84-умин солгарди таваллуди устод Лоиқ. Раҳим Ҳошим: Сарсабзиҳо дар “Сари сабз”
Соли 1966 нашриёти “Ирфон” китоби шеърҳои Лоиқ Шералӣ-иро бо номи “Сари сабз” аз чоп баровард, ки барои ҳаводорони шеъри шоир ва умуман адабиёти муосир беҳтарин туҳфа буд. Китоб аз ҷониби дӯстдорони шеър ба хушӣ қабул шуд ва таваҷҷуҳи нақди адабиро ҳам ба худ ҷалб кард.
Дар шумораи 10-уми маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” бо номи “Сарсабзиҳо дар “Сари сабз” тақризи донишманди маъруф, адабиётшиноси варзида устод Раҳиш Ҳошим чоп шуд, ки порае аз онро ин ҷо меорем.
….Шоир дар як қатор шеърҳои хеле зебои маҷмӯа, аз ҷумла дар шеърҳои “Насиҳати модар”, “Қуфл”, “Ном”, “Чароғатро фурӯзон кун”, “Мукофот” ҳикматҳоеро баён мекунад, ки онҳо хеле табиӣ, сода ва ҳаяҷонангез гуфта шудаанд. Ҳикматҳои вай сохта ва хулосаҳояш бофта нест, балки онҳо пеш аз ҳама бо содагӣ, самимият ва воқеияти худ хонандаро мафтун мекунад. Шоир дар ин шеърҳо қасди пандомӯзӣ ва донишфурӯшӣ надорад, ӯ гӯё дар бораи худ гап зада ба дигарон шунавонданӣ мешавад.
Модараш ба шоир ҳамеша таъкид мекардааст, ки вақти хобидан ба паҳлуи рост хоб кун, ҳар корро аз дасти рост сар кун, нонро бо дасти рост шикан. Ӯ мегӯяд:
Баъд фаҳмидам, муроди модарам
З-ин насиҳатҳош дигар будааст:
Бо чунин панду насиҳатҳо ба ман
Ростиро тарбият бинмудааст.
Вақте ки дар бораи эҷодиёти Лоиқ ва маҷмӯаи аввали шеърҳои вай сухан меравад, шеъри ба модар бахшидаи вайро, ки вирди забонҳо гардидааст, ёд накарда гузаштан мумкин нест. Ҳангоми хондани ин шеър дар пеши назари кас беихтиёр як пиразани муъмин, меҳнаткаш, фарзанддӯст ва орзупарвари тоҷик зинда намоён мегардад. Кист, ки вақти хондан ё шунидани ин шеъри равони зебо баъзе хислатҳои модари меҳрубони худро дар он надида бошад? Чунонки дар хотироти Озарбойҷони худ қайд карда будам, дар яке аз маҷлисҳо духтарбачае тарҷимаи ин шеъри Лоиқро ба озарбойҷонӣ хеле бо сӯзу гудоз пурҳиссиёт хонд, чунки дар он бисёр хислатҳои ба зани шарқӣ хосе акс ёфтааст, ки барои ҳамаи халқҳои мо умумист. Он умедпарвариҳо, ёди дилсӯзонаи фарзандони мурда ё дар ҷанг кушташуда, орзуи арӯс овардан ва тайёрӣ ба арусӣ, ашкрезӣ чӣ аз ғам ва чӣ аз шодӣ – инҳо хислатҳои ба ҳамаи модарон хос мебошанд ва ба дили ҳар як фарзанди одам гарм ва наздиканд. Байтҳои охирини ин шеър мисли хотимаи пуртантанаи симфонияе садо медиҳанд. Шоир шеъри худро ба модараш пешкаш мекунад. Дар ин ҷо модари замони мо сарбаландона намоён мешавад. Вай дигар ба гирди хеш чарх намезанад, аз доираи деҳае, ки чор сӯяш ба домани гардун часпидааст, баромада ва ашки чашмонашро пок карда, бо ҳамон имон бо ҳамин муқаддасият ва самимият дар бораи умуми инсоният ғамхорӣ мекунад. Шоир ин шеъри пурҳиссиёти худро, ки аз беҳтарин шеърҳои дар васфи модар гуфта шудаи адабиёти мост, бо суханони риққатангезе ба итмом мерасад:
Суруди ҳузнангези қадимиро махон, модар!
Дилатро бо суруди аввалини ман даме афрӯз!
Агар дастурхону ҷомаи нав дӯзӣ бо уммед,
На танҳо баҳри ман, баҳри ҳама фардоиён, ҳам дӯз!
Ин шеър бе ихтиёр шеъри пуртантанаи дар ҳаққи модар гуфтаи Есенинро ба ёд меорад. Дар шеъри Лоиқ, ки аз дӯсторони назми Есенин аст, вақти васфи ҳаёти зодгоҳаш як гирифту гир, як муҳаббати есенинона ба назарам мерасад, ки ба дилам хеле хуш меояд…
Шакли комили мақоларо метавонед дар маҷаллаи “Садои Шарқ”, соли 1966, №10 бихонед. Ин маҷалла дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа мебошад.
Таҳияи Заррина Акрамова,
мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ.