Ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ муборак

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 17 июли соли 2026, №481 қарори Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуд.

Дар бахши адабиёт – Саидзода Насруддин СаидМирзонасриддин Саидзода) (барои романи “Нони шарикӣ”), Раҳмонзода Давлаталӣ МусоДавлати Рахмониён) (барои маҷмуаи шеърҳои “Номаи офтоб”);

дар бахши эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон – Раҳмонзода Абдусаттор (барои маҷмуаи шеъру манзума, чистон ва тарҷумаҳои “Хонаи мо – гулхона”);

Дар бахши журналистика – Муртазо Бахтиёр Қосим, Мусозода Шералӣ Сафар (барои маҷмуаи очеркҳо ва қиссаҳои ҳуҷҷатии “Чароғафрӯзон”);

Дар бахши тарҷума, пажӯҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ – Мамадназаров Абдусалом (барои тарҷума ба англисӣ, пажуҳиш, чоп ва рӯнамоии асарҳо Садриддин Айнӣ “Ҷаллодони Бухоро”, “Марги судхӯр”, “Исёни Муқаннаъ” ва “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” дар Англия, ИМА).

МАНБАЪ: “Адабиёт ва санъат”, 22 июли соли 2026