800-умин ҷилди китоби Ҳошим Гадо ба Китобхонаи миллӣ туҳфа шуд

Хошим-ГадоҲунармарди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, Арбоби ҳунари Тоҷикистон устод Ҳошим Гадо 800-умин ҷилди осори гаронмояи худро бо номи “Чудеса чудес” ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон тақдим кард. Ҳунарманди маъруф то зуҳри имрӯз меҳмони Китобхонаи миллӣ буд ва 7 ҷилд китоби охири худро туҳфа кард, ки охирини он ҷилди 800-и китобҳои пурарзиши ӯ буд.

Устод Ҳошим Гадо имрўз 7 китоби тозанашрашро ба Китобхонаи миллӣ ҳадя намуд. Ўро муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода ва муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода ба ҳузур пазируфтанд.

Ин ҳунарманди писандида баъди бознишаста шудан ва канор рафтан аз саҳна ба навиштани китобҳо пардохт ва ҳамакнун 800 номгӯ китобаш нашр шудаву ба дасти хонанда расидааст.

Дар китоб изҳори назари Камол Айнӣ, Тимур Зулфиқоров, Урун Куҳзод, Низом Нурҷонов, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар ва дигар бузургони фарҳангу ҳунари кишвар дар бораи Ҳошим Гадо гирдоварӣ шудааст.

1аааАз ҷумла доир ба намоишномаи «Рўдакӣ»-и Ҳошим Гадо Камол Айнӣ-фарзанди Қаҳрамони халқ тоҷик устод Садриддин Айнӣ фикрашро баён намуда, Ҳошим Гадоро шоҳи саҳнаи тоҷик гуфтааст ва илова намудааст: сипос ба ў ва ба театр.

Китоб андешаҳои фалсафӣ ва созандаву бунёдӣ дошта хонандаро ба андеша водор месозад.

Хонандагони азиз метавонанд ин китоби “Чудеса чудес” ва даҳҳо номгӯ китобҳои дигар Маэстро Ҳошим Гадоро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.

Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо чомеа.