«Се суоли Нозанин» — майдони андеша, дониш ва ҳозирҷавобӣ

Дар толори хониши «Фурӯғи субҳи доноӣ…»-и Китобхонаи миллӣ навбати тозаи барномаи маърифатии «Се суоли Нозанин», ки аз ҷониби шуъбаи хидматрасонӣ ба истифодабарандагон дар ҳамкорӣ бо Телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» таҳия ва пахш мегардад, баргузор шуд.

Барнома бо иштироки хонандагони фаъоли Китобхонаи миллӣ ва довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сурат гирифта, ҳадафи он таҳкими фарҳанги мутолиа, рушди ҷаҳонбинии адабӣ ва санҷиши донишу ҳозирҷавобии иштирокчиён мебошад.

Дар ҷараёни барнома аз рӯи номинатсияҳои Озмун ба хонандагон саволҳои гуногун пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, қаҳрамонҳои асари «Марги судхӯр»-и Садриддин Айнӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, инчунин аз рӯи чистонҳо, зарбулмасалҳо ва тезгӯякҳо суолу ҷавоб доир шуд.

Иштирокчиён ҳамчунин дониши худро аз адабиёти классикӣ, осори адибони тоҷик ва ҷаҳон, муаллифони асарҳои машҳур ва порчаҳои шеърӣ нишон доданд. Аз ҷумла, хонандагон ба саволҳо вобаста ба асари «Духтари капитан»-и А.С. Пушкин посухҳои муфассал пешниҳод намуда, порчаҳоеро аз ин асар нақл карданд.

Қобили зикр аст, ки дар барномаи навбатӣ хонандагон аз ноҳияҳои Фархор, Темурмалик, Варзоб ва шаҳрҳои Панҷакент, Бохтар ва Роғун фаъолона иштирок намуда, сатҳи баланди омодагӣ ва шавқи худро ба китобхонӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузоштанд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки барномаи «Се суоли Нозанин» ҳамчун як майдони муҳими суолу андешаҳо барои ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китоб, рушди тафаккури онҳо ва омодагии ҳамаҷониба ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» саҳми арзанда мегузорад.

Наргис НАЗАРЗОДА