58 сол пеш. Жолаи Исфаҳонӣ дар бораи Сиёвуши Касроӣ. Армуғони шоир
Сиёвуши Касроӣ яке аз беҳтарин шоирони навопардози муосири Эрон аст. Шеъри “Гули санг”-и ӯ, ки дар соли 1951 интишор ёфт, талиаи як ҳунарманди мутараққии боистеъдодро ба дӯсторони шеър мужда дод.
Маҷмӯаҳои “Ово” (1957), “Ораши камонгир” (1959), “Хуни Сиёвуш” (1963), “Санг ва шабнам” ва “Бо дамованди хомӯш” (1966) ин навиди равшанро таъкид кардаанд.
Сиёвуши Касроӣ шоири ҷавони хушбин ва умедворест, ки барои инсон ва хушбахтии ӯ шеър мегӯяд:
Инсон-масеҳи тоза,
Инсон-умеди пок,
Дар боргоҳи меҳр,
Инак худои хок.
Чашми худойбинам бедор мешавад,
Дасти гиреҳкушоям даркор мешавад.
Сар медиҳам садо,
Во мекунам даричаи ҷоми ҷаҳоннамо,
То бингарам ба инсон дар маснади Худо.
Мазмун ва ҳадафи асосии шеъри Сиёвуши Касроиро дар ин ду байти ӯ метавон нишон дод:
Ҳамчун замин ба фасли баҳорон шикофтан,
Чун зарра аз ташаъшуи хуршед тофтан.
Мавҷе шудан ба паҳнаи дарёи бекарон
Гашти бузургу ҷунбиши ҷовид ёфтан.
Агар мо муътақид бошем, ки шеъри нав, шеърест, ки дорои мазмуни мутараққии нав, шакли шеърии нав ва тасаввуру тасвири тозаи шоирона бошад, он вақт бояд бигӯем, ки Сиёвуши Касроӣ намояндаи воқеии шеъри нав ба шумор меравад.
Навоварии ҳунармандонаи ӯ посухи дандоншиканест ба он гурӯҳ “навопардозон”, ки хомӣ ва боистеъдодии худро ба номи дарҳам шикастани қавоиди шеъри классик дар зери пардаи шеъри нав пинҳон мекунанд ва ё ин ки тахаюлоти торик ва яъсовари худро дар дунёи ғуборомӯзи таҷридҳо рӯи коғаз рехта, номи онро, “шеъри нав” мегузоранд. (Мутаасифона, ҳанӯз теъдоди ин қабил “навопардозон” дар Эрон кам нестанд).
Сиёвуши Касроӣ дар шеъри худ шаклро вайрон мекунад, барои он ки бисозад. Зулму фасоди асоратро нишон медиҳад, барои он ки хирадмандӣ, адолат ва озодӣ, ки ормонҳои олӣ ва ҷовидони башарист, дастраси ҳамаи мардум бошад.
Мо чанд намунае аз эҷоди сиёвуши Касроиро дар ин ҷо дарҷ мекунем, то хонандагони арҷманд бо ин шоири навопардоз бештар ошно шаванд. Мумкин аст ин осрои маҷмӯъ беҳтарин ашъори Сиёвуш набошад, аммо намудори роҳҳест, ки шоир барои баёни афкори худ мепаймояд. Сиёвуши Касроӣ ҷавон аст ва роҳи дурахшони ояндаро дар пеш дорад.
Жола
ГАРМСЕР
Ишқ парастуст,
Ишқ парастуи паркушода ба ҳар сӯст.
Ишқ паёмовари баҳори дилорост,
Ҳайф, ки аз сарзамини сард гурез аст.
Рӯзе ҳамроҳи бодҳои биёбон
Болсиёҳи сапедсина парасту
Мерасад аз роҳ.
Валвала меафканад ба хилвати ҳар кӯ,
Сар зада бар бомҳои коҳгилии мо
Бол фурӯ мекашад бар ҷустани лона,
Мерезад пояе ба қалби як ҷон.
Месозад лона ё ҳазор тарона.
Қалби ман, эй гармсери меҳри пуроган,
Панҷара бикшо ба боғ дарҳами поиз
Бикшо, болу паре ба тобу такопӯст,
Бикшо, бикшо, яке фусурда парастуст.
ТАРОНАҲО
Ту поизи парешам кардӣ, эй гул,
Парешонтар зи пешам кардӣ, эй гул,
Ба шаҳри ошиқон танҳо шудам ман,
Ғариби шаҳри хешам кардӣ, эй гул.
Баҳорам мешукуфад дар нигоҳат,
Пур аз гул гашта ҷони ман ба роҳат.
Паёми орзуям лона донад,
Парастуҳои чашмони сиёҳат.
Гуле ҷо дар канори ҷӯ гирифта,
Гуле маъво сари гесӯ гирифта,
Баҳор асту маро з-ин дашту гулпӯш
Гуле бояд, ки бо ман хӯ гирифта.
Саҳар меояду дар дил ғаминам
Ғаминтар одами рӯи заминам.
Агар гавҳораи шаб во кунад рӯз,
Куҷо хусбам, ки дар хобат бубинам.
Овора дар ин сапедаҳои хомӯш,
Мепечаму боз мекушоям оғӯш,
Эй панҷараҳои хуфта, чашмам ба шумост
Ман нағмаи дарраҳои хокистарпӯш.
Чашмам ба карони шаб нигаҳ меояд,
В-ин роҳи ба ғам даршударо мепояд,
Гӯянд, ки рафта барнамегардад боз,
Аммо дили ман метапад: “Ӯ меояд!”.
Дар ҷодаи офтоб раҳ мепӯям,
Дар чашмаи моҳтоб тан мешӯям.
Фарзанди шабу рӯзаму пурсон-пурсон,
-Эй оянда! Шаҳри туро меҷӯям!
Эй ҷӯй биё, ба ҳам ҳамово гардем,
Бо чашмаву шатту рӯд якҷо гардем.
Пайванд кунем равшанӣ бо покӣ,
Бошад рӯзе дубора дарё гардем.
Сар бурда ба сина кӯҳу мотам дорад,
Бо дарра басе ҳикояти ғам дорад.
Эй бод, чӣ рафта дар шаби пеш, ки санг
Дар чашми кабуди хеш шабнам дорад.
Овехта беди хаста гесӯ бар об,
Печида дар амвоҷи сапеди моҳтоб.
Шабнам натаровида ҳанӯзу тани шаб
Дар сояи баргу буттаҳо рафта ба хоб.
Чаро ба боғ ин бедод рафтаст?
Баҳоре нағмаҳо аз ёд рафтаст?
Чаро, эй булбулони монда хомӯш,
Умеди гул шудан барбод рафтаст!
Ман он абрам, ки меоям зи дарё,
Равонам дар ба дар, саҳро ба саҳро.
Нишони киштзори ташнае ку?
Ки боронам, ки боронам саропо.
“Садои шарк” 1967 №6.
Таҳияи Шафқинисо Носирова,
мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ.