Дар мизи гирди Китобхонаи миллӣ рушди фаъолияти китобдорӣ дар 35-соли Истиқлол баррасӣ шуд

 

Баъди зӯҳри 18 – уми августи соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони «Рушди фаъолияти китобдорӣ дар 35-соли Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар он муовини якуми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода Карим, роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҷабалӣ Турсунзода, муовини директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Алиакбар Ҳаётзода, кормандони Китобхонаи миллӣ, намояндагони муассисаҳои китобдорӣ, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Мизи гирдро муовини директори Китобхонаи миллӣ Муҳаммадиқбол Атозода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки нишасти мазкур ба баррасии нақши китобхонаҳо дар рушди маърифати ҷомеа, тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ, ҳифз ва муаррифии мероси хаттӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва таҳкими заминаҳои муосири китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бахшида шудааст.

Дар идомаи чорабинӣ муовини якуми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода Карим суханронӣ намуда, доир ба мавқеи ҷавонон дар ҷомеаи муосир, сиёсати давлатии ҷавонон ва нақши китобу китобхонӣ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва худшиносии насли ҷавон андешаронӣ кард.

Мавсуф таъкид намуд, ки имрӯз ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози ҷомеа таҳти таваҷҷуҳи хосаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ба гуфтаи ӯ, сиёсати давлатии ҷавонон ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи насли ҷавон, баланд бардоштани сатҳи маърифату худшиносӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ равона гардидааст.

Шабнам Раҳимзода Карим, ҳамчунин, ҷавононро ба омӯзиши пайвастаи илму дониш, мутолиаи китоб, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол даъват намуд.

Дар идома роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҷабалӣ Турсунзода дар мавзуи саҳми ҷавонон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ ва таҳкими ҳамкории ниҳодҳои ҷавонон бо муассисаҳои фарҳангӣ андешаронӣ намуд.

Муовини директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Алиакбар Ҳаётзода дар мавзуи «Рушди Китобхонаи бачагона дар 35 соли Истиқлол» суханронӣ карда, дастовардҳои китобхонаи мазкур, ҷалби насли наврас ба мутолиа ва нақши китоб дар ташаккули ҷаҳонбинии кӯдакону наврасонро мавриди баррасӣ қарор дод.

Яке аз мавзуъҳои меҳварии мизи гирд масъалаи «Тарбияи кадрҳои илмии ҷавон дар соҳаи китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мисоли Китобхонаи миллӣ» буд.

Сардори Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ, номзади илмҳои филологӣ Ҳадятуллоҳи Амриддин зимни маъруза ба нақши Китобхонаи миллӣ дар омодасозии мутахассисони ҷавон, рушди иқтидори илмии соҳаи китобдорӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ таваҷҷуҳ намуд. Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ аз воҳидҳои сохтории Китобхонаи миллӣ буда, самти рушди таҳсилот ва инноватсияҳои соҳаро фаро мегирад.

Сардори шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ, номзади илмҳои таърих Комилов Меҳроҷ дар мавзуи «Истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти Китобхонаи миллӣ дар 35 соли Истиқлолият» маъруза намуда, дар бораи раванди рақамикунонии захираҳои иттилоотӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва рушди хидматрасониҳои электронии китобхона маълумот пешниҳод кард.

Сардори шуъбаи Дастхатҳо ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ, номзади илмҳои филологӣ Назар Баҳрулло дар мавзуи «Дастовардҳои шуъбаи Дастхатҳо ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ватан» суханронӣ намуда, аҳамияти ҳифз, омӯзиш, таҳқиқ ва муаррифии мероси хаттии миллӣ ва осори нодири таърихиро таъкид кард.

Зимни музокирот иштирокчиён масъалаҳои рушди минбаъдаи соҳаи китобдорӣ, такмили хизматрасониҳои иттилоотӣ, ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба китобхонӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва таҳкими ҳамкории муассисаҳои китобдорӣ бо ниҳодҳои ҷавононро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷамъбасти мизи гирд таъкид гардид, ки 35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди низоми китобдорӣ, таҳкими заминаҳои моддию техникии китобхонаҳо, ҳифзу муаррифии мероси хаттӣ ва ташаккули муҳити мусоиди илмию маърифатӣ дар кишвар имкониятҳои фаровон фароҳам овардааст.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода Карим ва роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҷабалӣ Турсунзода Сипосномаҳои директори Китобхонаи миллӣ супорида шуд.

Ҳамчунин, як гурӯҳ кормандони Китобхонаи миллӣ — Исоев Муҳаммадисо, Исламова Нозанин, Ҳадятуллоҳи Амриддин, Искандарзода Орзуҷон, Комилов Меҳроҷ, Назар Баҳрулло ва Назарзода Диловар — бо Сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Мизи гирд дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи он таҳкими ҳамкориҳои соҳавӣ, табодули таҷриба ва баррасии самтҳои афзалиятноки рушди фаъолияти китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ буд.

Инобат Бобоева

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа