Китоби нав. “Дувоздаҳ ҳикоя”

Китоби “Дувоздаҳ ҳикоя” аз силсилаи “Беҳтарин ҳикояҳои хурди амрикоӣ” ба Китобхонаи миллӣ ворид шуд. Тавре аз номаш пайдост, китоб дарбаргирандаи 12 ҳикоя аз осори гаронмояи адибони маъруфи амрикоӣ О.Ҳенри, Кейт Шопен, Флора Энни Стил, О. Уайлд, Эдгард Аллан По, Амброз Бирс, Ҷек Лондон,  Даниэл Орозко, Рэй Бредбэри мураттаб шуда, беҳтарин туҳфа дар остонаи 30-солагии барқарор шудани робитаҳои дипломатӣ миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

  Тарҷумаи ҳикояҳои адибони маъруфи амрикоӣ мустақим аз забони англисӣ сурат гирифтааст ва онҳоро И.Исматуллоев, М.Қурбон, Н.Туйғунов, С.Қаландарова, Ф.Исматов баргардон кардаанд.

Дар китоб хонанда ҳамзамон бо тарҷума бо матни асливу англисии ҳикоя ошно мешавад. Саҳифаи аввал англисӣ ва саҳифаи дуюм матни тоҷикии ҳикоя омадааст, ки ҳар касе агар забономӯз аст, метавонад дар қиёси ду матн забони худро такмил диҳад. Ин шеваи чопи осори адибони хориҷӣ дар Тоҷикистон камтар вомехурад ва бори аввал повести машҳури адиби амрикоӣ Эрнест Хемингуэй “Пирамард ва баҳр” ҳамин гуна чоп шуда буд.

Мураттибони китоб кӯшидаанд дар оғози ҳар ҳикоя дар як ҷумла мухтасар санаи таълиф ва чопи онро низ оварданд, ки хонанда ҳамзамон бо мутолиаи китоб бо таърихи иншои асар низ ошно шавад.

Ҳоло теъдоде аз китоби “Дувоздаҳ ҳикоя” ба Китобхонаи миллӣ ворид шудааст ва баъди рақамгузорӣ ба кулли шуъбаву толорҳои хониш ирсол мешавад ва хонандагон имкони озодона мутолиа кардани онро пайдо хоҳанд кард.