Омодагӣ ба баргузории Конфереснсияи байналмилалӣ дар Китобхонаи миллӣ

Ин лаҳзаҳо Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баргузории баргузории Конференсияи байналмилалии илмӣ – назариявии «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳуввиятофари миллат»  омода мешавад.

Чун аз назди бино ворид мешавед, то ошёнаи сеюм ҷӯшу хурӯши омодагиро бармало эҳсос мекунед. Гурӯҳе ба пазироӣ омодагӣ мебинанд, гурӯҳи дигар толори ҷаласотро охирин бор аз назар мегузаронанд, то агар камбудие ба чашмашон расид, зуд рафъ кунанд.

Гурӯҳи сеюм боз ҳам пайи ороиши намоиши китоб дар ду самти вурудгоҳ ба толори бузурги ҷаласотанд.

Намояндагони ВАО, бахусус ширкатҳои давлатии телевизионӣ камераҳои худро омодаи сабт ва таҳияи гузоришҳо мекунанд.

Аз ду тарфи дари асосии вурудӣ дар экранҳои бузург айни замон намоиши барномаҳои телевизиони шабакаҳои телевизиони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Ин экранҳо дар баробари оғози конфронс онро мустақим ба берун интиқол хоҳанд дод.

Конференсия қарор аст соати 14:00 оғоз шавад. Дар он олимону муҳаққиқон, сиёсатмадорон, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, сафирони зиёда аз 20 кишвару созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷ, намояндагони донишгоҳу муассисаҳои илмии кишварҳои хориҷ ва муҳаққиқону донишҷӯёни донишгоҳҳои кишварҳои ҷаҳон иштирок ва суханронӣ мекунанд.

Аз ҷумла, дар кори конференсия директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон, муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамраализода Фаррух, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар муҳаққиқону коршиносон аз кишварҳои хориҷ суханронӣ хоҳанд кард.

Ҳамзамон дар нишаст намояндагони сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва муҳаққиқони тоҷик аз давлатҳои хориҷ тариқи онлайнӣ иштирок ва суханронӣ мекунанд. Ин шакли иштироки намояндагони дипломатӣ имконият фароҳам хоҳад овард, ки андешаҳо ва дидгоҳҳо оид ба мавқеи Тоҷикистон ва нақши роҳбарияти кишвар дар арсаи байналмилалӣ аз кишварҳои гуногун пешниҳод гарданд.

Маърӯзачиён дар суханрониҳои худ фаъолияти сиёсӣ, фарҳангӣ, байналмилалӣ, илмию таърихӣ ва нақши мондагору саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалиро мавриди баҳсу таҳлилу баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Шукрона ШЕРЗОДА,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа