“Зиёда аз сад математики муваффақ”. Михаил Василевич Остроградский (1801-1861)

Михаил Василевич Остроградский дар таърихи илми математика яке аз ҷойҳои ифтихориро ишғол мекунад. Қобилияти зиёд, дониши хуби математикӣ ва табиатшиносӣ ба ў имконият фароҳам оварданд, ки дар математика ва механика ба натиҷаҳои зиёд ва арзанда ноил гардад. Остроградский дар берун аз мамлакати хеш обурўй ва эътибори хосаро сазовор гардида буд. Дар ин бора он чизро таъкид карда метавонем, ки ў узви Академияҳои Турин ва Петербург (с. 1830), Рум, Амрико, Фаронса интихоб гардидааст. Обурўю эътибори ин олим дар ватанаш он қадар баланд буд, ки волидайн, ҳангоми ба фарзандонашон дуо додан мегуфтанд: «Хон ва мисли Остроградский ба воя рас».
Михаил Остроградский соли 1801 дар оилаи помешики сарватманди губернияи Полтава чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Аз сабаби он ки саломати ва тану туши хуб дошт, падараш мехост, ки ў албатта неруяшро ба кори ҳарбӣ равона созад. Дар синни 15 – солагӣ ў бо мақсади дар полки гвардиявӣ номнавис шудан ҳамроҳи падараш ба Петарбург омад. Дар сафар дар зери таъсири хоҳиши оила падар фикрашро дигар кард ва Михаили ҷавон ба Университети Харков дохил шуд. Дар аввал ў бо баҳои қаноатбахш таҳсил кард, чунки орзуи афсар шуданро дар дил мепарварид. Танҳо баъди он ки ў ба квартираи профессори математика Павловский гузашт, зери таъсири ин олим ба омўзиши илм шавқу ҳавас пайдо кард ва дар муддати начандон тўлонӣ яке аз донишҷўёни беҳтарин ва махсусан дар соҳаи математика пазируфта шуд.
Соли 1820, пас аз он ки ў ҳамаи имтиҳонҳоро бо натиҷаҳои баландтарин ҷамъбаст кард, ҳокимони университет ба ў ҳамчун ба донишҷўи бадахлоқ додани дипломро раво надонистанд. Остроградский маҷбур шуду ба Париж сафар кард ва дар он ҷо дар дарсҳои лексионии олимони машҳури замона Ампер, Коши, Лаплас, Пуассон ва дигарон иштирок карда дониш омўхт. Ба зудӣ ба зурии ақлу хиради хеш боварӣ пайдо кард ва барои ҳисоб кардани интегралҳои ниҳоят мураккаб аз ҷониби Коши таърифу таҳнияти хоса гирифт.
Соли 1825 Остроградский кори илмиашро дар мавзуи «Доир ба паҳншавии мавҷ дар сатҳи моеъ» ба Академияи Фаронса пешниҳод кард. Дар ҳамон сол ў дар Коллеҷи ба номи Генрихи IV ба кори педагогӣ шурўъ кард. Соли 1828 Остроградский ба Россия баргашт. Дар ин ҷо ў бо таълими математика дар Институти асосии педагогӣ, Корпуси баҳрӣ ва Омўзишгоҳи артиллерии Михаиловск машғул шуд.
Ў лексияҳои хешро хеле олиҷаноб тайёр мекард. Барои хондани лексияҳои худ аз дастовардҳои муосири математикҳои Фаронса, ки ҳоло дар Россия маълум набуданд, истифода мебурд. Остроградский яке аз нахустин асосгузорони мактаби математикии Петербург шинохта шудааст. Ў доир ба механикаи назариявӣ, физикаи математикӣ, назарияҳои ададҳо, алгебра ва назарияи эҳтимолиятҳо корҳои илмии зиёде навиштааст. Ў муодилаи дифференсиалии паҳншавии гармӣ дар моеъҳо ва ҷисмҳои сахтро ҳосил карда, формулаеро ошкор кардааст, ки он алоқаи байни интеграл аз ҳаҷми додашударо бо интеграл аз рўи сатҳ иваз мекунад. Ҳоло донишҷўён ин формуларо бо номи Гаусс – Остроградский дар макотиби олӣ меомўзанд.
Остроградский, инчунин, мафҳуми «оператори дифференсиалии ҳамроҳшуда» – ро ба илм дохил кардааст. Дар кори илмии «Доир ба табдилдиҳии тағйирёбандаҳо дар интегралҳои каратӣ» формулаи табдил додани интегралҳои дукарата ва секаратаро исбот кардааст. Исботи Остроградскийро ҳоло дар китобҳои математикаи олӣ дучор омадан мумкин аст. Барои Остроградский критерияи муҳимияти корҳои илмӣ татбиқи онҳо дар амалия ба ҳисоб мерафт. Ў бо методҳои статистикии ҳисоб кардани маҳсулоти корношоям, бо мақсади осон кардани тафтиши маҳсулоти ба армия овардашаванда ё воридшаванда машғул шудааст.
Остроградский ногаҳон соли 1861 дар Полтава, ҳангоми аз хонааш ба Петербург сафар карданаш, ҷон додааст.
МАНБАЪ: Асадулло Шарифзода ва Алишер Раҳимзода: “Зиёда аз сад математики муваффақ”. Душанбе, 2025.
Ин китоб дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёти табиатшиносӣ,
техникӣ ва илмҳои дақиқ