худ ба иноят раҳо кунанд!

Аз ҳафтаномаи  «Адабиёт ва санъат»,
20 феврали соли 1992, таҳияи

Фирӯза РАҲИМОВА,
муовини сардори
шуъбаи матбуоти даврӣ.