80 соли профессор Ҳамид Маҷидов

Ҳамид Маҷидов бидуни шак яке аз олимони барҷастаи имлму техникаи тоҷик аст. Аз риёзидонҳо ва физикдонҳои маъруф ба шумор меравад.

ҲАМИД МАҶИДОВ 15 – уми июли соли 1946 дар деҳаи Истони ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Соли 1966 факултаи физикаю математикаи Институти давлатии педагогии ш. Душанберо (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) ба итмом расонда, дар аспирантураи ҳамин боргоҳи илму маърифат таҳсилро идома дод. Солҳои 1970-1987 ба сифати ассистент, муаллими калон, дотсент, доктори илми техникӣ (1972), солҳои 1987-1994 мудири кафедраи физикаи умумии ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва ҳамчун профессор (1994), 1994-1999 ноиби ректор оид ба таълиму илм, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1998) фаъолияти кор намудааст.

Солҳои 1999-2007 декани факултаи тиҷорат ва гумруки Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, солҳои 2008-2009 сардори департаменти таълим, 2010-2012 мудири кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии ҳамин донишгоҳро ба ўҳда дошт. Соли 2013 профессор-мушовири ҳамин кафедра буд.

Бобати гармигузаронии эфирҳои мураккаби кислотаю сирко дар фишор ва ҳароратҳои баланд, хосиятҳои гармо-физикии системаҳои донагӣ барои тақсим намудани сўзишвориҳои моеъи яктаркиба истифодашаванда таҳқиқот анҷом дода, барои ченкунии хосиятҳои гармо-физикии моддаҳо дастгоҳи таҷрибавӣ ихтироъ намудааст. Бо ибтикораш лабораторияи илмӣ-таҳқиқотии физикаи гармо ва физикаи молекулавӣ таъсис ёфта, баробари таҳқиқи хосиятҳои гармо-физикии ҷисмҳои сахт, моеъ ва газҳо ҳамчун мактаби омодасозии физикҳои ватанӣ шуҳрат ёфт.

Теъдоди таълифоташ аз 200 мегузарад.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Ҳамид Маҷидов ин осор қобили дарёфт ва мутолаа мебошанд:

Консепсияҳои табиатшиносии муосир. – Душанбе: Эр-граф, 2014. – 232 с.

Супоришҳо барои кори мустақилона аз физикаи молекулӣ. Душанбе, 1989. – 112 с.

Асосҳои физикаи квантӣ. Душанбе, 2002. – 168 с.

Асосҳои механика, физикаи молекулӣ ва термодинамика. Душанбе, 2004. – 212 с.

Консепсияҳои табиатшиносии муосир. Душанбе, 2007. – 232 с.

Физика: Маҷмӯаи масъалаҳо ва намунаи ҳалли онҳо. – Душанбе, 2007. –149 с.

Физика. – Душанбе, 2008. – 192 с.

Оптика ва физикаи квантӣ: Нишондоди методӣ. Душанбе, 2008. – 136 с.

Электромагнитизм, оптика ва физикаи квантӣ. Душанбе, 2009. – 156 с.

Газҳои реалӣ, моеъҳо ва ҷисмҳои сахт. Душанбе, 2010. – 163 с.

МАНБАЪ: Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI). – Душанбе, 2018. – С. 353-354.

Муаллиф-мураттиб: Ёрмуҳаммади Сучонӣ

Таҳияи Набиҷон Набиев,

корманди шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ