Китоб – ёри бовафо
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест
Бале, китоб ёри бовафо, ёри ғамхору меҳрубоне ҳаст. Китоб ганҷинаи бебаҳост, таскингари дилҳост. Лаҳзае фаро мерасад, ки танҳоӣ ва касе нест, ки бо ӯ роз гӯӣ, дили худро таскин диҳӣ. Касе нест, ки бо ӯ ҳамсӯҳбат бошӣ. Ана ҳамин лаҳзаҳо китоб ягона дӯсти вафодори ту хоҳад шуд. Китобро дар даст мегириву аз ранҷу ғами зиндагӣ фориғ мегардӣ. Ба дунёи афсонавии ҳамон ҳикоя ё романе ворид мешавӣ ва худро қаҳрамони ҳамон асар меҳисобӣ. Ё ин ки аз ғазалу шеърҳои шоирон ошно гашта, дили худро таскин медиҳӣ. Ё аз насиҳатномаҳо сухан ронда, ба худ панду андарзҳои бузургонро тӯша мегирӣ. Ин лаҳзаҳо танҳоии худро эҳсос намекунӣ. Худро хушбахт меҳисобӣ. Гӯё, ки ягон ғам надошта бошӣ. Чӣ дар лаҳзаҳои ғамгинӣ ва чӣ дар лаҳзаҳои хурсандӣ. Ҳар як лаҳзаҳои холигӣ бояд ба китобе , ки дар як гӯша ба ту бо як раҳмдилӣ нигоҳ дорад, назар созӣ. Ӯро ба даст мегириву аз сатрҳои заррини он мутолиа мекунӣ. Вақте, ки онро дар даст мегирӣ, ҳамон лаҳза ҳам, китоб худро хушбахт меҳисобад. Касе ӯро дар даст дорад ва ҳар як дороиву бузургиҳои худро ба ту эҳдо мекунад. Ин ҳама бузургии китоб аст, ки моро бамаърифату донишманд мегардонад.
Китоб падидаи фарҳангист ва мероси гаронбаҳои гузаштагони мо ба шумор меравад. Китоб дӯстест, ки туро озор намедиҳад, сухани қабеҳ намегӯяд. Баръакс дӯсти беғарази туст. Бе китоб мо бесаводу бемаърифат хоҳем шуд. Бе китоб ҳатто сухани худро, фикри худро баён кардан душвор мешавад. Бе китоб мо қадамҳои устувори худро ба пеш бурда наметавонем. Ин ҳама муваффақиятҳои мо аз китоб аст. Китоб моро босаводу донишманд мегардонад. Соҳиби кору обруманд мекунад. Китоб рафтори дурусти инсониро меомӯзад. Ҳисобу китоб, забондонии моро рушд медиҳад. Забони моро бурро месозад, насиҳатҳои пандомез мегӯяд. Аз таърихи гузаштагонамон, таърихи Тоҷикистон ва ҷаҳон ошно месозад. Ба роҳи рост ҳидоят мекунад.
Маҳз бузургии китоб аст, ки фарзандони моро таълиму тарбият ва босаводу донишманд мегардонад. Китоб моро аз роҳи бад мегардонад ва ба роҳи ростӣ, дӯстиву бародарӣ ва сулҳу субот равона месозад. Бинобар ин ҳар варақи китобро чун гавҳараки чашм бояд нигоҳ дошт ва ҳифз бояд карда, эҳтиром бояд дошт.
Китобам, эй китобам, эй китобам,
Ҳама аз туст ин сулҳу суботам.
Ҳама хурсандиҳои беҳисобам,
Ҳама ишқу умедам, эй китобам.
Биё як лаҳза биншин, дар канорам,
Туро пазмон шудам, ман эй китобам.
Зи ту пурсон шавам аз ранҷҳоям,
Кунун ёбам даво аз дардҳоям.
Сафои зиндагониям, китобам,
Умеду орзуҳоям, китобам.
Туро як лаҳза танҳо ман намонам,
Туи ҷону ҷаҳонам, эй китобам.
Фароғат ТОЛИБОВА,
Муовини сардори Шуъбаи феҳристнигорӣ.