60 сол пеш дар “Садои Шарқ”. Мухтасари суханронии Аминҷон Шукӯҳӣ дар ҷашнвораи Ҷомӣ
Адабиёти мо, тоҷикон ва ӯзбекон монанди дарёҳои моянд. Дарёҳои мо аз сарзамини яке сар шуда, нафақат мардуми он диёр, балки ҳамсоягонро низ бо оби зулоли худ шодоб мегардонанд. Дар замони советӣ бошад ГЭС-ҳои азаматро ба кор андохта, ба комбинатҳо қувва ва ба хонаҳо чароғ мефиристоданд. Адабиёти мо ҳам айнан ҳамин тавр, мардуми моро аз файзи ҳамдигар баҳравар мегардонанд, барои дӯстӣ ва рафоқат хидмат мекунанд…
АДАБИЁТИ МО ЧУН ДАРЁҲОИ МОАНД
Шоири ҳақиқӣ ҳамроҳи халқ, ҳамроҳи ворисони маданият абадӣ зинда мемонад, ба онҳо дар кору мубориза барои бахту саодат ҳамсаф, дар рӯзҳои бахту мушкил ва тую тантанаҳо ҳамдаму ҳамнафас аст.
Имрӯзҳо халқҳои Ватани бузурги мо ва одамони тараққипарвари олам 550-солагии яке аз сутунҳои мустаҳкаму пойдори бинои адабиёти тоҷику форс Абдурраҳмони Ҷомиро ҷашн мегиранд. Ин ҷашн ҷашни ҳаёти дуввум, ҳаёти ҷовидонаи ин шоири бузург ва хирадманди баландмақом аст. Чи хел ки худи ӯ мегӯяд:
З-он ки зери зумураддин торум,
Номи некӯ бувад ҳаёти дувум.
Ғазалу рубоиҳои шаҳроҳӯб, достонҳои пур аз панду ҳикмат ва дигар асарҳои беназир номи ин суханвари беҳамторо дар саҳифаи таърих бо некӣ абадӣ сабт кардаанд. Ҷомӣ қариб 500 сол боз гаштаю баргашта ба ҳар як насл аз нав зинда шуда, миллион-миллион дӯстони нав, мухлисони нав пайдо мекунад, ба муқобили беадолатӣ, фисқу фуҷур, ҷаҳолат бо суханони обдор шамшер мекашад ва башариятро ба дӯстию рафоқат ва иззату эҳтироми ҳамдигар даъват мекунад.
Дар замони советӣ, ки дарахти зулму истибдод абадӣ решакан шудааст, Ҷомӣ гӯё қомати худро озодона баланд кард. Китобҳои бо хуни дил навиштаи ӯ дастраси хонандагони бешумор гардиданд, номи вай ба воситаи забони халқи кабири рус барои мардуми сермиллати советӣ азизу мӯҳтарам гардид ва имрӯз дар қатори Пушкин, Ҳоқонӣ, Шота-Руставелӣ, Абай, Тӯхтагул ва Махдумқулӣ ба забон гирифта мешаванд.
Барои халқи бародари ӯзбек бошад, вай боз ҳам наздику фаҳмотар аст. Дӯстии Ҷомӣ ва доҳии назми классикии ӯзбек Алишер Навоӣ ҳанӯз дар ҳамон замони асорати феодалӣ рамзи ҳамтақдир ва бародари ҷонӣ будани мардуми тоҷику ӯзбек буданд. Гуногун будани забон ҳеҷ гоҳ садди роҳи дӯстӣ шуда наметавонад. Гап дар дил, дар ният ва мақсаду маром аст. Навоӣ ва Ҷомӣ асарҳои ҳамдигарро бо муҳаббати тамом мехонданд, завқ мебурданд, якҷоя беҳбудии халқи меҳнаткашро орзу мекарданд. Бинобар он дар таърихи адабиёт номи онҳо чун гулҳои ошиқи печон бо ҳам печидааст.
Адабиёти мо, тоҷикон ва ӯзбекон монанди дарёҳои моянд. Дарёҳои мо аз сарзамини яке сар шуда, нафақат мардуми он диёр, балки ҳамсоягонро низ бо оби зулоли худ шодоб мегардонанд. Дар замони советӣ бошад ГЭС-ҳои азаматро ба кор андохта, ба комбинатҳо қувва ва ба хонаҳо чароғ мефиристоданд. Адабиёти мо ҳам айнан ҳамин тавр, мардуми моро аз файзи ҳамдигар баҳравар мегардонанд, барои дӯстӣ ва рафоқат хидмат мекунанд…
Бе орзу шоире набуд ва намешавад. Ҳамаи бузургон гаштаю баргашта такрор кардаанд, ки агар орзуҳои онҳо баъди ҳазор сол ҳам ба вуҷуд ояд, аз нав зинда хоҳанд шуд. Орзуи Ҷомӣ ва Навоӣ бародарию рафоқат, сулҳу амонӣ, ободонии мамлакат буд. Орзуи онҳо имрӯз ҷомаи амал пӯшид. Инро мо аз дӯстии ленини халқҳо, гул-гулшукуфии республикаҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки ба наздикӣ 40-солагии ташкилшавии худро ид карданд, аз биёбонҳои ободшуда, аз чароғҳои равшани хонаҳо, аз табассуми латифи кӯдакон, аз маҷлиси имрӯза, аз тапиши дилҳои софи ҳозирон ва ҳашамати ин қаср мебинем. Орзуи бузургони мо ба амал омад ва онҳо дар ҳақиқат аз нав зинда шуданд. Онҳо бо мо мераванд ва бо наслҳои оянда ба ҷашнҳои ҳазорум ва дуҳазоруми худ боз ҳам ҷавонтар шуда, иштирок хоҳанд кард.
Ҷомии бузург номи яке аз осорҳои худро “Силсилат-у-заҳаб”, яъне силсилаи тиллоӣ номида аст. Лекин чи хеле ки мебинем аксари асарҳои ӯ силсилаҳои тиллоӣ буданд. Чунки фақат тиллои ҳақиқӣ аз обу оташ зараре намебинад. Ҳамаи асарҳои бадеӣ ба оташхонаи вақт меафтад ва ҳар он чизе, ки ба халқ лозим нест сӯхта хокистар мешавад ва фақат асарҳои ҳақиқӣ чун тиллои холис боқӣ мемонанд. Мо, одамони советӣ, ворисони ҳақиқии ҳамаи силсилаҳои тиллоӣ ҳастем, ба қадри он мерасем. Онҳоеро, ки ин гуна дурдонаҳоро аз қаъри дарёҳои эҷодиёти халқ чида, ба риштаи назм кашидаанд, қадршиносӣ мекунем.
Астрономҳо тасдиқ мекунанд, ки нури баъзе ситораҳо аз коинот ба замин баъди садҳо, ҳазорҳо ва даҳҳо ҳазор сол омада мерасанд. Замин ҳам ситораҳои хомӯшнашавандаи худро дорад. Дар асри мо, ки фатҳи коинот аз орзу ба ҳақиқат табдил шудааст, парвози одам ба сайёраҳои дигар аз эҳтимол дур нест. Бо киштиҳои фалакпаймо, бо ҳамроҳи одами замини мо бо дигар сайёраҳо нури ситораҳои замин- номи олимони бузург, мутафаккирон ва шоирони забардаст то ба ситораҳои дигар рафта хоҳанд расид, ки дар қатори он ситораҳо Ҷомӣ ва Навоӣ низ ҳастанд. Онҳо дар ҳаёт ҳамнафас, дар суханронӣ ҳамфикр буданд ва онҳо то абад ҳамин тавр мемонанд…
Агар Ҷомӣ дар ин шабнишинӣ ҳозир мебуд, чунин байти худро бо замзамаи тамом такрор мекард:
Шудам фирӯз бар васлат ба рағми чархи фирӯза,Кӣ дорад дар ҷаҳон ин бахти фирӯзе, ки ман дорам
Нестам чун ёр туркигӯ, вале то зиндаам,
Чашми турку лаъли туркигӯи ӯро бандаам.
Аз маҷаллаи “Садои Шарқ”, 1965, №1
Таҳияи мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ Манижа Ибрагимова