60 сол пеш дар “Садои Шарқ”. Мирзо Турсунзода дар бораи Абдурраҳмони Ҷомӣ

Мирзо ТурсунзодаДар асри шонздаҳ Ҳирот ба маркази илму маданият ва санъату адабиёти замон табдил ёфта буд. Дар он ҷо олимон ва файласуфон, адибон ва наққошони шаҳир зиндагӣ ба сар мебурданд, лекин дар миёни онҳо ду симои бузург, ду адиби ба ҳамаи забонҳо матлуб, шоири бузурги ӯзбек Алишер Навоӣ ва шоири форсу тоҷик Абдурраҳмони Ҷомӣ шукӯҳи машриқи куҳанро меафзуданд. Ин ду суханвар,-ду уқоби баландпарвоз, яке ба забони туркии қадимӣ ва дигаре ба забони форсӣ доди суханро медоданд, китоб-китоб достону ғазал ва фалсафаву ахлоқ менавиштанд.

СУХАНСАРО ВА ИФОДАКУНАНДАИ ҒОЯҲОИ ДӮСТӢ

Дар ин рӯзҳо халқи тоҷик ҳамроҳи тамоми халқҳои Иттифоқи Советӣ 550-солагии шоир ва мутафаккири бузурги тоҷику форс мавлоно Абдурраҳмони Ҷомиро ҷашн мегиранд. Ҷашни Абдурраҳмони Ҷомӣ монанди ҷашни дигар симоҳои бузурги тамаддуни замони гузашта, дар мо на танҳо ифодаи эҳтироми комил ва изҳори муҳаббат нисбат ба хотираи ин шахси олимақом ва шоири ҷовиду пойдор, балки ин ҷашни маданияти имрӯзаи халқи тоҷик аст, ки бо роҳбарии Партияи Коммунистӣ ва Ҳукумати Советӣ давлати мустақили худро барпо намуда, дар зарфи чил сол ба музаффариятҳои бемислу монанди иқтисодӣ ва сиёсӣ ноил гардид.

Абдурраҳмони Ҷомӣ аз замони мо панҷ аср пеш зиндагӣ ба сар бурдааст. Давраи зиндагии ӯ – давраи истибдоди феодалӣ, кашмакаш ва задухӯрдҳои пай дар паи темуриён, шиддати кинаву адовати таасуби динӣ ва мазҳабӣ буд. Ривоҷу равнақи илму маданият ва санъату адабиёт, ки дар қаламрави давлати бунёдкардаи Ҳусайн Бойқарои Темурӣ вуҷуд дошт, муҳити тираи зиндагии пурмашаққати халқи меҳнаткашро равшан акс карда наметавонист.

Абдурраҳмони Ҷомӣ дар ҳаёти илмӣ-адабӣӣ он давр аз симоҳои бузургтарин ва дар осмони тираву тори феодалӣ яке аз ситораҳои тобон буд. Шоири бузург қатъи назар аз маҳдудияти таърихии ҷаҳонбиниаш аз муҳити иҷтимоии он замон, мехост бо нури дониш чашми торики муосиронашро равшан намояд. Ӯ дар “Тӯҳфат-ул-аҳрор” дар насиҳати фарзанди арҷмандаш чунин хотиррасон мекунад:

Наёбад ҳеҷ кас умри дубора,

Ба илме рав, к-аз онат нест чора.

Чу касби илм кардӣ дар амал кӯш,

Ки илми беамал заҳрест бе нӯш.

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Ҷомӣ ба қувваи сеҳрангезу мӯъҷизаосои назми худ такя намуда, ба ҳимояи адлу инсоф, инсондӯстӣ, бародарӣ ва баробарӣ садои худро баланд менамуд: зулму ситам ва беадолатии ҳокимону золимони замони худашро мазаммат мекард.

Зулми шоҳон зи ҳад гузашт имрӯз,

Ҳаст бар мо ҳазор шукр ҳанӯз.

Ки на дар хӯша, балки дар хирман,

Гандуми мо намешавад арзан.

Инак, ҳамин афкори олӣ ва наҷибона, ки дар либоси назми пок ва самимона ороста шудааст, номи Ҷомиро барои наслҳои имрӯза ва оянда муҳиб ва ҷовид гардонидаанд. Шоири бузург агарчанде пири Нақшбандия буд, вале шайхони ҷоҳилро, ки мардуми авомро фиреб медоданд, ба гумроҳӣ меандохтанд, аз дину шариат доми ҳилаву тазвир месохтанд, сахт ба зери танқид мегирифт.

Абдурраҳмони Ҷомӣ чи тавре ки Восифӣ дар “Бадоеъ-ул-вақоеъ”ҳикоя мекунад, шахси хоксору шикастанафс буда, ҳамеша бо одамони одӣ, бо аҳли илму адаб унс мегирифт ва аз сӯҳбати ашроф ва аъёнҳо аз базмҳои фосиқонаи дарбориён канорагирӣ мекард. Ӯ тамаллуқгӯиро бо тамоми ҳастияш бад медид. Ин аст ки  худи шоир бо забони назм мегӯяд.

Ба дандон рахна дар фӯлод кардан,

Ба нохун роҳи хороро буридан.

Фурӯ рафтан ба оташдон нагунсор,

Ба пилки дида оташпора чидан,

Ба фарқи сар ниҳодан сад шутур бор.

Зи машриқ ҷониби мағриб давидан,

Басе бар Ҷомӣ осонтар намояд,

Зи бори миннати дунон кашидан.

Дар асри шонздаҳ Ҳирот ба маркази илму маданият ва санъату адабиёти замон табдил ёфта буд. Дар он ҷо олимон ва файласуфон, адибон ва наққошони шаҳир зиндагӣ ба сар мебурданд, лекин дар миёни онҳо ду симои бузург, ду адиби ба ҳамаи забонҳо матлуб, шоири бузурги ӯзбек Алишер Навоӣ ва шоири форсу тоҷик Абдурраҳмони Ҷомӣ шукӯҳи машриқи куҳанро меафзуданд. Ин ду суханвар,-ду уқоби баландпарвоз, яке ба забони туркии қадимӣ ва дигаре ба забони форсӣ доди суханро медоданд, китоб-китоб достону ғазал ва фалсафаву ахлоқ менавиштанд. “Хамса”-и Навоӣ ва “Ҳафавтранг”-и Ҷомӣ монанди дурдонаҳои камёфт ба ҳазинаи маданияти ҷаҳонӣ дохил шуданд. Навоӣ ва Ҷомӣ бо ҳамдигар, чи тавре ки тоҷикон мегӯянд, дӯстони нонӣ не, балки дӯстони ҷонӣ гардидаанд. Онҳоро назм ба ҳамдигар пайваст, фикру ақидаи ягона чи дар назария ва чи дар бардоштани обрӯю эътибори назм, чи дар инкишофи илму маданият яктан ва якҷоя намуд.

Ба ҳампайвастии ду дили ду шоири бузургро дар асарҳои худи онҳо мутолиа мекунем. Дар достони “Лайлӣ ва Маҷнун” Ҷомӣ дар васфи Навоӣ чунин мегӯяд:

Ёре ки кунад ба ёр пайванд,

Нахли амалаш шавад баруманд.

Ёр аст калиди ганҷи уммед,

Ёр аст навиди айши ҷовид,

Хоса, ки ба боғи ошноӣ,

Бар шохи вафо бувад Навоӣ.

Яъне ки навои лутф созад,

Дилҳои шикастагон навозад.

Дӯстии ин ду ҳайкали бузурги назми мо ба ҷое расида буд, ки наметавонистанд, дур аз ҳамдигар зиндагӣ кунанд. Ба хотир оред он шеърро, ки Ҷомӣ дар вақти ба ҳаҷ сафар кардан ба Навоӣ навишта буд ва ҷавоби Навоиро ба Ҷомӣ.

Дар канори Даҷла дур аз ёру маҳҷур аз диёр,

Дорам аз ашки шафақгун даҷлаи хун бар канор.

Ҷавоби Навоӣ:

Ин нома на нома, дофеи дарди ман аст,

Ороми даруни ранҷпарварди ман аст.

Таскини дили гарму дами сарди ман аст,

Яъне хабар аз моҳи ҷаҳонгарди ман аст.

Абдурраҳмони Ҷомӣ ба ҳамин ақида ва ғояҳои пешқадамонаи худ ба асри нави мо дохил шуд ва дар қатори симоҳои бузургтарини тамаддун ва адабиёти ҷаҳонӣ мақеи сазовореро ишғол намуд. Асарҳои Ҷомӣ пас аз панҷ қарн имрӯз на танҳо бо забони модарии ӯ, балки ба бисёр забонҳои халқҳои ҷаҳон интишор омад ва башарияти тараққипарвар ёд ва эҳтироми ин машъали тобони назм ва сарояндаи дӯстӣ ва бародариро пос медоранд…

Аз маҷаллаи “Садои Шарқ”, 1965, №1

Таҳияи мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ Манижа Ибрагимова