Суҳбат атрофи Девони ғазалиёти Абдурраҳмони Ҷомӣ дар маҳфили “Ганҷи ҷовидон”

31 – уми августи соли равон дар Муассисаи давлатии  “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабӣ – маърифатии “Ганҷи ҷовидон” бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Муаррифии як дастхат”,   Девони ғазалиёти Абдурраҳмони Ҷомӣ баргузор гардид.

  Маҳфили адабӣ – маърифатиро муовини директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаммадиқбол Атозода оғоз бахшид.

    Сипас сухани навбатӣ ба доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳриддин Низомӣ дода шуд. Ӯ аз ҳаёт ва фаъолияти Абдурраҳмони Ҷомӣ қисса намуд. Абдурраҳмони Ҷомӣ соли 1414- 1492  дар деҳаи  Харҷурд,  наздикии шаҳри Ҷом (Хуросон), таваллуд шудааст. Номи пурраи ӯ Нуриддин Абдурраҳмон ибни Аҳмад буд. Баътар  бо тахаллуси Ҷомӣ машҳур гардид.  Абдурраҳмони Ҷомӣ асосан дар  Ҳирот зиндагӣ ва эҷод мекард, яке аз бузургтарин шоирон, донишмандон ва мутафаккирони адабиёти класикии форсу тоҷик ба шумор меравад. Номи ӯ дар таърихи фарҳангу адабиёти Шарқ ҳамчун суханвари тавоно  ва донишманди барҷаста бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.

Аз Абдурраҳмони Ҷомӣ се девони қасоиду ғазалиёт ва рубоиёт “Фотиҳат- уш- шубоб”, “Воситат – ул- иқд” ва “Хотимат- ул- ҳаёт” ба ёдгор мондаанд. Мероси Абдурраҳмони Ҷомӣ воқеан як ганҷи бузурги маънавӣ ба ҳисоб меравад. Дар осори ӯ масъалаҳои ахлоқ, дӯстӣ, муҳаббат, адолат, дониш, инсонпарварӣ ва худшиносӣ мавқеи муҳим доранд. Шоир инсонро ба донишомӯзӣ, некӣ кардан ва покии маънавӣ даъват менамояд. Арзиши осори Ҷомӣ танҳо дар зебогии сухан нест. Асарҳои ӯ дорои ғояҳои баланди инсонӣ буда, барои тарбияи маънавии наслҳои имрӯз низ аҳамияти калон доранд. Ӯ бо сухани пурҳикмати худ мардумро бо роҳи ростӣ ва камолоти инсонӣ ҳидоят кардааст.

Дар маҳфили адабӣ – маърифатӣ таъкид шуд, ки дар фонди дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ нусхаи хаттии “Девони ғазалиёт”- и Абдурраҳмони Ҷомӣ таҳти № 156 ҳифз ва нигоҳдорӣ шуда, ки он мутааллиқ ба охирҳои асри 16 – и мелодӣ мебошад. Нусхаи мазкур мукаммал буда, соли 933 ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 1526 мелодӣ китобат шудааст ва мутаасифона ҷойи китобаташ маълум нест. Ҷолиби диққат аст, ки нусхаи мазкур ба қалами фарзанди шоир Алӣ ибни Абдурраҳмони Ҷомӣ навишта шудааст. Ғазалиёти шоир дар ду сутун ба тартиби алифбои арабӣ оварда шудааст.

Дар маҳфил  сармутахассиси шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир Сурайё Одинаева яке аз дастхатщои марбут ба  Абдурраҳмони Ҷомиро шарҳ дод.

  Дар охири маҳфил миёни мещмонон ва ширкаткунандагон доир ба нусхаи хаттии “Девони ғазалиёт”- и Адруҳмони Ҷомӣ мубодилаи  афкор сурат гирифт.

    

Кароматхон АСОЗОДА,

мутахассиси пешбари бахши робита бо ҷомеа