Афсонае аз «Афсонаҳои Шераки Ориён”
Дар ин китоб нависандаи маъруфи кишвар Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) як силсила афсонаҳои рангину дилнишини ахиран иншокардаи худро гирд овардаву ба хонандагон пешкаш кардааст. Таъкид бояд кард, ки муаллиф дорандаи ҳашт ҷоизаи байналхалқӣ буда, навиштаҳояш ба 43 забони олам тарҷумаю нашр гардидаанд.
Инак, яке аз ин афсонаҳо:
ДОСТОНИ ДИЛ
Замоне буд, ки Инсон набуд. Вале Дил арзи ҳастӣ дошт.
Ва он замон Дил ба сурати марде буд балвогару шўришгар. Алайҳи Бевиҷдонӣ Виҷдон, зидди Беадолатӣ мудом Адолат меофарид. Адоватро мекушт, то Муҳаббат ба дунё биёяд ва зиндагӣ карда битвонад. Торикиро бо оташи чашмонаш рахна мезад, сардиҳоро бо гармии ҷисмаш барҳам медод. Ҷониби Макру Пастӣ аз камони Ҳақиқату Ростӣ тирҳо меандохт. Ва дўстдори зиндагӣ буд. Аммо ба ҳар чизи буда қаноат карда наметавонист. «Қонеъ шудан-марг, зиндагӣ-талош» – чунин буд шиори ҳамешагии вай.
Рўди шўридаи кўҳистон барин ба харсангҳои сари роҳаш бархўрда – бархўрда мерафт. Роҳро ҳамвору зиндагиро пурсафо кардан ният дошт.
Ҷумла неруҳои бад аз вай тарсу ҳарос мекашиданд.
Вале ҳар чизи тарсанда дар ниҳоди худ кину адоват, интиқому нафрат низ дорад. Неруҳои бади шайтанатӣ, аз ин боис ба якдигар иттиҳод баста, бархоста буданд алайҳи Дил.
Торикӣ Дилро бо пардаҳои сиёҳи худаш печонида, несту нобуд карданӣ мешуд.
Дил чашмонашро оташ карда, синаи торикиро дарронда, роҳашро мунаввар намуда, ҳамоно қадам бармениҳод ҷониби қуллаҳои муроду мақсуд.
Лек бевиҷдонӣ фурсат ёфта, ба чашмони ҳамабини Дил нил кашида буд.
Дил акнун дида наметавонист ва палмосида – палмосида пеш мерафт. Мерафт бо роҳи ҳаққу ростӣ. Мехост талаф шудан, гар қисматаш бошад, бимирад дар кўйи ростӣ.
Пеши роҳи Дил, баъди муддати тулонӣ, ду нафар баромаданд ва онҳо худро муаррифӣ карданд ҳамчу мардони Хайрандеш ва Меҳрубон. Таъкид намуданд, чашми бино ва роҳнамо шудан мехоҳанд Дилро.
Аммо дар охири охир андохта буданд вайро ба роҳи каҷу килеб.
Дил роҳгум зада, баъди ин дарёфта, ки он ду мард на Хайрандеш будаву на Меҳрубон, балки буда Макру Фиреб.
Дили захмӣ дар гузаргоҳи пурпечи фалокатбор аз қувват ҳамерафт.
Аз ин ҳолати вай истифода бурда, Сардӣ ва Адоват ҳуҷум оварданд сўяш. Неруҳои дигари шайтанатиро ҳам шўронида буданд алайҳаш.
Неруҳои бад, дар якҷоягӣ ва билохир Дилро иҳота карда гирифтанд.
Мехостанд бо шамшери кину ғазаби худ бо азоби гўшношунид маҳв бисозанд вуҷуди Дилро.
Нахуст бурида тавониста буданд дасту бозувони Дилро. Пойҳои варо низ аз танаш ҷудо карданд.
Вале ба ин қонеъ нашуда, аз ҳар тараф, шамшер мезаданд ба гардану шонаи Дил.
Сари Дилро ҳам ҷудо карда тавонистанд аз болои шонаҳои вай.
Дил печутоб мезаду хунаш мепарид ҳар ҷониб.
Мепарид сони вулқони ҷўшон.
Хуни оташбори Дил неруҳои бадро месўзонда, метарсонида, дур фикандан мехоста.
Неруҳои шайтанатӣ чунин тўфони оташу обиро боре надида буданд ва маротибе ба мушоҳида нагрифта.
Дил ҳамоно бо хуну оташ ҷўлон буд. Вале ҳанўз намурда, неруҳои шайтанатиро ба хавотириву ҳаросу ваҳм меандохт. Бе сару гардан, бе дасту по буда Дил, вале аҷиб, ки зиндагиро идома ҳамедод.
Чашм надошт Дил, ки бубинад, дасту по надошт, ки бо мадади онҳо пайкарашро кашида, пеш бубарад, сар надошт, лек печида-печида ҳаракат мекард. Ҳаракат мекард аз миёни торикиву зулмот ҳамчу оташи печон.
Неруҳои бад ба Дил наздик шуда наметавонистанд, аз оташу хуни ҷўшони вай ҳарос мекашиданд, вале бо мадади Макру Фиреб дар бари кўҳе, ки Дил ба он самт ҳаракат мекард, чоҳ меканданд. Ва инро басо осемасар анҷом медоданд. Азбаски чоҳи амиқ дар кўҳпорае буд бо номи Сина ба он ном гузоштанд Чоҳи Сина.
Дил, ки чашм надошт бубинад, дасту по надошт, то палмосида эҳсос бикунад, ба Чоҳи Сина фурў биғалтид. Фурў афтода буд баногаҳ ба қаъри он ва баъди ба худ омаданаш майл кард барои баромадан.
Вале неруҳои бад имкон намедоданд ба ин ва ўро бозпас меғалтониданд. Меғалтониданд бо зарбу таконҳои шадид ва баъдан якҷоя шуда, санги азиму гаронтарини дунёро ғелонида оварда, ба даҳони чоҳ гузошта буданд, яъне маҳкамаш карданд. Маҳкамаш карданд, то Дил аз он раҳоӣ ёфта натавонад.
Дили бе сар, бе дасту пой наметавонист бардорад ва дур барафканад аз болои Чоҳи Сина харсанги азиму гаронтарини дунёро ва худро наҷот бубахшад аз чоҳи зиндони гирифторшудааш. Барои ҳамин таппишу ҷунбиши Дил паст рафта, торафт ноаён мегардид…
Неруҳои шайтанатӣ аз ин гумони яқин мебардошта, ки Дил мемирад, балки аллакай ба мурдан ва нестӣ расида, аз ин боис тантана ва гурум мекарда, гимни пирўзии худро тараннум месохта, сармаст мешуда ва дар ниҳоят бо ғурури хоса парешон мегашта ҳар ҷониб, то ризолату бадкории ҳамешагии худро идома дода тавонанд ва домани онро дар рўйи олам густурда бикунанд. Балки бо неруи бештару пурпеч инро идома дода тавонанд, ки Дил нест, то халал ворид бикунад ба валвалаву ғалғалаи онҳо, ба амалиёти пурмакри дигари онҳо. Бале неруҳои бад худашонро, ин ҳангом, ҳокими ягонаву мутлақи замин ангошта ва тантанаи ғолибияти худро беохир медониста. Чунин меангоштанд ҳамаи онҳо…
Вале ба осонӣ мурдан хислати Дил набуд, мароми вай набуд. Ва намурда буд дар асл, ҳарчанд захмиву зиндонӣ буд дар Чоҳи Сина. Чоҳе, ки даҳани онро барбаста буданд бо гаронтарин санги дунё…
Андаруни чоҳи сарбаста Дили муддатҳо аз таппишу ҳаракат сустгашта, ба фаҳми он расида, ки аз Чоҳи Сина баромаданаш дигар илоҷ надорад, зеро харсанги гаронтарини дунёро аз болояш дур афканда натвонад, барои ин даст дораду на пойи дар ҳаракат.
Бо вуҷуди ин хомўш истодан хислати Дил набуд. Аз талошу ҷунбишу таппиш иборат шуда бунёди вай. Яъне таппиши вай, ҷунбиши вай аён мегардид аз нав. Балки аёнтар мегардид.
Дил, ҳарчанд, санги азими даҳони Чоҳро бардошта наметавонист, лек тавониста буд бо талоши беист ба вуҷуд биоварад рўйи он рахна. Балки ду рахна.
Аз ҳамин рахнаҳо нигоҳи хешро равона карда буд ба самти берун, синаи торикиро дарронда бо нури назараш. Ва дида тавониста буд Макру Фиребро, Адовату Кинро.
Ва андеша карда: «вақте онҳо зиндаанд, пас набояд бимирам ва барои Мурдан ҳуқуқ ҳам надорам!»
Дил хуни гарму ҷўшони худро фиристода буд ба бадани сард ва беҳисси Чоҳи Сина, ки перомунашро печонида. Ба чор самти атроф мефиристод хуни гарму талошгари худашро Дил.
Ниҳоят, баъди муддати мадиди мадид тани чоҳи атрофи вай муттасил ҳарорат меёфт; ҳарорат меёфт амсоли хуни ҷўшони Дил, ба таппиш ҳам меомад, ба таппише ба мисли Дил.
Хуллас Дил тавониста буд кўҳаки сангини Чоҳи Синаро бо зўрии хуни оташини худаш гармаку нармак сохта, ба ҷунбиш биоварад. Ба ҷунбиш оварда тавонад алайҳи неруҳои бад ва шўронда тавонад зидди онҳо. Хуллас кўҳтеппаи нарму гармшудаи гирди Чоҳи Сина ба ҷисми Муборизу Зинда бадал меёфт.
Дил ба харсанги вазнину камҳисси сари Чоҳи Сина ҳамчунин Ақлу Фитрат мефиристод. Фитрату Ақлро шамшер сохтанӣ мешуд алайҳи Беадолатӣ, Нопокӣ, Нодонӣ ва монанди ин, ки атрофро печонида гирифта буданд. Бо шамшери ҳамабури Ақлу Фитрат ба онҳо зарба заданӣ мешуд ва зарба заданӣ мешуд.
Ҷисми Мубориз, яъне Дил, дар Чоҳи Сина, ҳанўз бе дасту пой, бесару гардан ба хуни худаш ғалтону печон метапад. Ҳанўз ором намегирад, тўфону исён дорад, ҷисму сарро бедору ҳушёр медорад. Зеро рўйи олам мебинад ҳанўз дар ҳаракатанд Нопокӣ, Бераҳмӣ, Нодонӣ, Беадолатӣ, Рашку Ҳасуд. Аз ин муҷиб исёну тўфони Дили дома дорад, балки ҳанўз идома дорад бо шиддати зиёдтаре.
Ҳарчанд Дил ғарқаи хун бошад ва захмӣ, вале офтоб барин гарму ҷўшон монда, офтобе, ки ба қаъри коиноти тира партофта шуда, вале бо печишу сўзишу ҷўшиши хештан тирагиҳоро дур фиканда тавониста, дунёро нурпош дошта тавониста…
Дил метапад, анвори нарму гармашро равона месозад ҳар ҷониб ва ҳар ҷониб.
Ҷузъе, ки андаруни Ҷисми Инсон ва андаруни Чоҳи Сина метапад, оромишу осоиш надорад, бо хун ҷўшону сўзонаш ба пайкари коҳили одамӣ гармӣ , зиндагӣ, исёну тўфон, ҷадалу тало шва монанди инро мефиристад Дил бошад, яъне Дили ноором, Дили зиндагибахшо.
Тўфону муборизаро идома ҳамедиҳад Дил. Ва метапад беисту пуртўфон…
Офтоби вуҷуди зиндагон бошад Дил, балки зиндагии ҳамагон ба он вобаста гардида – ба Диле, ки метапад, хуни зиндагибахши худро равона месозад ба ҷисму ба атрофу ба акноф…
Китоби «Афсонаҳои Шераки Ориён», ки соли гузашта чоп шудааст, ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолаа мебошад.
Таҳияи Саодат Тӯхтаева,
мутахассиси шуъбаи нигоҳдории китоб.
Теги: нигаҳдории китоб