79 сол пеш дар ин рӯз. Ҳабиб Юсуфиро тири фашистон дар остонаи Варшава дарёфт ва ҷоми шаҳодат нӯш кард
79 сол пеш дар чунин рӯзе адиби шинохта, шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ аз тири фашистон дар назди шаҳри Варпшава ҷон ба Ҳақ таслим кард. Шоири оташсухан, инқилобӣ, озодихоҳ, ки ихтиёрӣ барои дифоъ аз марзу буми кишвар ба ҷабҳа рафт ва ҳам бо қалам ва ҳам бо силоҳ зидди адӯ ҷангид, рӯзи Ғалабаро надид, ҳарчанд аз ин пирӯзӣ борҳо дар шеърҳояш паём дода буд.
ҲАБИБ ЮСУФӢ соли 1916 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар назди падараш, ки донандаи хуби адабиёт буд, фаро гирифтааст. Соли 1940 факултаи филологияи Университети давлатии Ӯзбекистонро хатм кардааст. Чанде ходими илмии Институти таърих, забон ва адабиёти Филиали Тоҷикистони АИ Иттиҳоди Шӯравӣ будааст. Соли 1942 ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст. Соли 1943, баробари омӯзишгоҳи ҳарбиро хатм кардан, ӯро ба ҷабҳаи бисёр оташини Ленинград фиристодаанд. Қумондони батареяи артиллерӣ будааст. Дар озод кардани ҷумҳуриҳои соҳили Балтика ва Лаҳистон иштирок кардааст.
Шеърҳои аввалинаш, ки дар навъҳои суннатии адабиётамон – ғазалу рубоӣ суруда шудаанд, аз соли 1936 интишор ёфтаанд. Шоири ҷавон бо дили гарму маҳорати фавқулъода навъҳои куҳнаро барои ифодаи мавзӯъҳои нав мутобиқ сохта, бо навиштаҳои ҷаззоби худ собит намудааст, ки дар қолаби лирикаи ишқӣ ҳам ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ватандӯстиро инъикос кардан имкон дорад.
Ватану ватанпарастӣ аз мавзӯъҳои умдаи шеъри ӯст. Шеърҳои «Ишқи Ватан» (1936), «Ба Ватан» (1937), «Ин Ватан зинда дар ҷаҳон мебод», «Мактуб аз Шарқи Дур», «Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд» (1938) аз беҳтарин намунаҳои лирикаи ватандӯстӣ дар адабиёти тоҷиканд. Ин мавзӯъ дар эҷодиёти шоир махсусан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ инкишоф ва тақвият ёфтааст. Шеъри ӯ даъвати гарму ҷӯшонест ба муҳофизати ватан ва гиромидошти хоки падарон. Шеърҳои ӯ «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар», «Аз ҳавою обу замин», «Интиқом» ва ғайра то имрӯз ҳарорат ва самимияти худро заррае накостаанд.
Ҳабиб Юсуфӣ яке аз асосгузорони мактаби тарҷумаи бадеии тоҷик мебошад. Тарҷумаҳое, ки аз назми рус кардааст, то ҳол аз беҳтаринҳоянд. Асарҳои А.С. Пушкин «Бандии Кавказ» (1938), «Полтава» (1939), «Бародарони ғоратгар» (1939), «Қиссаи шоҳдухтари мурда ва ҳафт паҳлавон» (1940), асарҳои М. Лермонтов «Иблис» (1940), «Черкезҳо» (1941), «Ҳоҷӣ Абрек», «Боярин Орша», «Гуреза» (1941), шеърҳои алоҳидаи И. Крилов, А. Одоевский, Т. Шевченко, В. Маяковский, Ҷамбул ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Шеърҳо, мақолаҳо, номаҳо ва тарҷумаҳои ӯ дар «Маҷмӯаи шеърҳо» (1949, 1962), «Роҳи нотамом» (1973) ва «Сатрҳои нотамом» (1987) гирдоварӣ ва чоп шудаанд.
Доир ба назму масоили рушду инкишофи он дар замони нав мақолаҳо навиштааст, ки беҳтарини онҳо «Баҳр дар пиёла» мебошад.
Шеърҳояш ба русӣ тарҷума ва дар шакли китоби алоҳида чоп шудаанд.
Соли 1967 ғолиби Озмуни умумииттифоқии ба номи Н. Островский дониста шудааст.
Бо ордени «Ситораи Сурх» ва медали «Барои мудофиаи Ленинград» мукофотонида шудааст.
Соли 1939 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
22 феврали соли 1945 дар муҳорибаи назди Варшава қаҳрамонона ҳалок гардидааст.