85 соли оҳангсози маъруф Дамир Дӯстмуҳаммадов

Оҳангсоз, омўзгор, ходими ҷамъиятӣ, Арбоби шоистаи санъати ҶШС Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рўдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ Дўстмуҳаммадов Дамир Воҳидович 85 сола шуд.
ДАМИР ДЎСТМУҲАММАДОВ 6 -уми августи соли 1941 таваллуд ёфтааст. Ў хатмкардаи Омўзишгоҳи мусиқии Душанбе (1963) ва Консерваторияи давлатии ба номи П. Чайковский шаҳри Маскав (1970) мебошад.
Фаъолияти кори худро ҳамчун корманди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (1970-1973), директори Омўзишгоҳи мусиқии Душанбе (1973-1976 ва 1985-1986), директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ (1976-1980), роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1980-1982), раиси раёсат (1986-1994) ва котиби Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (1994-1999) ба зимма дошт.
Муаллифи асарҳои мусиқӣ дар мавзуъҳои таърихӣ-инқилобӣ ва асарҳо барои кўдакон: операҳои «Лаънаткардаи халқ» (1978), «Сарбозони халқ» (1984), «Қишлоқи тиллоӣ» (1981), «Вохўрӣ» (1982), «Хонаи Заргўшбибӣ» (1978), симфония, асарҳои вокалӣ-симфонӣ, консертҳо барои оркестри созҳои миллӣ ва симфонӣ, муаллифи аввалин сурудҳои эстрадӣ мебошад.
Солҳои зиёд дар донишкадаҳои санъат ва омўзгорӣ, Омўзишгоҳи мусиқии Душанбе дарс дода, чандин шогирдони пуртаҷрибаро ба монанди Талабхӯҷа Сатторов, Абдураҳмон Тошматов ва дигаронро тарбия кардааст.
Ў муаллифи суруди тантанавии «Тоҷикони дунё», ки ба муносибати баргузории форуми тоҷикони дунё ва ҳамзабонони хориҷӣ эҷод гардидааст.
Дўстмуҳаммадов Дамир Воҳидович бо ордену медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
9 апрели соли 2003 аз дунё гузашт.
Дар бораи Дамир Дӯстмуҳаммадов дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин матолибро ҳам бихонед:
Раҷабов, А. Дамир Дустмуҳаммадов ва бунёди мусиқии касбии эстрадии тоҷик // Гузоришҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ. – 2023. – №2. – С. 8-12.
Бузургмардони олами ҳунар: Дар бораи зиндагинома ва фаъолияти бастакори маъруфи тоҷик Дамир Дустмуҳаммадов ва ҳунарманди Театри ба номи А. Лоҳутӣ Маҳмудҷон Воҳидов // Аноҳито. – 2023. – №4. – С. 9.
Бобоҷон А. Ба гимни Тоҷикистон: Суруд. Оҳанги Дамир Дустмуҳаммадов // Занони Тоҷикистон. – 1984. – №10. – саҳифаи охири муқова.
МАНБАЪ: Дустмуҳаммадов Дамир Воҳидович // Душанбе (Донишнома) [Матн]. – Душанбе: Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2016. – С. 279-280.
Таҳияи Нафиза Шаҳбозова,
корманди шубаи илми-методӣ ва таҳқиқотӣ
Теги: илмӣ-таҳқиқотӣ