Дар Китобхонаи миллӣ конфронси байналмилалии «Се даҳсолаи шарикии ИДМ: дурнамо ва стратегияи рушд»  баргузор шуд

Имрӯз дар «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дар доираи эълон гардидани «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» бахшида ба 30-солагии ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил конфронси байналмилалии китобдорон «Се даҳсолаи шарикии ИДМ: дурнамо ва стратегияи рушд» доир шуд.

 

Файзализода Ҷумъахон Хол – Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронсро оғоз намуда, зикр намуд, ки китобхонаҳо ва равобити байни онҳо чун қисмати ҷудонашавандаи фарханг ва ҳамкориҳои инсондӯстона пули мустаҳками дӯстист ва дар баланд бардоштани фарҳангу захираи зеҳнии мардумони кишварҳоямон нақши асосиро мебозад. Дар давоми таърихи рушди кори китобдорӣ дар кишварамон ҳамкориҳои хубу ҳирфаӣ ба миён омад. Китобхонаҳо қисми мероси фарҳангии халқхои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил  мебошад.

Оқилзода Нурулло, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бузургии китоб дар чорабинии зикршуда сухан гуфт. Вай аз ҷумла иброз дошт: “Бегумон китоб муъҷизаи бузург ва ганҷи бебаҳост ва накши кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи фарҳангу китобдорӣ калон аст”.

Инчунин дар нишаст Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе ширкат ва суханронӣ намуд. Вай меҳмононро аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахусус аз номи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ самимона хушомадед гуфт:

-Боиси ифтихор аст, ки баргузории конфронси мазкур маҳз дар соли таърихӣ, соли бузургдошт ва истиқбол аз 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи барномаи байнидавлатии пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Абдулло Раҳнамо – сардори шуъбаи робитаҳои байналмиллалии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз нақши китобу китобдорӣ суҳбат намуд. Вай гуфт: Гузаштагони мо ҳамеша бо китобу фарҳангу илм робитаи қавӣ доштанд ва ҷамъомади имрӯза низ имкон хоҳад дод мо аз робитаҳову эҷоду таъриху пайванд бигӯем. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хоҳони ҳамкориҳо дар самти китобдорӣ, табъу нашр ва ҳамкориҳо байни эҷодкорони кишварҳои Иттиҳод аст. Маҳз ҳамин иртибот имкон медиҳад бештар бо ҳам наздик шавем, аз ҳамдигар бештар бидонем ва осори кишварҳои дигарро бихонем, ки ин миллати моро бо фарҳанг, тамаддун ва адабиёти якдигар аз наздик ошно мегардонад.

 

Дар конфронс аз кишварҳои Тоҷикистон, Белорусия, Озарбойҷон, Русия, Арманистон, Ӯзбекистон, Удмуртияи  Федератсияи Русия меҳмонон иштирок ва суханронӣ намуданд.  

Ёддошти тафоҳум байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи милии Узбекистон ба номи Алишер Навоӣ, Ёддошти созишномаи ҳамкорӣ байни Китобхонаи милии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии умумирусиягии адабиёти хориҷӣ ба номи М. И. Рудомино ба имзо расид.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ва Китобхонаи давлатии умумирусиягии адабиёти хориҷӣ ба номи М. И. Рудомино ба ҳам тӯҳфаҳои хотиравӣ супурданд.

Ҳадафи конфронси байналмилалӣ ҷамъбасти дастовардҳо ва дурнамои рушди китобхонаҳои кишварҳои ИДМ аз нигоҳи шарикии 30-сола ва пешниҳод кардани стратегияҳои дурнамои ҳамкорӣ буд.

Раҳима Аъзам,