72 сол пеш дар “Шарқи Сурх”. Мирзо Турсунзода: “Садриддин Айнӣ”

Шарқи СурхМақолаи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ устод Мирзо Турсунзода дар бори устод Садриддин Айнӣ 72 сол пеш, моҳи апрели соли 1953 бахшиба ба зодрӯзи Айнии нобиға дар маҷаллаи “Шарқи Сурх” чоп шудааст. Бахше аз ин мақолаи таҳлиливу пурмуҳтаворо ин ҷо меорем ва аз хонандагон хоҳиш мекунем бо матни комили он дар толори хониши матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.

Имрӯз аз рӯзи таваллуди асосгузори адабиёти советии тоҷик, олими намоён ва ходими ҷамъиятӣ, аввалин президенти Академияи фанҳои РСС Тоқикистон, нависанда ва мубориз Садриддин Саидмуродович Айнӣ ҳафтоду панҷ сол пур мешавад. Халқи тоҷик дар ин рӯзи тантана нависанда ва дӯсти маҳбубро аз таҳти дил табрик карда, ба ӯ солҳои дароз ҳаёти хушбахтона ва мувафақияти эҷодӣ орзу мекунад.

Дар зиндагӣ на ҳама вақт воқеъ мегардад, ки тарҷимаи ҳоли як одам ба тарҷимаи ҳоли халқи ӯ мувофиқ ояд. Саргузашти Садриддин Айнӣ, хушбахтона айнан ҳамин тавр аст. Роҳи ҳаёти Айнӣ, аз солҳои тираи гузаштаи тоҷик то қуллаҳои дурахшони имрӯза бо ҳаёти халқи мо зич вобаста аст. Ва агар мо сели хурӯшони давраҳо ва воқеаҳои ҳафтодупанҷсоларо, ки ҳаёти Айнӣ аз онҳо иборат аст, сол ба сол, қадам ба қадам тафтиш карда бароем, ин як ҳикояе мешавад оид ба тақдири як халқи тамом, оид ба он ки халқ чисон аз гадоӣ ва беҳуқуқӣ ба сӯи бахту саодат ва нур сар бардошта, яке аз шонздаҳ республикаҳои нозанини озод ва баробарҳуқуқи иттифоқи сермилатмонро ташкил кард. Барои ҳамин ҳам ҳаёти Айнӣ рамзи роҳи тайкардаи халқи мо шудааст.

Ними аввали зиндагонии Айнӣ ба солҳои тираи аморати Бухоро рост меояд.

Ними дигари зиндагонии ӯ дар замонаи нав, замонаи дурахшон мегузарад, ки тӯфони револютсияи Октябр бунёди таҳ ба таҳ пӯсидаи феодализмро аз рӯи замини мо рӯфта партофт. Дар иттифоқи бузурги бародаронаи Республикаҳои Советии Содсиалистӣ истеъдоди нависандаи ватандӯст нашъунамо меёбад ва мустаҳкам мешавад.

Тарҷумаи ҳоли нимаи якуми зиндагонии Айнӣ – ин қатрае аз баҳри ашки халқи тоҷик аст, қатраест, ки талхии рӯзгори садҳо ҳазорон тақдири инсониро дар худ муҷассам гардонида, дар ҳар як қираи тоза ва мусаффои худ ин талхиро инъикос намудааст. Ҳамаи он чиро, ки халқи ситамдидаи тоҷик диду аз сар гузаронид, Айнӣ ҳам аввал дар айёми кӯдакӣ, баъдтар ҷавонӣ ва охир дар вақти марди баркамол шуданаш дид ва аз сар гузаронид. Айнӣ аз ҳамаи он боигарии маданияти ҳазорсолаи тоҷикон, ки онро ганҷинаҳои беохири рӯҳи озодихоҳонаи халқ асарҳои зиёде бо эҳтиёт нигоҳ дошта омадаанд, ғизо гирифтааст. Ҳамаи он чизе ки Айнӣ дид, шунид, аз сар гузаронид ва эҳсос намуд, асоси асарҳои минбаъдаи ин сарояндаи тақдири халқ шуданд.

Айнӣ суруди аҷиби муҳаббат ба инсон, рӯшноӣ ва саодатр то рӯзҳои хушбахтона ва равшани мо оварда расондааст. Биёед ба шаҳодати худи ӯ, ба шаҳодати нависанда ва гражданин, ба шаҳодати муосири ҳаёте, ки якумрӣ гузашта рафтааст, муроҷиат мекунем, биёед ба таърихи халқи мо аз замонҳои Рӯдакӣ то соатҳои охирини аморат муроҷиат мекунем,-халқи тоҷик чиқадар номҳои бузург ва сарнавиштҳои пур аз мусибат дорад!

Асогузори назми классикии тоҷик шоири бузург Рӯдакӣ солҳои охири умри худро дар гадоӣ ва бадарға тамом кард.

Фирдавсии гениалӣ зиёдтар аз бист сол аз таъқиби Султон Маҳмуд пинҳон шуда гашт.

Мутафаккири бузурги тоҷик, олим-энсиклопедист Абуалӣ ибни Сино зиёдтар аз бист сол дур аз ватан дар ба дар гашт.

Устоди беистеъдоди лирикаи самимӣ ва сатираи фошкунанда шоир Носири Хусрав дар бадарғагӣ ҷон дод.

Адиб Собири Трмизӣ дар дарёи Амӯ ғарқ шуд.

Камоли Хуҷандӣ дар қалъа ҳабс карда шуд, аз насими тозаи кӯҳсори озод нафас нагирифта офтоби равшани ватани маҳбуби худро надида, дур аз хоки азизи худ вафот кард.

Шоир Ҳилолӣ бо фармони хон кофир эълон карда, кушта шуд.

Шарқи СурхИнҳо пешгузаштагони бошарафи Айнӣ мебошанд, ки дар давоми даҳ аср машъалаи озодидӯстӣ ва инсониятпарвариро даст ба даст мебурданд. Қисмати бисер муосирони Айнӣ маорифпарварони асри XIX ҳам ҳамингуна пурфоҷиа буд. Аҳмади Калла, падари маорифпарварон, олим энсиклопедист ва нависандаи ҳақиқӣ, чӣ тавре ки Айнӣ ӯро хеле образнок ситораи тобон дар осмони тираи Бухоро номида буд, дар муҳтоҷии доимӣ рӯз ба сар бурда, чандин борҳо барои назарияҳои маорифпарварӣ ва руирост гуфтаи худ ба ҷодугарӣ айбдор карда шуд буд, одами маълумотноктарини замони худ шоир Зуфунун, ки дар шеърҳояш тӯдаи ҳукмрони аморатро танқиди сахт карда, фош менамуд, маҷбур шуда буд, ки худро ба девонагӣ занад. Бо фармони амир шоир Саҳбо кушта шуд, Шоҳин ва дӯсту машваратчии Айнӣ шоири боистеъдоди маърифатпарвар Ҳайрат дар мӯҳтоҷӣ ва бемории сил вафот карданд…

Машинаи давлатии феодализм, истисмори сиёсӣ ва динии Бухорои амирӣ ҳамаи он чизеро ки, прогрессивӣ буданд, бераҳмона несту нобуд мекарданд. Намояндагони беҳтарини халқи тоҷик дар гирифтории занҷири аморат қурбон шуданд, чуноне ки дар ҷаҳони хафакунандаи Россияи подшоҳӣ нависандагон ва мутафаккирони бузурги рус Грибоедов, Пушкин, Лермонтов ва Белинский қурбон шуда буданд.

Имрӯз ҳам дар мамлакатҳое, ки капитал ҳукмронӣ мекунад, писарон ва духтарони пешқадами халқ ба таъқиби ваҳшиёна гирифтор карда шудаанд. Империализми таҳ ба таҳ пӯсида ба воҳимаи даҳшатнок афтода, дар ҳолати талвосаи ҷонканӣ ба ҳамаи он чизе, ки демократӣ, сулҳҷӯёна ва равшан аст, дар меафтад ва зӯр мезанад, ки қувваи зиндаи халқро несту нобуд кунад.

Шоири турк Нозим Ҳикмат дувоздаҳ соли  умрашро дар зиндони сангин гузаронд.

Муборизи фаъоли сулҳ, шоири Чили, Пабло Неруда аз ҳуқуқи граждани хориҷ карда шуд, вакти бисёре аз таҳдиди қатл пинҳон шуда гашт.

Бисёр ходимони фаъоли Америка аз он ҷумла нависандаи коммунист Говард Фаст дар паси панҷараи зиндон азобу уқубат диданд.

Дар як мудати кӯтоҳ нависанда ва журналисти боистеъдоди франсуз Андре Стил дубора ба зиндон партофта шуд. Гуноҳи ӯ фақат он аст, ки ватани худ Франсияи нозанини худро дӯст медорад ва барои озодӣ ва бахту саодати ӯ мубориза мебарад.

Дар Ҳиндустон ва Покистон  даҳҳо нависандагони прогрессивӣ-одамони некхоҳ, тарафдорони оддии сулҳ дар паси панҷараи зиндонанд.

Аммо халқ ҷовидонист. Қувваи тавонои ӯро шикастан ва маҳв кардан мумкин нест. Ҳақиқати имрӯза ба мо ҳаминро нишон медиҳад. Таърихи чандинҳзорсолаи инсоният ба ин гувоҳ аст.

Халқ ҷовидонист. Дар шароити истисмор ва эксплотатсияи бераҳмонатарин халқи тоҷик забон ва адабиёти худро нигоҳ дошт ва тараққӣ дод, намунаҳои эпоси қаҳрамонӣ ва лирикаи самимии худро то замони мо гирифта овард. Халқ дар дами шамшер ва таҳти тозиёна, дар шароити низоъҳои феодалӣ, ҷангҳо ғоратгаронаи дохилӣ ва тохтутозҳо ки мамлакатро хароб ба бехонумон мекарданд, кишт мекард, шаҳрҳо барпо менамуд, ёдгориҳои аҷиби меъморӣ месохт, каналҳои обёрикунанда меканд, музикаи дилфиреб эҷод мекард ва сурудҳои ҷанговарона менавишт…

Манбаъ: “Шарқи Сурх”, соли 1953, №4

Таҳияи Шавқинисо Носирова