Суҳбати хотирмон бо Марям Исоева дар маҳфили “Театр ва кинои тоҷик”

Дар шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи силсиламаҳфили «Санъат ва ҳунар» маҳфили навбатӣ дар мавзӯи «Театр ва кинои тоҷик» баргузор гардид.
Меҳмони вижаи маҳфил ҳунарманди шинохтаи синемо ва театри тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи «Ноҳид» ва унвони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» Марям Исоева буд.
Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода ифтитоҳ кард ва мухтасар дар бораи ҳадафи маҳфил ва меҳмони гиромиқадри он, ҳунарпешаи шинохта Марям Исоева маълумот дод
Марям Исоева зимни суханронӣ аз рӯзгори кӯдакӣ, фаъолияти эҷодӣ ва роҳи пуршарафи хеш дар саҳнаи театр ва кинои тоҷик ёдовар шуд. Ӯ 1-уми майи соли 1937 дар ноҳияи Кӯлоб ба дунё омада, пас аз хатми Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскии шаҳри Маскав соли 1960 фаъолияти эҷодии худро дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ оғоз намуда, баъдан ба Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ даъват шудааст.

Фаъолияти чандинсолаи эҷодии Марям Исоева бо Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Ҳунарпеша дар тули фаъолияти пурмаҳсули хеш образҳои гуногуни хотирмонро офаридаанд. Аз ҷумла, нақшҳои Таҳмина дар «Рустам ва Суҳроб», Эмилия дар «Отелло», Медея дар «Медея», Гертруда дар «Ҳамлет», Шафақ дар «Шаби гирифтани моҳ», Бернарда дар «Хонадони Бернарда Алба» ва чанде дигар аз беҳтарин нақшҳои саҳнавии ӯ ба шумор мераванд.
Ҳамчунин Марям Исоева дар филмҳои «Сирри оила», «Гузаргоҳи фаромӯшшуда», «Рустамнома», «Ҳасани аробакаш», «Об аз куҷо меояд» ва ғайраҳо нақш офаридааст.
Дар идомаи маҳфил ҳунарпеша аз рӯзҳои пуршебу фарози фаъолияти эҷодии худ ёдовар шуда, намунаҳои ҳунарӣ пешниҳод кард, шеърҳо қироат намуд ва хотираҳои ҷолиби худро бо иштирокдорон дар миён гузоштанд.

Зимни суҳбат Марям Исоева ба масъалаҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ҷавонону хонандагонро ба қадршиносии неъматҳои соҳибистиқлолӣ, ҳифзи сулҳу ваҳдат ва арҷгузорӣ ба фарҳангу ҳунари миллӣ даъват кард.
Яке аз бахшҳои ҷолиби маҳфил суолу ҷавоби ҳунарпеша бо хонандагон буд. Иштирокдорон ба суолҳои худ вобаста ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Марям Исоева посух гирифтанд.

Дар фарҷоми маҳфил ба меҳмони арҷманд туҳфаи хотиравии Китобхонаи миллӣ тақдим гардида, иштирокдорон бо ҳунарпешаи маъруфи тоҷик аксҳои хотиравӣ гирифтанд.
Маҳфили «Санъат ва ҳунар» дар мавзӯи «Театр ва кинои тоҷик» ҳамчун як дарси маърифату тарбия барои хонандагон ва дӯстдорони фарҳанг ба анҷом расид.
Шерзода Шукрона,
мутахассиси бахши матбуот ва робита бо ҷомеа