75 соли профессор Абдулҳай Маҳмадаминов

Донишманди пуркор, яке аз адабиётшиносони соҳибмактабу соҳибсабк, доктори илмҳои филология, профессор Абдулҳай Маҳмадамином 1-уми апрели соли равон ба синни мубораки 75-солагӣ қадам мегузорад. Устод Маҳмадаминов аз зумраи шахсиятҳои барҷастаи таҳлилу таҳқиқи адабиётшиносӣ буда, бахусус дар Айнишиносӣ ва дарки адабиёти ҷадидияву намояндагони маъруфи ин ҷараён даҳҳо асару мақола иншо намудааст.

АБДУЛҲАЙ МАҲМАДАМИНОВ 1 – уми апрели 1951 дар деҳаи Муллоконии ноҳияи Сари Хосор, вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Мунаққид ва адабиётшиноси тоҷик, доктори илми филология, профессор.

Соли 1973 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо дипломи аъло хатм кардааст. Фаъолияти кориашро дар ҳамин донишгоҳ оғоз карда ва то кунун дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ дар вазифаи профессор адои хидмат дорад.

Солҳои 19841992 ҷонишини декани шуъбаи тайёрӣ ва солҳои 19961999 ҷонишини декан оид ба шубъаи ғоибонаи факултаи филология буд. Аз соли 2009 то кунун раисии Шурои илмию методии факултаи филология буда, ҳамзамон роҳбари маҳфили илмии «Нақди адабӣ» мебошад.

Абдулҳай Маҳмадаминов муаллифи беш аз 30 китоб ва зиёда аз 400 мақола аст. Таълифоти ӯ оид ба масъала ва муаммоҳои муҳимми таърих ва назарияи адабиёт, нақди адабӣ, матншиносӣ, китобшиносӣ, сарчашмашиносӣ, тарҷума, равобити адабӣ, фолклоршиносӣ, луғатшиносӣ ва исломшиносӣ бахшида шудаанд. Дар маркази фаъолияти илмии Абдулҳай Маҳмадаминов махсусан тадқиқи рӯзгор ва осори устод Айнӣ, А.Лоҳутӣ, А.Фитрат, Алӣ Хуш, Сомеи Одиназодаи Хатлонӣ ва Ҳ. Бақозода мавқеи асосӣ дорад. Абдулҳай Маҳмадаминов танҳо дар хусуси асари бунёдии С. Айнӣ тазкираи «Намунаи адабиёти тоҷик» беш аз 100 мақола ва чор монография: «Ҷустуҷӯи ҳақиқат» (1994, ба забони русӣ), «Адабиётшиносӣ ва худогоҳии миллӣ» (1998), «Айнишиносӣ ва замони ҳозира» (2005), «Садриддинхоҷаи Айнӣ ва сарнавишти тоҷикон» (2008)-ро ба табъ расонидааст.

Абдулҳай Маҳмадаминов матни илмию интиқодии «ТартилулҚуръон», «Таҳзибуссибён», «Зарурийёти динийя», «Намунаи адабиёти тоҷик»-и С.Айнӣ, «Мухтасари таърихи Ислом», «Мавлуди шариф ё худ миръоти Хайрулбашар», «Мусулмонони Дорурроҳат», «Оила ё худ вазоифи хонадорӣ», «Баёноти Сайёҳи Ҳиндӣ», «Қоидаҳои забони тоҷик (Сарф ва наҳв)», «Раҳбари наҷот», «Намунаи ганҷи шойгон», «Бародари меҳрубон»-и А.Фитрат, «Дафтари сабз»-и Сомеи Одиназодаи Хатлонӣ, «Маданият ва вазоиф», «Шариати исломия ва тараққиёти мадания»-и Сайид Аҳмади Васлии Самарқандӣ, «Василатуннаҷот»-и Муҳаммадҳусайни Ҳоҷиро омода ва ба зевари табъ оростааст.

Таълифоти илмии Абдулҳай Маҳмадаминов дар Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Чехославакия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Англия, ИМА, Фаронса, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҳиндустон ба табъ расиданд.

Аз натиҷаҳои тадқиқот дар симпозиуму семинар ва конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, умумииттиҳодӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад кардааст. Тарҷумаи китоби дарсии С.Айнӣ «Духтарбача ё ки Холида», осори шарқшиносони рус А. Д. Гребенкин «Тоҷикон», «Таҷрибаи тавсифи бекигарии Кӯлоб» ба қалами Абдулҳай Маҳмадаминов тааллуқ дорад.

Фолклоршиносӣ ва луғатшиносӣ қисми таркибии фаъолияти тадқиқотии ин донишманди пуркор мебошад. Таснифи луғати шеваи гӯиши мардуми Хатлон таҳти унвони «Фарҳанги Асалмоҳ», осори фолклории «Қиссаи ҳазрати Шоҳ Аҳтам», «Маликаи зебоҳусн», «Шоҳзода Доробшоҳи зарринкамар» аз ҷумлаи онҳо ба шумор меравад.

Барнома ва дастурҳои таълимии «Программаи адабиёти тоҷик» (1984), «Мавзуъҳои корҳои контролӣ аз адабиёти тоҷик барои шунавандагони ғоибхони факултетҳои иқтисодӣ ва таъриху ҳуқуқшиносии шуъбаи тайёрии УДТ ба номи В. И. Ленин» (1984), «Дастури методӣ оид ба кори амалии шуъбаи тайёрӣ» (1987), «Муқаддимаи адабиётшиносӣ» (Барномаи дарсҳои лексионӣ ва амалӣ) (1996—2012, чор бор ба табъ расидааст), «Адабиётшиносии муқоисавӣ» (2012), «Мактабҳои адабӣ» (2013), «Назарияи адабиёт» (Барномаи дарсҳои лексионӣ ва амалӣ) (2013) аз ҷумлаи корҳои методии профессор Маҳмадаминов мебошанд.

Абдулҳай Маҳмадаминов ба нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1998) ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1999) сарфароз гардидааст.

 

АЗ ПРОФЕССОР АБДУЛҲАЙ МАҲМАДАМИНОВ ВА ДАР БОРАИ Ӯ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ ИН МАТОЛИБ ҚОБИЛИ ДАРЁФТ ВА МУТОЛАА МЕБОШАД:

ОСОР

Адиби мубориз. – Душанбе: Ирфон, 1998. – 64 с;

Поиски истины («дОбразцы таджикской литературы» в борьбе за права таджикского нароа). Душанбе: Сино, 1994. – 120 с;

Адабиётшиносӣ ва худогоҳии миллӣ (Тазкираи С.Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик»). – Душанбе: Сино, 1998;  215 с;

Ислом – нурбахши адабиёт ва фарҳанг. – Душанбе: Сино, 2004. – 214 с;

Сомеи Одиназодаи Хатлонӣ. Дафтари сабз. – Душанбе: Сино, 2004. – 574 с;

Айнишиносӣ ва замони ҳозира. – Душанбе: Эҷод, 2005. – 160 с;

Сухан аз корномаи устод Лоҳутӣ. – Душанбе: Эҷод, 2007 – 100 с;

Садриддини Айнӣ – олим. – Душанбе: Истеъдод, 2010;

Сайид Садриддинхоҷаи Айнӣ. Духтарбача ё ки Холида. – Душанбе: Истеъдод, 2010. – 104 с;

Ҳоҷӣ Абдуррауфи Фитрати Бухороӣ. Раҳбари наҷот. – Душанбе: Шуҷоиён, 2011. – 439 с;

Родмарде аз Самарқанди бостон. – Душанбе: Истеъдод, 2012. – 400 с;

Пуштибони забони тоҷикӣ. – Душанбе: Истеъдод, 2013;

Устод Айнӣ ваШашмақом“:  Ба пешвози 100 солагии устод С. Айнӣ // Маориф ва маданият. – 1975. – 27 декабр.

Садои дили бузург: Дар бораи Н. С. Тихонов ва М. Турсунзода // Маориф ва маданият. – 1976. – 27 ноябр.

Тадқиқоти гаронарзиш: Оид ба Аристотел // Ҷумҳурият. – 2019. – 20 ноябр.

Соҳибмактаб: Доир ба рӯзгору корнамоии олими маъруфи тоҷик, доктори илми филология, профессор, Абдунабӣ Сатторзода // Адабиет ва санъат. – 2021. – 25 феврал.

Манбаи илҳом ва хаёлоти рангин: Дар бораи эҷодиёти Асомуддин Сайёдӣ // Илм ва Ҷомеа. – 2022. – №3. – С. 191-196.

Баъзе мулоҳизаҳо оид ба мероси адабӣ ва илмии Абдуррауфи Фитрати Бухороӣ // Суханшиносӣ. – 2023. – №3. – С. 58-70.

Саҳми Тӯрақул Зехнӣ дар рушди маънавият ва маданияти тоҷик // Паёми донишгоҳи миллии Тоҷикистон / Бахши илмҳои филологӣ. – 2023. – №2. – С. 172-178.

Ёддоштҳои арзишманд: Баёни таассурот ва бардоштҳо аз асари ёддоштии донишманди шинохта, профессор Мисҳобиддин Нарзиқул “Артучнома” // Баҳори Аҷам. – 2023. – 11 июл; 25 июл.

Соҳиби мактаби илмӣ: Перомуни рӯзгору фаъолияти мутарҷими шинохтаи тоҷик Сайидраҳмон Сулаймонӣ // Илм ва ҳаёт. – 2024. – №3. – С. 26-27.

Донишманд ва инсони шариф: Доир ба равоншиноси шинохта Маҳмадуллоҳ Давлатов // Илм ва ҳаёт. – 2025. – №1. – С. 28-29.

ДАР БОРАИ ДОНИШМАНДИ МАЪРУФ

Солеҳов, Ш.     Дастури муфид оид ба назарияи адабиёт:       Доир ба китоби нави олими маъруф, профессори кафедраи адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ устод Абдулҳай Маҳмадаминов        // Омӯзгор. – 2025. – 17 декабр.

Раҳим, А. “Қулиёт“-и С. Айни Нахустин чопи академӣ:  Дар бораи китоби тозанашри доктори илми филология, профессори ДМТ таҳиягар ва мураттиби китоб Абдулҳай Маҳмадаминов      // Ҷумҳурият. – 2021. – 1 июн.

Раҳим, А. Рӯзгоре барои ибрат:      Доир ба фаъолияти доктори илми филология, профессори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Абдулҳай Маҳмадаминов       // Ҷумҳурият. – 2021. – 30 март.

Комилов, Р.       Андар аслияти таҳқиқ:   Андешаву мулоҳизоти олим перомуни рисолаи устоди ДДТ номзади илми филология Абдулҳай Маҳмадаминов “Ҷустуҷӯи ҳақиқат дар мубориза барои пирӯзии халқи тоҷик” // Ҷумҳурият. – 1995. – 14 январ.

Солеҳов, Ш.     Дастури муфид оид ба назарияи адабиёт:       Доир ба китоби нави олими маъруф, профессори кафедраи адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ устод Абдулҳай Маҳмадаминов        // Омӯзгор. – 2025. – 17 декабр.

Раҳим, А. (Абдулқодир)   Кулиёт“-и С. Айни Нахустин чопи академӣ:         Дар бораи китоби тозанашри доктори илми филология, профессори ДМТ таҳиягар ва мураттиби китоб Абдулҳай Маҳмадаминов   // Ҷумҳурият. – 2021. – 1 июн.

Раҳим, А. Рӯзгоре барои ибрат: Доир ба фаъолияти доктори илми филология, профессори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Абдулҳай Маҳмадаминов // Ҷумҳурият. – 2021. – 30 март.

Солеҳов, Ш.     Дастури муфид оид ба назарияи адабиёт:       Доир ба китоби нави олими маъруф, профессори кафедраи адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ устод Абдулҳай Маҳмадаминов        // Омӯзгор. – 2025. – 17 декабр.

Раҳим, А.Кулиёт“-и С. Айнӣ Нахустин чопи академӣ:  Дар бораи китоби тозанашри доктори илми филология, профессори ДМТ таҳиягар ва мураттиби китоб Абдулҳай Маҳмадаминов // Ҷумҳурият. – 2021. – 1 июн.

Раҳим, А. Рӯзгоре барои ибрат: Доир ба фаъолияти доктори илми филология, профессори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Абдулҳай Маҳмадаминов // Ҷумҳурият. – 2021. – 30 март.

Комилов, Р.    Андар аслияти таҳқиқ: Андешаву мулоҳизоти олим перомуни рисолаи устоди ДДТ номзади илми филология Абдулҳай Маҳмадаминов “Ҷустуҷӯи ҳақиқат дар мубориза барои пирӯзии халқи тоҷик // Ҷумҳурият. –     1995. – 14 январ.

Манбаъ: Маводи электронӣ

Таҳияи Уғул Бобораҳимова,
корманди шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ