6 сол бе Муҳаммадраҳими Сайдар
Охирин бозии нотамоми мо оғози афсонаи Сурхоб аст.
- Афсонаи Сурхоб?
- Бале.
- Ту медонӣ онро?
- Бале, медонам.
- Бигӯ, хоҳиш дорам, бигӯ.
Субҳи имрӯз бо ба ёд овари солҳои ҷавонӣ ва нахустин моҳу соле, ки дар Радиои Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррири хурд ба кор оғоз карда будам, дилам танг шуд. Дар тақвими зимистон зодрӯзи устод Муҳаммадраҳими Сайдарро дидам. Зодрӯзи яке аз азизтарин касон, ки дар рушди маънавиву касбии ман саҳм дошт. Ва ҳисоб кардам:16 сол аст ӯро надорем. Агар дар қайди ҳаёт мебуд, 74-сола мешуд.
Устоди азизам, Муҳаммадраҳими Сайдар имрӯз зодрӯз дорад. 16 сол лозим шуд, ки тадриҷан ба даргузашташ бовар кунам. Тули ин ҳама сол дар даст китоби “Гаҳвораи ноз” хаёлан бо ӯ мезистам. Намехостам бовар кунам, ки ӯ рафт ва дигар мулоқоти мо, дидори мо ба қиёмат монда…
16 сол шуд, ки ман ғами ҳиҷрону дурӣ аз ӯро таҳаммул мекунам. Ҳар боре зимистони сард мерасад ва ҷойи бӯи гулу сабзаву боронро барфу тундбод фаро мегирад, ман зимистони реҳлати ӯро пеши назар меорам. Тули ин 16 сол дар ҳамин фазои бе ӯ будан зистам, аммо ба умед зистам, мехостам марги ӯ такзиб шавад, мехостам баногаҳ ӯ бо ҳамон чеҳраи шукуфон аз дар дарояд. Тули ин 16 сол ду бор ва боз дар моҳи январ, чун субҳи имрӯз хаёли ӯ кошонаи ёдҳоямро атрогин мекунад.
Муҳаммадраҳими Сайдарро ба маънои томи ин ибора устоди худ медонам. Ин ӯ буд, ки ман ба журналист шудани худ бовар кардам, ӯ буд, ки ангеза медод, ӯ буд, ки вақти сари ҳар ҳарфу ҳиҷоям қалам мезад, баъди анҷоми таҳрир аз коғаз сар боло мекард ва мегуфт: Ина, шуд! Ва мешавад. Табассуси гармаш қалбамро гарм мекард, лаҳзае, ки сар аз коғаз боло мекард, дилам метапид, ки оё ба ин навиштаҳои шогирдона чи назаре дорад. Аммо ҳеч ҳарфеву ситоише ё мазаммате ҷойи як табассуми малеҳи ӯро намегирифт. Ҳамин бароям кифоя буд, ҳамин нигоҳ, ҳамин як табассум кифоя буд, ки ман ба роҳам идома диҳам. Ҳамин як табассум ҷаҳони дигарро ба рӯям боз мекард, қалбам метапид, ба оянда бовар мекардам, ба ИШҚ, МУҲАББАТ, САДОҚАТ дилгарм мешудам.
Ду нафаре аз ҳад зиёд барои мани мутахассиси ҷавон дар сарредаксияи гуфторҳои адабӣ-драмавии радио азизанд ва ин ду нафар ҳоло аз олами фано ба олами бақо раҳсипор шудаанд. Ҷумъабойи Дӯст-шоири рангинхаёл ва Муҳаммадраҳими Сайдар-нависандае, ки аз аввалин қадам ба майдони адабиёт бо сабки ба худ хос ворид шуд.
Ман ҳикояи “Гаҳвораи ноз”-и ӯро шояд азёд медонам. Мо борҳо онро гаштаву баргашта бо ҳам хондаем. Ман шунавандаву хонандаи аввалин навиштаҳои ӯву Ҷумъабойи Дӯст будам. Ман маҳз аввалин рӯзҳое, ки қадам ба идораи барномаҳои адабӣ гузоштам, бо ҳамин ду нафар одат кардам. Ин ду нафар ба ҷуз ин ки бароям ҳақи устодӣ доштанд, боз чун ду бародари бузург бо рафтору аъмолу гуфторашон маро тасхир карда буданд. Ман дунёи журналистикаро бе вуҷуди ин ду тан наметавонистам тасаввур кунам.
Мо қариб ҳар бегаҳ баъди анҷоми соати корӣ пойи пиёда қадамзанон сӯи манзилҳои худ мерафтем. Ман иҷоранишин дар маркази шаҳр буданм, хонаи онҳо ба самти микрорайони 102 буд. Дар бораи соҳиби хона шудани ду устод бояд алоҳида нависам, чун мавзуи дардноку ҳассосест. Ман шоҳид будам, шоҳиди аз бехонагӣ дар ба даре иҷора нишастани ду қаламкаш, ду донишманд, ду фақеҳ дар риштаи худ.
Ман шоҳид будам, шоҳиди беқадрии суханвар, шоҳид будам, ки соҳибватан иҷоранишини аҷнабӣ буд. Ман шоҳид будам, ки як иҷрочии суд кӯрпаву болини Ҷумъабойи Дӯстро дар як рӯзи боронӣ беруни дар мекард, амри додгоҳ буд, ки хонаро холӣ кунад, мебоист шоир тарки манзиле кунад, ки солҳо он ҷо мезист, бояд ӯ равад ва русзане он ҷо муқим шавад. Худо биёмурзад руҳу равони Нурмуҳаммад Табаровро, ки бо хоҳиши худобиёмурз Мирзо Шакурзода бо истифода аз вазифа (сардабири “Тоҷикистони Советӣ” буд) бо як занги телефон ба сарвари аввали ҷумҳурӣ ин мушкилро ҳал кард. Мо дубора кӯрпаву болини Ҷумъабойи Дӯустро аз зери борон дохили кулба кардем. Ва шояд ҳамин ҳодиса буд, ки соле баъд ба ӯ хона доданд. Аммо ин қиссаи дигар аст.
Аз Хонаи радио то 102 қариб ҳар бегоҳ пойи пиёда мерафтем, ман бо онҳо мерафтам, ман ташнаи суҳбати онҳо будам. То дари манзилашон мерафтам, баъзан медаромадам ва боз сари як пиёла чой суҳбат мекардем ва ман бозпас ба марказ, ба кӯчае, ки он замон Красноармейский ном дошт, бозмегаштам. Ман мехостам ин равуо беохир бошад, мехостам ин суҳбатҳо, ки миёни он шӯхиҳои ширину латиф ҳам буд, поён надошта бошад.
Ҷумъабойи Дӯст ҳатман як шеъри нав қироат мекард ва мо онро баррасӣ мекардем.
Муҳаммадраҳим шоир набуд, аммо беҳтарин шеърдон буд. Агар ӯ пажӯҳиши шеърро роҳи адабии худ интихоб мекард, шояд аз беҳтарин мавлавипажӯҳон мебуд. Замоне, ки Мавлонои Балхро аз номаш мешинохтем, Муҳаммадраҳим Девони Кабири ӯро дошт, Маснавии маънавиро дошт. Ва чун ҳикояте аз Маснавӣ нақл мекарду, таҳлил менамуд, ман намехостам ба ин таҳлил нуқта гузорад, онро идома диҳад. Бузургии Мавлавиро ман бори аввал аз ҳамин таҳлилҳои Муҳаммадраҳим донист ва пайи омӯзиши офаридаҳои мондагори ин орифи раббонӣ шудам.
- НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН АБДУЛҲАМИДИ САМАД ДАР БОРАИ МУҲАММАДРАҲИМИ САЙДАР
- ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗИ РАНГУ ҶИЛОИ МАТОЪ. БОЗНАШРИ ЯК МАҚОЛАЕ, КИ СОЛИ 1983 ЧОП ШУДА БУД
Ҳоло ки ин сатрҳоро менавиштам, боз даст ба китоби охирини Муҳаммадраҳими Сайдар “Гаҳвораи ноз” бурдам. Аввалин саҳифае, ки ба чашмам расид ёдномаи Муҳайё, духтарбузурги устод Муҳаммадраҳим буд. Гӯё Муҳайёи азиз, ин хоҳараки донишманду нозанинам ба кумакам расид ва Мавлавидониву Мавлавихонии устодро, ки болотар аз он ёд кардам, тасдиқам мекард. Бо ин сатрҳо:
“Дадаҷон, Шумо маро Мавлвихон кардед, меҳри Мавлавиро дар дилам ҷо кардед, бузургии Мавлавиро бароям кушодед. Ҳар шаб агар як пора ашъори Мавлавиро мутолиа накунам, хобам намебарад. Ба ин одат кардаам. Охир муддати се сол дар Москав (хобгоҳи Институти ветеринарӣ) қариб ҳар шаб ин машғулияти ману Шумо буд. Акнун бе Шумо душворӣ мекашам. Саволҳои зиёде дар сарам маро ором намегузоранд, асрори Мавлавиро бештару бештар мехоҳам бидонам. Шуморо меҷӯям, то бо Шумо баҳс кунам. Вале сад афсӯс…”
Ашк дар чашмонам ҳалқа зад. Дигар ёрои навиштан намонд…
Ҷумъабойи Дӯстро оби пурхӯрӯши Зарафшон ҳамроҳ бо хонаводааш ба камаш кашид ва аз ӯ ба ҷуз як китобчаи хеле хурди ашъор, ки бо талош ва сарсухани устод Гулназар чоп шуда буд, чизе боқӣ намонд.
Муҳаммадраҳими Сайдарро ғурбат ва ғами муҳоҷирону азоби муҳоҷират қабл аз вақт дар гирдоби ғам кашид, бемор кард, беморие, ки ҷуз марг хотимаи дигар надошт. Ин бемории нодармон билохира ӯро дар синни 58-солагӣ аз пой афтонд ва дар ғарибӣ ҷон ба Ҷонофаринаш таслим кард.
Аз ӯ се фарзанд: як писару ду духтар ва ҳамин китоби “Гаҳвораи ноз” монд, ки то талоши ҳамсари азизу дӯстдоштааш, апаи меҳрубону дилсӯз ва донишманду фарзонаам Шарофат ва дастгирии радиои Озодӣ, ки Муҳаммадраҳим солҳои охири умр паёмрасони ҳоли муҳоҷирини тоҷики муқими Русия барои ин радио буд, нашр гардид, боқӣ монд. Ва боз наберагони дӯстрӯ, ки бешак идомадиҳандагони умри бобои некноми хешанд….
Охирин бозии нотамоми мо оғози афсонаи Сурхоб аст.
- Афсонаи Сурхоб?
- Бале.
- Ту медонӣ онро?
- Бале, медонам.
Бигӯ, хоҳиш дорам, бигӯ.
(Иқтибос аз ҳикояи Муҳаммадраҳими Сайдар “Афсонаи Сурхоб”).
Ӯ рафт, давоми афсонаи Сурхоб ногуфта монд. Афсонагӯи Сурхоб дар канори ҳамин дарё ба хоби адаб рафт.
Ёдат ба хайру манзили охиратат нуронӣ бод, устоди азиз Муҳаммадраҳими Сайдар!
Бобоҷони ШАФЕЪ