40 сол аз фавти Бердӣ Карбобоев мегузарад
Аз вафоти яке аз чеҳраҳои маъруфи адабиёти Шӯравии туркман Бирдимурод Карбобоев 50 сол мегузард. Ӯ 23 июни соли 1984 дар шаҳри Ишқобод аз олам гузашт.
Карбобоев Бердӣ ё Бердимурод Муродович 15.03.1894, Заранг – 23.06.1974, Ишқобод, шоири туркман, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1967), Навсандаи халқии ҶШС Туркманистон (1967). Ходими хизматнишондодаи маданияти ҶШС Туркманистон (1948), академики АФ ҶШС Туркманистон (1951).
Дар хонаводаи кишоварз ба дунё омадааст. Дар мадрасаи Самарқанд ва факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург (ҳоло Ленинград;1927-28) таҳсил кардааст. Раиси ИН Туркманистон (1942-50). Ибтидо шеър менавишт ва таълифоти нахустинаш аз соли 1923 ба табъ расидаанд.
Карбобоев яке аз поягузорони адабиёти муосири туркман буда, осораш гуногунжанр аст. Дар шеъру достонҳои ҳаҷвӣ (“Дар банди асорат ё қурбонии одат”, 1928; “Лабони хушкида”, 1929; “Дарёи Аму”, 1931), ҳикояҳо (“Кӣ ғолиб омад?”, 1934; “Морал”, 1937), повестҳо (“Байрам”, 1934-39), намоишномаҳояш (“Ҳурлукга ва Ҳамро”, аз рӯи достони ҳамноми он, 1940 ва ғ.) муборизаи урфу одоти ҷомеаи наву куҳнаро тасвир карда, барои баланд бардоштани мақоми занҳо дар ҷомеа ва озодии онҳо талош кардааст.
Карбобоев нахустин ҳикоя ва очеркнависи туркман аст (“Воқеият”, 1931). Ӯ солҳои 1930 ба навиштани нахустин романи адабиёти туркман – романи таърихию инқилобии “Қадами қатъӣ” иқдом кард, ки қисми аввали он соли 1940 нашр шуд. Нашри дуввуми он бо таҳриру такмили нав соли 1949 ба табъ расид. Повести “Қурбондурдӣ” (1942), достони “Айлар”(1943), аввали либреттои операи туркманӣ “Ободон” (1941), намоишномаҳои “Муҳаббат ба ватан” (1941), “Бародарон” (1943) ба мавзӯи ҶБВ бахшида шудаанд. Дар драмаи манзуми “Махдумқулӣ” (1943) образи шоири асри 18-и туркман офарида шудааст. Мазҳакаи “Кӣ киро дӯст медорад?” (1942 низ маҳсули эҷодии ҳамин давра аст.
Романҳои Карбобоев “Набитдоғ” (1957), “Ҳар қатра об тилопораест” (1972) аз комёбиҳои адабиёти туркман мебошанд, ки доир ба рӯзгори ҷӯяндагони конҳои нафту кишоварзон баҳс мекунанд.
Карбобоев солҳои 1960-70 як қатор шеърҳои лирикӣ таълиф кардааст. Муаллифи достони бачагонаи “Дар теппаи пурсеҳр”(1952).
Асарҳояш ба чандин забон, аз ҷумла забони тоҷикӣ (“Қадами қатъӣ”,1960; “Бародарони ширинкор”, 1962; “Зодаи даврон”, 1976; “Бародарони хушҳол”, 1983) тарҷума ва нашр шудаанд. Асарҳои А.Пушкин, Л. Н. Толстой ва А. Грибоедовро ба туркманӣ тарҷума кардааст. Дорандаи Ҷоизаи давлатии ҶШС Туркманистон ба номи Махдумқулӣ (1970). Бо 3 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, 3 ордени Байроқи Сурхи Меҳнат ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст.
Бозчоп аз Энсиклопедия милли тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 482.
Муаллиф: Т. Идрисов
Таҳияи Муҳаббат Киром, корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.