34 сол пеш. Шералӣ Абдулқайсов: “Барои ҳунарпеша унвон зарур нест”.  

Шералӣ АбдулқайсовУнвонҳо   моҳияти   аслиашонро   гум   кардаанд. Аслан инсон   худаш офаридаи бузург аст ва ҳеҷ зарурате надоранд, ки аз дигарон худашро  бузургтар  пиндорад. Тақдиро бинед, ки  имрӯз  инсонҳоро  барои унвонгирӣ ҷанг меандозанд, мӯҳтоҷ мекунонанд, паст  мезананд, ба  навбат  мемононанд,  таҳқир   мекунанд.   Магар ин зеби   инсон  аст?

Қимати ҳунармандро худи халқ эътироф мекунад. Вақте  ки  эҷодкор  ба  дили  халқ  роҳ  ёфт, ӯро УСТОД  мегӯянд  ва   ин  унвони  олии   ҳунарманди  асил  аст.

Пеш   аз  унвонгирӣ ин  гапҳоро  чаро  нагуфтед?

Беунвон ин тур гуфта наметавонад.  Боз мардум андеша   мекунанд, ки  фаъолонӣ   ин  гапҳоро  аз  бахилӣ гуфта…

****    ***    *****

«Барои  ҳунарпеша  унвон   зарур  нест»

Чанд  рӯз  пеш  дар хонаи  кинои  пойтахт  нахустнамоиши  филми нави студияи  синамои   тоҷик  бо  номи  «Туҳмат»,   режисёр  устод  Анвар Тӯраев баргузор  гардид, ки  яке  аз  ролҳои марказиро  актёри маъруфи  театри  академӣ-драмавии  ба  номи Лоҳутии  пойтахт, ҳунарпешаи  шоистаи  ҷумҳурӣ  Шералӣ Абдулқайсов  бозидааст. Бидуни  муболиға метавон  гуфт, ки  ин  беҳтарин  нақши ҳунарпеша дар  синамост. Шералӣ қариб  бист сол  боз дар  саҳнаи  театри дӯстдоштааш  ҳунарнамоӣ карда  ролҳои гуногуне бозидааст, агарчи аксар ӯро чун ҳунарпешаи мазҳакавӣ шиносанд   ҳам,  Шералӣ дар офаридани образҳои фоҷеавӣ  низ   бесобиқа  аст.

Имрӯзҳо  дар  шароити  бӯҳронӣ  санъати  театрии мо  рӯ  ба  инқироз овардааст , ки  онро  ҳар  касе ба  таври  худ  шарҳ  медиҳад.

Мухбири мо бо ҳунарпеша  Шералӣ  Абдулқайсов  мусоҳиб  шуда, оиди баъзе масъалаҳои марбут ба  театр ва   мақоми санъаткор  дар   ҷомеа сӯҳбат намуд.

Акаи   Шералӣ  чун   ҳунарпешаи   собиқадор  назари  Шумо  оид ба  вазъи  театри  имрӯзаи  тоҷик  чӣ гуна  аст?

– Имрӯз  тамоми Тоҷикистон  ба  театр табдил  ёфтааст. Ҳар   рӯз  спетакли нав оғоз меёбад. Саҳаргоҳон якеро таъриф карда ба осмонҳо мебардоранду  ҳанӯз соати  сеи  рӯз  нашуда, ба  хок  яксонаш мекунанд. Бегоҳ ҳайкалтарошӣ мекунанду фардо гӯркоби ҳайкал мешаванд, гурӯҳе дам ба як воиз эътиқод доранду дам ба дигаре. Якеҳо барои мансаб талош доранду дигарон барои шӯҳрату зару мол. Ва ҳамин тавр то ҳазор шумурдан мумкин агар беш  набошад.

Нахустнамоиши спетакли охирон аз хусуси руйдодҳои охири  ҷумҳурӣ, ки дар  жанри   фоҷиавӣ таҳия шуда  буд, ҳамаро  дар  ҳайрат гузоштааст. Хомушӣ! Хамӯшии   пурмаъно!  Дар ягон  театри   пуриқтидори  дунё бори  ин  хомӯширо  на  туғёни  Шекспиру   на   салобати  Чехов  ва  на  балоғати  Улуғзода  набардоштааст.  Аз ночорӣ имрӯз ба ду гандум  фурӯхтани  театр ҳам  аз  ҳақиқат дур  нест.

Ба фикри  Шумо дар  шароити бисёр  ҳам ҳузновари  имрӯз тамошобини тоҷик ба  чӣ  гуна  намоишҳо ниёз  дорад?

– Иддае  аз   ходимони  театр ва  зумраи беши  тамошобини  имрӯз бар  онанд, ки  барои халқи хаставу  кӯфташуда намоишҳои мазҳакавӣ  пешкаш намоем, банда ба  ин  фикр шарик шуда   наметавонам.

– Шумо  магар  зидди   ШОДМОНИИ  халқед?

– Баръакс. Дуруст аст, ки ШОДӢ тавонотарин  такягоҳи зиндагист  ва  хушбахттарин  инсон   онест, ки  кулли  мушкилоти  зиндагиро  бо   ШОДИЮ  ШОДМОНӢ  бартараф намояд:

Ҳангоми тангдастӣ дар айш  кӯшу   мастӣ,

К-ин кимиёи  ҳастӣ Қорун  кунад  гадоро.

Вале  як  фурсате дарду ғамро фаромӯш карда,  тавассути   хандаҳои лаҳзавӣ  худро   ШОДМОН  пиндоштан  худфиребист.  ШОДМОНИИ ҳақиқӣ ва  афзоянда  аз  аниқ   дарк   кардани   гиреҳи  муаммо ва  умед  бастан  ба  ҳалли  дурусти он  сар  мезанад.

Халқи  мо  имрӯз ягона  ваҷҳи  хотирҷамӣ, фикри  бикр  ва  ҷиддияти   масъулиятнокро фароҳам овардааст.  Бигузор дарди замонро дарди  худашон пиндоранд, ба  чуқуртарин  мавзеи  проблемаи замон  ворид  шуданро бо  нерӯи тозаи  худашон  ҳал  намоянд. Ва агар касе бо  хандаи  саҳлу   ноҷои  қитиқдор риштаи хаёлоти  онҳоро ба  дигар тараф  бурданӣ шавад, он  ҳунарманд имрӯз  хизмати хирсона  карданӣ мешавад. Баъдан тамошобини имрӯзаи мо аз намоишномаҳое, ки матлабашон фақат «аз хоби  гарон  хез!»  иборатанд, як  андоза  қимоб  ҳам  шудаанд.

Акнун  вақте  расидааст, ки  «аз  хоби  гарон» хестагонро  ба  коре андармон кардан  лозим. Вагарна имрӯз ҳама аз хурд  то  бузург, аз  хоби гарон  хез  мегуянду  касе ёфт  намешавад, ки таъбири баъди  хобро ҳам  дида  тавонад.

_ Дар  бораи  тамошобини   тоҷик  чӣ мегӯед?     

Дар   ҷумҳурии мо  тамошобини  доимии   театр  нест  (бошад  ҳам 10-15 нафар). Ҷумҳурии  мо   ҷумҳурии  театрӣ  ҳам  нест.  Чи  хеле   ки  дар   баъзе  шаҳрҳои урупоӣ  бе   театр зиндагӣ кардан  хандаовар  метобад, дар  мо  баръакс  ба  театрравӣ  хандаовар шудааст.  Ман тамошобинро ба ҳеҷ ваҷҳе таънаю  маломат намекунам. Нону  намакам  аз   меҳнати  ҳалоли  онҳост.  Онҳо  набошанд, мо  худ  кием. Ҳоло  гап  дар  сари  тарбия  меравад. Агар инсон тарбияи фардӣ- шахсиашро аз  оила  гирад тарбияти  ахлоқу маданияти  ҷамъиятиашро  аз  давлат  мегирад.  Аммо давлат аз ӯҳдаи ин кор набаромадааст.

Вале ҳамеша   пур   будани толор ҳам  асли  мақсад нест. Намоишномаҳое низ ҳастанд, ки ба ҳама якбора   маъқул шуда наметавонанд. Ва  ё  на  ҳама  онҳоро  якбора  мефаҳманд.  Агар  ҳамон  якчанд   нафаре, ки  пешбурди  ҷомиа  аз  онҳо  вобастагӣ  дорад, матлаби  намоишномаро  бидонанд   ва  қабул  фармоянд, ин  ҳам   яке  аз  ғалабаҳои  арзандаи  театр ҳисоб  меёбад.

_ Шуморо тамошобини   ҷумҳурӣ  чун  ҳунарпешаи  боистеъдод  эътироф менамояд. Сабаб чист, ки  ба вазифаи гарону   масъулиятноки  режиссёрӣ даст задед?

_ Аз сарфи  беҳудаи  вақт.  Дар  зиндагии   актёр  ҳам  корҳои  миёншикан   бешуморанду   ҳам   бекориҳои  тоқатфарсо.  Ана, ҳамон   вақт актёр  худаш менависаду  худаш   иҷро  мекунад. Оҳангу   шеъри  худам, худам   месароям  гуфта  ба  олами ҷустуҷӯҳо  вороид  мешавад.

Дар   намоишҳои  «Шер,  рӯбоҳ ва  ангур»- (моноспектакл аз  рӯйи  масалҳои  Эзоп), «Табаралӣ  Япония  меравад» оҳангҳои   сиёсӣ  садо   медиҳанд. Ба Фикри  шумо   оё  санъат  метавонад  дар  пешбурди  сиёсат  саҳм  гирад?

– Дар дунё,  ба  назарам, аз  забони  театр  дида  бойтарину   шевотарину гуворотарин забоне   нест. Театр   суханеро дар як мижжа задан бо 366 паҳлу ба  ҷилва меоварад.  Дар ҳавзаи фарҳангии  мамлакати шуроҳо  қуввае набуд, ки  мисли  театр  ба  сиёсат  равшанӣ  андохта  бошад. Оре, метавон маҳз театри  сиёсӣ  кушода, ба  равишу  кушоиши  сиёсат  таъсир  расонд. Театрҳо ҳар  хел мешаванд: театри  сиёсӣ, инқилобӣ, дарборӣ,  президентӣ  ва  ғайраҳо. Ин  сӯҳбати   хеле   ҷолиби   диққат  аст   ва  онро  вақти  алоҳида  идома  бояд  дод.

_ Алҳол, чӣ гуфтаниед?

_ Алҳол, театри тоҷик дар  ин  маврид  хеле  ақибмонда аст. Таърих  сарбозони театрро  машъалбадастони  давр  номидааст. Вале машъали  ягон  театр  ҳодисаи  ду-се соли  охири  халқи  тоҷикро  мунаввар нагардонидааст.  Дар мавзӯҳои «Инқилоб чист?», «Инқилоб ва  омма», «Шоир ва  инқилоб», « Фалсафаи демократия», «Ролу мақеи фраксияҳои сиёсӣ» ва ғайраҳо  мебоист асарҳо таълиф ёфта, рӯйи  саҳна  меомаданд. Охир сиёсат ҳам  илм  аст  ва  аз рӯйи  қонуниятҳои назариявӣ амалу  вусъат  дорад. Онро дар  баробари  шеърнависӣ,  нақшофарӣ, рисоланависӣ  ва  дигар  тадқиқотҳои  илмӣ ОМӮХТАН (!!) даркор, то ки  дар  маҷрои  мадду  ҷазри  он  ғофил  намонем. Халқро ба майдон ҷамъ  овардан ҳунар  нест.  Ба халқ  чизи  кироӣ  гуфтан  ҳунар  аст. Озодии   инсонро, хусусан  имрӯз дар  зинаи  камолоти  маърифати  башарӣ, сиёсат ба  уҳда гирифта. Вагарна  дар  вуҷуди  санг  ҳам  инқилоб ҷо  гирифтаву дар  ҷилои  офтоби  қатраи рӯйи барги  зуф  ва  дар  рагу  пайванди  худи барги зуф  ҳам! (Хосатан дар шифобахшиҳояш). Аз  рӯзи  пайдошавии  инсон  ҳам  майдони  муборизаву  талош  барои  озодӣ як  нафасе   сукут  наварзидааст. Ва  агар  нафаре  гӯяд, ки  Имрӯз  аввалин  шуда  ӯ  инқилоб бардоштааст, «рост гӯям,  дурӯғ  мегӯяд».

_ Чун  хатмкардаи  факултаи  театри  драма  ва  кинои  донишкадаи  ҳунарӣ назари  Шумо оиди  системаи таълим  дар  донишкадаи  санъати  пойтахт   чӣ  гуна  аст?

_  Мактаби   Станиславский   ва  аврупоиро  оид ба  таълим  ва  тарбияи  ҳунари  актёри   ва  режиссёрӣ  инкор   карданӣ   нестам, вале мактаби  Ҳофизу  саъдиро низ гаштаву баргашта бояд оӯхт. Бештарини  ҳунармандони  театрҳои  мо  аксаран  ба  таври  аврупоӣ андеша  меронанд.  Актёрҳои ба тарзи  тоҷикӣ – миллӣ   андеша мерондагӣ  сахт  ангуштшуморанд.  Агар устодони  мо  ба  ин  масъала   ҳамфикр   бошанд,  пас  масъаларо  ҳалшуда   меҳисобам.

_Назари  Шумо  оиди  ақидаи  « Санъат  аз  они  халқ  аст» чӣ  гуна  аст?

_ Ноӯҳдабарое сари  курсии   мансаб  омада, мавқеи  солимфикронаю фаввораи  эҷодкоронаи  назарияеро   қатъ  карда, дар  зери  шиори  «Санъат аз  они  халқ аст» ноаён  ё  баъзан  ошкоро  ба  тариқи догма  ин  ё маънои назарфиребиро ба  халқ бор  мекард, ки  ин на  ба  Худо  маъқул буду на  ба  Расул. Дар  асл  ин  шиори  ҳақиқист, вале  ҳақиқат ҳама  вақт худашро  муҳофизат  карда   наметавонад…

_  Кадом  ролҳоро  мехоҳед  бештар  бозӣ кунед?

_  Ролҳои  кару  гунгро.

_ Чаро?

_ Забон  бурида  нишаста  ба  кунҷе  суммун  букм,

            Беҳ  зон, ки  набошад   забонат  андар  ҳукм.

Вале  шайх  Саъдӣ  боз  фармуда:

            Кунунат, ки  имкони  гуфтор  аст,

            Бигӯ,эй  бародар  ба  лутфу  хушӣ.

            Ки  фардо  чу  пайки  аҷал  даррасад,

            Ба  ҳукми  зарурат  забон  дар  кашӣ.

– Хеле олӣ.   Ин тур бошад, пас «Ҳамдиёрони  азиз,  биёед,  Худоро  дар  саҳро, дар   сари  кор  ҷӯё  шавем. Зеро  баракати ӯ  ҷост.  Ӯ моро  дар  он  ҷо  мунтазир  аст»…  Ана,ҳамин  хелӣ  ролҳоро  мехоҳам  бешатар  бозӣ  кунам.

_ Шумо  меҳнатро  дар  назар  доред?

_  Набошад  чӣ?  Бобои  барнодилам, Басидӣ, барои  меҳнатхояшон   аз  100  сол  беш   умр   дидаанд.

_ Шарикам  ба  ин  фикр. Театрро   авло  медонед ё  киноро?

_ Саввумашро  намегӯед?

Чиро?

Телевизионро. Ҳар  сеяшро, вале  сарчашмаи  ҳама  театр аст- ку?

Радио  чӣ?

_ Камтар  ҷеғ  мезананд. Аз микрафон метарсам. Онро ҳанӯз ҳам  кашф  карда  наметавонам.

_ Рафиқонатон  кашф  карданд- ку?

_ На ҳама, магар, ки  Маҳкамака  Хоҷиқулов.

_ Акаи Шералӣ дар ҳақиқат ҳам  агарчӣ  Нуралии Шумо аз  филми  «Марди  роҳ»  гунг  аст, вале  рафтораш  барои  одамони  забондон  намуна  аст.

Посухи ин ва чанд суоли ҷолиби дигарро хонандагон метавонанд аз мусоҳибаи Таҷаммулшои Акобиршо дар китоби “Ститеғи ҳунар”-и шодравон Шералӣ Абдулқайсов бихонанд. Мусоҳиба 34 сол пеш, моҳи июни соли 1992 чоп шудааст.

Ин китоб соли 2014 дар нашриёти “Ирфон” чоп шуда ва нусхае аз онро метавон дар толори хониши адабиёт доир ба  фарҳанг ва ҳунар пайдо ва мутолаа кард.

Таҳияи Шоҳзода Сайдуллоева,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.