52 сол пеш дар “Садои Шарқ”. Мустай Карим дар бораи Мирзо Турсунзода. “Раҳкушои дилҳо”
ШАРҲИ КУТОҲ: Мустай Карим-шоир, нависанда, намоишноманависи бошқир. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ. Шоири халқии Бошқирдистон, барандаи Ҷоизаи Ленин, Ҷоизаи давлатии СССР. 20-уми октябри соли 1919 таваллуд шуда, 21-уми сентябри соли 2005 дар синни 85-солагӣ аз олам гузаштааст.
***** ***** *****
Шодмон мезистӣ, ки бо уқобон ҳамсафӣ,
Сар ба сақфи осмонию ситора дар кафӣ.
Ин байтро Мирзо Турсунзода муроҷиатан ба фарзанди кўҳистон гуфтааст. Зоҳиран ман сухани худро аз он оғоз мекунам, ки мебоист бо он анҷом бидиҳам, аз образи шоире ибтидо мекунам, ки ситораи дурахшони назми нави ватани худ – Тоҷикистонро дар кафи дастони худ бардошта, пеш мебарад. Мирзо Турсунзода, ки калом ва номи ў чандин даҳсолаҳо инҷониб ҷузви муҳимми дарёфтҳои маънавии ҳамаи мо гардидааст, ба назари ман чунин мерасад. Ин вазифаи пуршараф маҳз ба зиммаи ў, ки сарояндаи навбаҳори ҳаёти инсоният мебошад, гузошта шудааст.
Дар дили мо, хонандагон, шоирон бо роҳҳои гуногун маскан мегиранд. Баъзеҳо монанди шамоли тунду тезе, ки нохост дару тирезаҳоро калон кушода, ба хона зада медарояд, ба дилу ҷон ва шуури мо низ ногаҳон ва фавран роҳ меёбанд. Дигарон мисли борони нарми баҳорӣ, ки дурахши барқи дур аз бориданаш огоҳ менамояд, оҳиста – оҳиста ба мо наздик мешаванд. Чунон ки ба чашм, пеш аз ҳама, равшании ҳамон барқи дур намудор шуда буд, ба гўши ман ҳам аввал овозаи номи Мирзо Турсунзода расид, сонӣ назми бобаракати ў дастрасам гардид. ШОИР ГУЁ БА СЎИ МО РОСТ АЗ ВОДИИ ҲИСОРИ ХУД НАОМАДААСТ, БАЛКИ АВВАЛ РОҲИ БИСЁРҲАЗОРА ВА БИСЁРАСРАЕРО БА ГУЗАШТА, БА УМҚИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ ШАРҚ ТАЙ НАМУДААСТ, СИПАС ҚУЛЛАҲОИ ҲИМОЛОЙРО БА ТОЗАГӢ ФАТҲ КАРДА, РОҲ БА ҒАРБ АНДОХТААСТ. Ва ў ки дар дили худ шодии тоҷикон ва андўҳи ҳиндувонро гунҷонидааст, аз ҳудуди мамлакатҳои дигар гузашта, ба забонҳои хориҷӣ низ даррасидааст.
Модом ки ў гуфтааст:
Хешро мебинам акнун боз дар оғўши ў…
Боз менўшам ман об аз чашмаи пурҷўши ў.
Шодам,аммо мехўрам ғамҳои халқи дигаре,
Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.
Пас ў ба хўбӣ медонад, ки:
Гиря дорад, дўстам, аз гиря фарқ,
Талх бошад гиряи фарзанди Шарқ
Саодати ҷавонию бахти бедори Шарқи нав ва ашкҳои ҳанўз нахушкидаи Шарқи кўҳан мўҳраи эҷодиёти шоири забардаст шудааст.
Ҳатто мағруртарин ва тавонтарин мурғон – ҳокимони табақаҳои баланди фазо чўҷаҳои навзоди худро ба осмон намебароранд; олитарин назм ҳам, ки бо мурури замон кишварҳои дурро тасхир мекунад, дар мазраи суннатҳои халқӣ дар заминаи анъанаҳои миллӣ пайдо мешавад. Вақте ки ман хишир – хишири баргҳои дарахти тановари назми Мирзо Турсунзодаро бо камоли дилбастагӣ гўш мекунам, ҳатман ҳис менамоям, ки он дар Қаратоғ, дар Помир – дар замини падарони ў реша рондааст. Сабаби шўҳрати умумихалқии ном ва эҷодиёти шоир дар ватани ў, сарчашмаи муҳҳабат ва эҳтироми мардум нисбат ба шахси ў дар ҳамин аст. Ҳеч наметавон тасаввур кард, ки санъаткор ватани худро қатъи назар карда, соҳиби обрўю иззат мешуда бошад.
Бар хилофи ақидаи маълум бо камоли ҷуръат метавонам бигўям, ки пайғамбарон пеш аз ҳама дар ватани худ падид меояд ва дар он ҷо ном мебароранд. Пайғамбари ломакон қаландари сохта мебошаду бас. Ба фикри ман, бахти шоирии Мирзо Турсунзода дар ҳамин аст, ки меҳру муҳаббати ҳамватанонаш нисбат ба ў то ба дараҷаи эътирофи халқҳои дигар вусъат ёфтааст. Чунин писар, ки ақлу истеъдод ва хидматҳояш сазовори эътирофи дигарон хам шудааст, барои падар ду карат азиз ва меҳрубон аст. Чунон ки маълум аст, сабаби бардавомии ҳаёт дар рўи замин гармию саховати офтоб мебошад, зиёда аз ин, худи зиндагӣ низ ҳарорати махсусе дорад. Эҷодиёти ин шоири аҷоиб низ аз гармии дутарафа ҳарорат гирифтааст.
Дар забоне, ки ба шарофати сеҳри устодони бузург қариб тамоман дар тасарруфи назм афтодааст, шеър гуфтан, шояд, чандон душвор набошад. Ва эҳтимол, дар адабиёте, ки асрҳои тўлонӣ ашъори Рўдакӣ, Саъдӣ, Хайём ва Ҳофиз барин бузургоне, ки асрори дили инсонро кашф кардаанд, табиати эҳсосоти наҷиби одамиро дарёфтаанд, асосҳои маърифату хирадро дарк намудаанд ва онҳо имрўз ҳам ҳусну таровати аслӣ доранд, шоири хосса ва нотакрор шудан осон набошад. Шоири тоҷики форс буда, ба онҳо шабеҳ набудан имконнопазир аст ва овози хосса надошта, умуман шоир шудан мумкин нест.
Ин муамморо истеъдоди Мирзо Турсунзода ба таври ҳайратангез ҳал кард.
Ба Мирзо Турсунзода як навъ тамкини ҷиддие хос аст. Вале тамкини зоҳирии ў чашмони бедори дили поки дардошнои шоирро ифода менамояд. Вагарна чӣ тавр дида метавонист, ки “лола ба дил доғи сияҳ баста буд.”
Дар бораи асарҳои эпикии шоир – достонҳои ў бошад, ҳаминро бояд гуфт, ки иштироки доимии худи муаллиф дар онҳо, дахолати ў ба ҷараёни воқеаҳо онҳоро ҳаяҷони лирикӣ бахшидааст, аз ҷиҳати эмотсионалӣ хеле мўътамад кардааст. Шоир дар “хоҷагии” худ озод ва мустақилона амал мекунад. Вай, ки хост аз Душанбе ба Тирмиз ояд, ба аробаи қаҳрамони худ Ҳасан савор шуду хоҳишашро ба ҷо овард.Ў, ки хост “писари ҳаштсолаи қишлоқ, тоқии сар чу гунбади офоқ” гардиду пои луч ба сари кўчае тохта баромад, ки Пратапи ҳақиқатҷў аз Ганг то Кремл мерафт. Агар лозим шавад, ў аз дасти духтари ҳинду гирифта ўро ба пойтахти Сулҳ ва Бахт меоварад. Агар дар забони ў ҳарфи ногузире пеш ояд, вай аз номи тамоми Осиё гап мезанад. Ин ҳама бо эътимод аст.
Мирзо Турсунзода, ки худ марди солору ботамкин аст, нисбат ба он чизе, ки тасвираш мекунад ё месарояд, ҳаргиз бетараф нест.
Тамоми шоирони бузурги шарқ занро ситоиш кардаанд, назми онҳо бе ситоиши зан ба ангуштарие монанд мешуд, ки ҷавоҳир надорад. Шоирон дар роҳи зан аз гулу себаргаҳо пойандоз мегустуртанд, ситораи бахт бар сари ў фурўзон менамуданд, аммо кам андар кам фикр мекарданд, ки ин роҳи “гулпўш” ўро куҷо мебарад. Ба куҷо? Аслан дар пеши ў ҳамаи роҳҳо сарбаста будаанд. Шоирон аз ин хусус ҳам андешае намеронданд, ки оё ситораи фурўзони онҳо занро гарм мекарда бошад? Ҳамин қадараш кифоя буд, ки ту занро дўст медорӣ ва аз латофати ў ба шавқ меоӣ. Зан чӣ? Дар дили ў чӣ асроре ниҳон аст?
Ба чунин саволҳо шоирони нав ҷавоб медоданд. Бинобар он, табиист, ки дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода сарнавишти зани Шарқ аз ҷиҳати иҷтимоӣ, ахлоқӣ, маишӣ мавқеӣ калон ишғол кардааст. Қаҳрамони қавирўҳу пуруммед ва аз шиканҷаи зулм раҳидаӣ ў ба туфайли меҳнат ва ақлу заковаташ ба худ роҳе мекушояд, ки ҳамаеша гулпўш набошад, ҳам мазмуни ҳаёт ва бахту саодати ўро ифода менамояд.
Шоир ихтиёр дорад дар зери пои чунин зане, ки бо камоли ғурур ва зебоӣ озодона қадам мегузорад, доман – доман гул бирезад. Ҳамон зани Офтобӣ тамоми гирду атроф ва олами худро фурўзон карда пеш меояд.
Зани Шарқ Офтобест, ки аз оламе тираву тори асорат озод шудааст – ў ба назари ман аз назми Мирзо Турсунзода чунин мерасад.
Вақте ки ман бо осори мунтахаби Мирзо Турсунзода иборад аз ду ҷилд дар забони русӣи ошно гардидам, чунин мулоҳизаҳои на чандон мавзун бори дигар ба сари ман омаданд. Тарҷумаи асар ба қалами мутарҷимони номӣ С. Липкин, В. Державин, Я. Козловский ва дигарҳо мансуб аст.
Вале ба ҳар ҳол, ман мехоҳам андешаҳои хешро бо ҳамон нуқтае ба поён расонам, ки бо он оғоз карда будам.Бигзор дасту дил ва фикри шоире, ки ситораи тобони назми навиТоҷикистонро баланд бардошта пеш мебарад, ҳаргиз монда нашаванд.
Маҷаллаи “Садои Шарқ”, соли 1973, №4
Таҳияи Лола Мавлонова,
муовини сардори
шуъбаи матбуоти даврӣ