Китоби нав. “Аз Паём то Паём”. Душанбе, соли 2022
Китоби нав. “Аз Паём то Паём”. Душанбе, соли 2022
Китоби мазкур ба истиқболи 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз солҳои 2001–2021–ро дарбар мегирад.
Мураттибон:Шарипов Рустамҷон Мирзоевич, Тураев Қубод Абдуразоқович, Зоиров Саймаҳмуд Музафарович буда, таҳти назари Шоҳиён Нуралӣ Набот–доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ–доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат–доктори илмҳои иқтисодӣ ва Иброҳимов Гурез–профессор, номзади илмҳои педагогӣ омода шудааст.
Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба китоб пешгуфтор навиштааст, ба ин назар аст, ки Паёмҳои Пешвои миллат дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон нақши асосӣ калидӣ доранд.
Сарсуханро комил меорем:
Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз соли 2001 то инҷониб ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрамми сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон нақши асосӣ ва бағоят муҳим доранд.
Маҷмуаи паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал аст, ки дар шакли китоб мукаммал гирдоварӣ гардида, ба нашр мерасанд.
Президентҳои давлатҳои бисёр мамлакатҳои демократӣ дар назди Маҷлиси Олии кишвар баромад намуда, роҳҳои асосии тараққиёти давлат ва ҷамъиятро муайян менамоянд. Муроҷиатномаи ҳарсолаи Президентҳои бисёр давлатҳои демократӣ таҷрибаи нодир дар сиёсат ва давлатдорӣ мебошад, зеро он ҳамчун яке аз усулҳое амал мекунад, ки механизми таъмини принсипи тавозуни байни шохаҳои ҳокимиятро бевосита амалӣ менамояд. Паёми Президентро метавон аз нигоҳи сохторӣ ба ду қисми аввал, ҳисоботӣ шуморид, ки Сарвари давлат дар бораи корҳое, ки мақомот, бахусус мақомоти иҷроия дар як соли охир ё чанд соли охир анҷом додаанд, ҳарф мезанад. Қисми дуюм, нишондиҳанда буда, дар он умуман аз рӯйи ҳар як соҳаи хоҷагии халқ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ ба мақомоти давлатӣ ва органҳои давлатӣ супориш дода мешавад, тақсим мешавад.
Паём ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва илмӣ–таҳлилие мебошад, ки дар раванди давлатдории миллӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, стратегияи рушди устувори давлатдорӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум, татбиқи ҳадафҳои муҳимми миллӣ ва ҳифзи амнияту суботи сиёсии шаҳрвандонро муайян намуда, дастовардҳо, ҳолати рушди соҳаҳои ҷамъиятӣ ва имконияту тадбирҳо ҷиҳати ҳалли мушкилот ва муаммоҳои ҷойдошта ба таври мушаххас ва асоснок аз ҷониби Пешвои миллат амиқ таҳлил гардида, ба вазорату кумитаҳо, умуман ба ҷомеа вазифагузориву роҳнамоӣ барои имрӯзу фардо ва дигар роҳҳои ҳалли масъалаҳо пешниҳод мегарданд.
Тамоми тадбирҳое, ки аз тарафи Пешвои миллат дар Паём андешида мешаванд, маҳз ба хотири ҳифзи сулҳу субот, амнияти ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, некуаҳволӣ, беҳтар намудани сифати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон ва баланд бардоштани нуфӯз ва эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ равона карда мешаванд. Баъд аз ироаи ҳар як Паём ва таъкидҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як фарди ҷомеа бояд бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ифтихор аз давлату миллати худ баҳри рушди устувори Ватан ва беш аз пеш ободу зебо ва хуррам гардонидани он, пос доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳифзи марзу буми аҷдодӣ саҳми арзанда ва меҳнати содиқона дошта бошад. Барои ободию шукуфоӣ, пешрафту тараққиёт ва умеди тоза ба фардои неки мамлакат маъво гирифтан, Пешвои миллат ҳанӯз дар Паёми соли 2002 чунин таъкид намуда буданд: “Барои ободию шукуфоӣ ва пешрафту тараққиёти мамлакат доштани майлу хоҳиши нек ҳанӯз кам аст. Меҳнати содиқона, ҷаҳду талоши созанда, азму ниятҳои неки обод кардани диёр ва ба он бахшидани симои замонавӣ, хулоса баробари тараққиёти асри нав пеш рафтан моро метавонад ба ояндаи нек ҳидоят намояд”.
Аз ҷониби Президенти мамлакат мустақилона муайян ва баррасӣ гардидани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат дар Паём аз соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Паёмҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат ироа гардидаанд, бозгӯи шукӯҳу шаҳомати истиқлоли миллии сиёсии Тоҷикистон ва тантанаи соҳибихтиёрии миллати тоҷик ва дастоварди азими давлатдории миллӣ мебошанд.
Нахустин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2001, дар марҳилае ироа гардид, ки дар кишвар раванди гузариш–бунёд ва таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ заминаҳои боэътимод пайдо намуда, давлат ба марҳилаи нав ворид гардида буд. Пешвои миллат вобаста ба ин масъала дар Паём равшану возеҳ чунин баён дошта буданд: “Мо ҳоло дар марҳилаи махсуси таърихии худ–давраи гузариш қарор дорем. Яке аз талаботи давраи гузариш ин аст, ки бо мақсади таъмини кафолатҳои ҳуқуқи инсон, адолати иҷтимоӣ, ҳамчунин бо дарназардошти шароити марҳилаи гузариш ва давраҳои минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳои саривақтию ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ва муносибатҳои нави иқтисодиро ворид намоем”.
Паёми Пешвои миллат таваҷҷуҳи бештар ба масъалаҳои рушди устувори иқтисодӣ равона гардидааст, ки чунин масъалагузорӣ зарурати амалии масъаларо нишон медиҳад. Моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҷмуи арзишҳо, барномаҳо, консепсияҳо ва стратегияҳое фаро гирифтаанд, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои дар стратегияи миллӣ дарҷшударо мусоидат намояд ва татбиқи амалии онҳо марҳилаи рушди устувори иқтисодии имрӯз ва фардои кишварро таъмин менамояд.
Масъалаи муҳими дигаре, ки дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус дода мешавад, самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар раванди ташаккул ва рушди Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёру мустақил сиёсати хориҷии он нақши бузург дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати соҳибихтиёр эълон гардидан, имконияти васеъ пайдо намуд, ки сиёсати дохиливу хориҷии хешро мустақилона ва озодона бидуни мудохилаи дигар мамлакатҳо мувофиқи манфиату иродаи халқи Тоҷикистон муайян намояд ва бо давлатҳои хориҷӣ равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба роҳ монда, робитаву муносибатҳоро боз ҳам тавсеаву рушд ва густариш диҳад. Дуруст ва мақсаднок ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ дар мамлакат таъмини манфиатҳои миллату давлат роҳандозӣ гардида, ба таҳким бахшидани мақому манзалат ва эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Бо сиёсати созанда ва бобарори хориҷии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мақоми хос ва дар созмонҳои бонуфӯзи ҷаҳон дар баробари кишварҳои абарқудрат як овоз дорад. Дар замони кунунӣ 193 кишвари ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолро ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба расмият шинохтаанд ва бо беш аз 160 давлати дунё муносибатҳои дипломатии дуҷониба ва бисёрҷониба дорад. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар пояи “дарҳои кушод” омодагӣ ва барои ҳамкорӣ бо ҳамаи субъектҳои муносибатҳои байналхалқӣ дар заминаи эҳтироми усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналхалқӣ устувор мебошад.
Мусаллам аст, ки бо мақсади рӯшан гардидани рушду густариши кишвари азизамон – Тоҷикистон бурду бохти ҳар як соли давлатдории миллӣ бо корбурди қиёс ба солҳои гузашта баръало натиҷагирӣ мешаванд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш санаи 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои бесобиқаи дар сӣ соли соҳибистиқлолии кишварро ба солҳои аввали давлатдории миллӣ қиёс намуда, бо ифтихору қаноатмандӣ чунин иброз намуданд: “Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд. Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд. Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият–сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд”.
Хушбахтона, бо талошу роҳнамоиҳои созандаи пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Аз ҷумла, дар ин марҳила истиқлоли сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳифз ва таҳким бахшида шуд, пояҳои асосии давлатдории миллӣ ташаккул ёфтанд, манфиатҳои миллӣ мушаххас гардида, мушкилоти ҷиддии иҷтисодиву иҷтимоӣ ҳал гардиданд, амнияти энергетикӣ таъмин ва кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда шуд, арзишҳои олии миллат-забон, фарҳанг ва урфу одатҳо эҳё ва муаррифӣ карда шуданд ва дар ниҳоят имиҷи сиёсӣ ва байналмилалии Тоҷикистон дар ҷаҳон эътироф ва шинохта шуд ва минбаъд низ ба қавли Пешвои миллат мардуми шарафманди тоҷик метавонанд дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунанд, онро боз ҳам обод намоянд ва нуфузу обрӯйи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.
Китоби “Аз Паём то Паём” – ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Мавзуна Салимова, мутахассиси пешбари Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.