65 сол пеш дар “Шарқи Сурх”. с. Оид ба вазъияти имрӯзаи кинои тоҷик
«Чароғ дар кӯҳсор» филми бадеии панҷӯмин аст, ки студияи «Тоҷикфилм» баровардааст. Ин филм ба мавзӯи мубориза ба муқобили рафтори бемасъулиятона ба меҳнат ва касбу ҳунар бахшида шудааст. Филм мебоист дар бораи ҳисси вазифашиносӣ, дӯстӣ ва муҳаббат ҳикоят кунад. Албатта, ин масъалаҳо масъалаҳои муҳимми ҳаёти имрӯзаи мо буда,тамошобинро, махсусуан ҷавоноро ба ҳаяҷон меоваранд. Ин гуна филмҳо ба мо беш аз пеш лозиманд. Аммо сюжети филм ниҳоят суст инкишоф меёбад ва тамошобинро дилгир мекунад. Ходимони стансияи кӯҳии обуҳавосанҷӣ вақте ки ба сари онҳо офати табиӣ меояд,фидокорӣ нишон медиҳанд, вале ин ҳам гӯё тасодуфан рӯй медиҳад. Меҳнати доимӣ метеорологҳо дар филм рӯякӣ ва бетаъсир ифода ёфтааст. Тақдир ва характерҳои қаҳрамонони филм ҳаматарафа равшан намешавад.
Азбаски сенарияи филм хеле суст буд, кӯшиши режисёр ҳам барои беҳтар шудани асар натиҷаи матлуб наовардааст. Дар бисёр саҳнаҳо ҳаракатҳои қаҳрамонон ва тасвири воқеаҳо ғайриқаноатбахш буда, тамошобинро бовар намекунонанд. Дар филм махсусан бозии актёрҳо суст аст. Режисёр ҳангоми интихоби актёрҳо ҷиддият ва серталабӣ зоҳир накардааст. Ба ӯ лозим буд, ки бо актёрҳои камтаҷриба машқҳои иловагӣ гузаронанд. Аммо ин кор, мутаассифона, иҷро нашудааст. Ҳатто баъзе актёрҳои таҷрибанок ҳамчун Белов, бисёр суст бозӣ кардаанд.
Дубляжи филми «Чароғ дар кӯҳсор» ба забони русӣ ғайриқаноатбахш баромад. Филм ягон хатои ғоявӣ надошта бошад ҳам, сустии бадеияти он имкон надод, ки ба қатори филмҳои хуби имрӯза дохил шавад. Масъалаҳои дар филм бардошташуда то охир дуруст ҳал карда нашудаанд. Дар он намунаҳои хуби образи ҳамзамони моро, ки бояд солҳо дар хотири тамошобин монад, дида наметавонед. Ҳамин тариқ, мақсади хуби филм ба таври бадеӣ ва равшан муҷассам нашудааст ва филми “Чароғ дар кӯҳсор” муваффақияти қазоӣ пайдо карда натавонист.
Гоҳо дар вақти ба экран мувофиқ кунондани асари бадеӣ мазмуни васеъ ва бадеияти баланди асар суст мешавад. Бо айби муаллифони сенарияи филм Д. Рутицкий ва Л. Василиу дар ҳангоми сенария сохтани романи Бруно Ясенский айнан ҳамин ҳолат рӯй додааст. Дар сенарияи филм тасвири амиқи тараққиёти мантиқии характери қаҳрамонон вусъати воқеаҳо ва ягонагии тараққиёти онҳо, ниҳоят, устухонбандии аҷоиби романро намебинем. Ин нуқсони сенарияи адабӣ ба сифати филм хеле таъсир расонидааст.
Ба фикри мо, беҳтар мешуд, ки филми «Одам пӯсташро иваз мекунад» танҳо аз як серия иборат шавад. Кас филмро дида, гумон мекунад, ки он аслан аз як серия таъин шудааст, вале дар рафти кор аз он бо зӯрӣ ду серия сохтаанд.
Мақсади асосии филми «Насриддин дар Хуҷанд» офаридани образи машҳури қаҳрамони латифа ва ҳикоятҳои халқӣ – Хоҷа Насриддин мебошад. Одамони одии мамлакатҳои Шарқ дар давоми бисёр солҳо бовар мекарданд, ки дар ҳақиқат Хоҷа Насриддин ном кас гузоштааст.
Мардум бо номи ӯ ҳазорон латифа бофтаанд. Албатта, дар экрани кино зинда сохтани ин образи маҳбуби халқ кори сазовори таҳсин мебошад.
Вале, мутаасифона, режиссёрон А. Бекназаров ва Э. Карамян дар кори офаридани образи Хоҷа Насриддин аз аввал кори нодурустро пеш гирифтанд. Онҳо як образи умумии шахси зираку халқпарварро офариданӣ шуда, Насриддинро аз чизи асосӣ – аз хусусиятҳои миллии тоҷикаш маҳрум кардаанд ва бо ҳамин халқияти образи Насриддин аз байн рафтааст.
Г. Тонунц, ки дар филми дигар образи револютсионер Каморо хуб бозида буд, дар роли Насриддин ба одами аз байни халқ баромада ҳаргиз монанд нест. Насриддини ӯ офарида аз ҳад зиёд интеллигент ва ба таври афсонавӣ зебо аст, вай на ба қаҳрамони халқӣ, балки бештар ба қаҳрамони афсонавӣ монанд мебошад. Актёр, ки қобилияти ҳаҷвгӯӣ надорад, образи аҷоиби халқии Насриддинро офарида натавонистааст.
Дар он лавҳаҳое, ки хандаи тамошобин баланд мешавад, роли асосиро Насриддин не, балки шоҳзода, дузди бағдодӣ ва фолбин мебозанд. Насриддин бештар ба найрангбоз монанд шудааст ва ҳол он, ки мебоист мисли қаҳрамони латифаҳои халқӣ, бо ақли тез ва ҳозирҷавобии худ аҳли дарборро масхара кунад.
Агар режиссёрон дар офаридани образи марказӣ ин тавр сарсарӣ рафтор намекарданд, филми «Насриддин дар Хуҷанд», бешубҳа, ба муваффақияти калон соҳиб мешуд, зеро дар филм дигар образҳои хуб бисёранд. Масалан, образи дузди бағдодӣ дар иҷрои артисти ҷавон М. Орифов хеле шавқангез мебошад. Ин образ бо ширинкорӣ, хушфеълӣ ва софдилии худ диққати тамошобинро ҷалб мекунад.
Артист Т. Собиров низ роли Шаҳзодаро нағз мебозад. Дар иҷрои ин рол истеъдоди маҳзакавии ӯ равшан намоён шудааст. Образи ӯ офарида – образи шоҳзодаи гӯл, нобарор ва худписанд мебошад. Дар симои ӯ характеристикаи иҷтимоии «валиаҳди тахт »-ро мебинем.
Дар филм хандаҳои баҳудаву беҳуда бисёр шудааст. Гоҳҳо барои аз гапи бемаънӣ хандаҳои гулдурросӣ барпо мешавад ва режисёрон ба ин диққати махсус зоҳир мекунанд. Ба ҳамин тариқ, халқ дар баъзе лавҳаҳои филм ба як тӯда бекорхӯҷаҳо, ки ба ҳар як сухани бемаънӣ соатҳои дароз хандида мешинанд, монанд мешаванд.
Мақсади дастаи роҳзанон низ ба тамошобин равшан намешавад, шояд муаллифони филм ин дастаро мисли дастаи қаҳрамони халқии англис Робин Гуд тасвир карданӣ шуда бошанд, вале ин тавр нашудааст.
Филми «Вақти зангирии писар расид» аввалин асари ба саҳна гузоштан режисёри ҷавон Тоҳир Собиров мебошад. Сенарияи онро кинодрамматурги ҷавон Шамсӣ Қиёмов навишташудааст. Филм дар бораи одамони нектолеъ ва саховатманди кишвари офтобрӯяи мо ҳикоят мекунад. Ин кинокомедияи шавқангез бисёр ҳодисаҳои хандаовари ҳаёти ҷавонони моро тасвир мекунад.
Албатта филми мазкур низ аз камбудиҳо холӣ нест. Боз ҳаминро дар хотир доштан лозим аст, ки ин филмро ходимони ҷавони санъати кинои мо офаридаанд. Сенарияи Ш.Қиёмов бо услуби ба театр хос сохта шудааст. Дар филм ҳикояи аз ҳамдигар фарқ карда нашудани духтарони ҳамном – Зебо I ва II, воқеаҳои нашнхтани падар духтари худро, ки айнак ва яктаҳи духтурӣ пӯшидааст ва ҳаракатҳои тӯдаи занон, ки “дузд”-ро дастгир мекунанд-ниҳоят сохта ва аз боварӣ дур аст…
…Сабаби асосии бемуваффақиятӣ дар он аст, ки сенария ниҳоят суст ва камбағал буда, ба актёрҳо имконият намедиҳад, ки образҳоро озодона пурра ифода намоянд. Артистони таҷрибадор дар филм ба ҳар мақом бозидан мегиранд, артистони ҷавон роли худро дуруст нафаҳмида бозиро кашол медиҳанд, аз афти кор онҳо хайёл мекунанд, ки «ин филм водевил аст ва ҳар хел рафтор кунӣ мешавад». Режисёр Т. Собиров ҳам онҳоро аксар вақт ба ихтиёри худашон мегузорад.
Дар филм роли Зебои нозпарвард дар иҷрои Дилбар Қосимова тамошобинро қонеъ мекунонад, вале роли Зебои сабзина дар иҷрои Роза Акобирова ин тавр нест.
Мехоҳам бори дигар таъкид кунам, ки бемуваффақиятии бисёр филмҳои мо маҳз аз сустии сенарияҳо сар мезанад. Зеро асоси саъати кино аз адабиёт аст. Ходимони киноматографияи мо барои ҳар як муваффақияти худ аз нависандагон миннатпазиранд. Онҳо аз асарҳои барҷастаи нависандагон таълим ва илҳом мегиранд. Бе асарҳои Садриддин Айнӣ, бе сурудҳои Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Аминҷон Шӯкӯҳӣ, Файзулло Ансорӣ, бе сенарияҳои адабии яке аз нахустин кинодрамматургҳои тоҷик Сотим Ӯлуғзода студияи «Тоҷикфилм»ягон асари хуби кино офарида наметавонист.
Сенарияи пурмазмун на фақат ба режисёр ва иҷрокунандагони ролҳои асосӣ, балки ба тамоми коллективии эҷодии студия ёрии калон мерасонад. Бе сенарияи пурмазмун филми бадеии хуб офаридан мумкин нест.
Аз тарафи дигар, кино мазмуни асари бадеиро ба тамошобини сершумор ниҳоят фаҳмо ва равшан карда нишон медиҳад. Ин чиз ба фоидаи нависанда аст. Аз ҳамин сабаб алоқаи мустаҳками нависандагон, ки киноматографҳои мо ҳам ба ҳамдигар ва ҳам ба тараққиёти санъат ва адабиёти мо таъсири бузурги муфид бахшида метавонад.
Вале аз чи сабаб бошад, ки нависандагони боистеъдоди мо Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ Фотеҳ Ниёзӣ ва дигарон, дар баробари повесту романҳои хубашон дар асоси ҳамин асарҳояшон киносенария наменависанд. Александр Корнейчук яке аз песаҳои машҳури худ «Ҳалокати Эскадра »-ро баъди дар ҳамин мавзӯъ таълиф кардани сенария навишта буд. Алексей Толстой ҳам дар вақти навиштани романи «Пётри I»-ро имконият дода буд, ки аз рӯи ин асар филм созанд.
Ин хел масоилро аз дабиёти тоҷик низ ёфтан мумкин аст. Нависанда Сотим Улӯғзода песаи худ «Рӯдакӣ»-ро пас аз навиштани сенарияи «Қисмати шоир» эҷод кардааст. Агар ҳамаи нависандагони соҳибистеъдоди мо дар кори кино ширкат медоштанд, он гоҳ ба хизмати А. Петровский барин драммасозон, ки се сол боз сенарияи «Рақибаҳо»-и Муҳаммадҷон Рабиевро (аз рӯи пессаи«Добрая слава») гаштаю баргашта кор мекунад, ҳоҷат набуд. Ба фикри мо шӯрои бадеии студия хуб кард, ки ин сенарияи аз ҳаёт дури А. Петровскийро рад намуд.
Бисёр зарур аст, адибони тоҷик аз ҳамқаламони москвагӣ ва ленинградии худ ибрат гирифта, бо кинематографияи тоҷик алоқаи зич банданд. Мутаасифона, нависандагон худро аз кинематография ҳанӯз ба канор мекашанд, ва агар сабаб пурсед, «кори кино кори душвор» мегӯяд. Албатта, ин ҷавоб қаноатбахш нест. Нависанда метавонад, ки дар аввал бо ягон кинодрамматурги таҷрибанок ҳамроҳ сенария нависад ва баъди таҷрибаи кофӣ ба даст овардан, худаш мустақилона кор кардан гирад. Дар ин бобат аз нависанда Улуғзода ибрат гирифтан мумкин аст. Ӯ аввалин киносенарияи худ «Ибни Сино»-ро ҳамроҳи кинодрамматург А. Виткович навишта буд ва баъд сенарияи филми «Қисмати шоир»-ро худаш мустақилона навишт. Ӯ ҳоло дар мавзӯи замонавӣ сенарияи нав навишта истодааст.
Гоҳ чунин ҳолатро ҳам мебинем: нависанда ягон повести хубе таълиф мекунад, вале худаш дар асоси он сенария навиштан намехоҳад. Шӯрои бадеии студия аз ӯ хоҳиш мекунад, ки повесташро бидиҳад, то ки дар асоси он ягон кинодрамматург сенария нависад. Нависанда боз розӣ нашуда шарт мемонад, ки сенария ба номи ҳардуяшон бошад. Шӯрои бадеӣ рози мешавад ва мегӯяд, ки нависанда ва кинодрамматург ҳамроҳ нишаста кор кунад. Нависанда ба ин розӣ намешавад ва мегӯяд, ки «ман он чӣ карданам лозим буд, кардам, акнун кинодрамматурги шумо кор кунад!» Албатта ҳеҷ кинодрамматургба ин шарт розӣ намешавад. Зеро сенарияи адабӣ асари мустақил шуморида мешавад.
Нависанда, режиссёр, оператор ва рассом барои офаридани филм ниҳоят хидмати калон мекунанд, вале дар бобати ба вуҷуд овардани образ дар филм мавқеи актёр ҳам хурд нест. Хурсандиовар аст, ки кинематографияи тоҷик вақтҳои охир як гурўҳ артистони истеъдоднокро тарбия кард, ки Г. Завқибеков, М. Орифов, Д. Саидмуродов, Д. Қосимова, Х. Назарова, Н. Шомансурова, Д. Ҷўрабоев ва дигарон аз ҷумлаи онҳоанд. Образҳои Ўртабоев, Наврўзов, Зулфия, Карим, ки ҳамин артистони ҷавон офаридаанд, сазовори баҳои баланд мебошанд. Вале дар бисёр филмҳои мо бозии артистон ҳанўз қаноатбахш нест. Аксаран барои ролҳо иҷрокунандагонро нодуруст интихоб мекунанд ва ё артистонро аз рўи обрўю номашон ҷудо карда мегиранд. Албатта, дар ин кор гуноҳи режиссёр калон аст. Режиссёр, агар ин гуфтан ҷоиз бошад, ҳам дўст ва ҳам душмани артист мебошад. Барои он ки актёрҳои санъаткори касбӣ шаванд ва санъати киноро нағзтар омўзанд, зарур аст, ки дар назди студияи «Тоҷикфилм» студияи актёрон ташкил карда шавад, то ки актёрҳои мо муттасил машқ карда тавонанд. Хеле хуб аст, ки як гурўҳ актёрҳои ҷавони мо дар театр доимӣ кор мекунанд ва ҳунар меомўзанд. Вале баъзе актёрҳо ҳастанд, ки китоби бадеиро ба даст намегиранд ва агар хато накунам, ба газетахонӣ ҳам хушашон намеояд ва ҳол он ки барои баланд бардоштани маҳорати худ ҳамеша хондан, ҳаёти ҳаррўзаи халқи худро омўхтан шарти зарурӣ мебошад. Артисткаи боистеъдод Роза Акобирова дар филми «Суруди Лола» бо муваффақияти калон бозида буд. Ў обрўи калон ёфт ва дар Кинофестивали мамлакатҳои Осиё дар Пекин ширкат дошт. Аммо Роза Акобирова баъди ҳамин аз муваффақиятҳои худ саргарм шуд ва барои баланд бардоштани маҳорати худ тамоман кор накард. Ў забони модарии худро ҳанўз хуб намедонад ва барои омўхтан кўшиш ҳам намекунад ва ҳол он ки ягон актёр забони модариашро надониста муваффақият намеёбад. Артистка Дилбар Қосимова дар якчанд рол бо муваффақият бозӣ кард. Ў иштироккунандаи фестивалҳои якум ва дуйўми мамлакатҳои Осиё ва Африка мебошад. Ҳамаи ин хуб ва хурсандиовар аст. Вале ў низ бо худомўзи хеле кам машғул мешавад. Асарҳои бадеиро на ба забони русӣ ва на ба забони тоҷикӣ намехонад, шояд ў гумон кунад, ки акнун нахонад ҳам мешавад. Лекин ин фикри хато ва зарарнок аст. Агар ин рафиқон мустақилона кор карда, маҳораташонро рўз аз рўз баланд бардоранд, дар оянда аз онҳо умеди калон доштан мумкин аст. Аз тарафи дигар, ба коллективи студияи «Тоҷикфилм» ҳам лозим аст, ки аз артистони ҷавон ҳамеша хабардор бошад ва барои тарбияи онҳо ҳарҷониба ёрӣ расонад. Танқиди кино яке аз масъалаи муҳим мебошад. Мутаассифона, дар солҳои охир агар як-ду мақолаи шавқангези Л. Қиёмоваро истисно кунем, оид ба асарҳои «Тоҷикфилм» ягон мақолаи дурусте чоп нашудааст. Дараҷаи танқиди кино дар республикаи мо ниҳоят паст мебошад. Баръакс дар матбуоти республикаҳои дигари бародарӣ дар бораи филмҳои мо мақолаҳои хуби танқидӣ чоп мешаванд. Ман дар хотир дорам, ки дар рўзҳои фестивали филмҳои мо дар Туркманистон газетаҳои туркман бисёр мақолаҳои фоидабахш чоп карда буданд. Ба фикри мо, филмҳои нахустини режиссёрони ҷавонро аз ҳад зиёд таърифу тавсиф кардан нодуруст аст. Масалан дар мақолаи Шодӣ Ҳанифов – «Филм дар бораи дўстӣ ва диловарӣ» (газетаи «Коммунист Таджикистана», 10 июли соли 1958) филми «Чароғ дар кўҳсор» аз ҳад зиёд ва бефоида таъриф карда шудааст. Муаллифи мақола аз камбудиҳои филм тамоман чашм мепўшад, ва ҳол он ки қайд кардани камбудиҳо зарур буд. Инчунин мақолаи М. Маҳмудов дар бораи филми «Вақти зангирии писар расид» («Коммунист Таджикистана», 16 январи соли 1960) ба ҳамин оҳанг навишта шудааст. Дар управленияи истеҳсоли филмҳо низ бисёр вақт ба филмҳо ҳамин тавр баҳои нодуруст медиҳанд. Ана як мисол. Шўрои бадеии студияи «Тоҷикфилм» ва Вазорати маданият муваффақиятҳои филми «Насриддин дар Хуҷанд»-ро нишон дода, дар баробари ҳамин қайд карда буданд, ки камбудии асосии филм дар образи марказӣ – дар образи Хоҷа Насриддин мебошад. Аммо бубинед, ки Управленияи истеҳсоли филмҳо дар қарори худ чӣ навиштааст: «…. Пеш аз ҳама образи худи Хоҷа Насриддин бо муҳаббат ва маҳорати калон офарида шудааст, ки ин албатта хизмати режиссёри филм ва актёри боистеъдод Г. Тонунц мебошад». Ин хел рўяки ва нодуруст баҳо додан, албатта, ба касе фоида намеорад.
Манбаъ: “Шарқи сурх”, 1960, №7
Таҳияи Баргигул Наботова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳмуд.