90 сол кимиёдони маъруф, профессор Ҷонон Икромӣ

Chemical flasks and blackboard with formulas.

Ҷонон Икромӣ писари равоншод Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ аст, ки рӯ ба илми кимиё овард ва муваффақ шуд. 

Икромӣ Ҷонон Ҷалолович 12 июни соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Кимёдон, доктори илмҳои кимиё (1977), профессор (1979), писари устод Ҷалол Икромӣ. 

Хатмкунандаи факултаи кимиёи унверситети давлатии Маскав (1959). Лаборант ходими илми (1959-1968), мудири лабораторияи кимиёи материалҳои фториди холиси Институти химияи АФ ҶШС Тоҷикистон (1968-1989). 

Аз соли 1990 ба кори эҷодӣ машғул буд. Бобати омӯзиши хосиятҳои фториди филизҳои ишқорзамин таҳқиқот анҷом дода, чандин гидрофториди филиззоти ишқорзаминро синтез ва хосияти онҳоро муайян кардааст. 

Баъзе усулҳои дарёфтаи Икромӣ, аз ҷумла истеҳсоли фториди холиси филиззоти ишқорзамин ва литий дар истеҳсолот, мавриди истифода қарор гирифтаанд. 

Пажӯҳишҳои Икромӣ дар соҳаи кимиёи ғайриорганикии фториди филиззоти ду ё севалента сазовори баҳои баланди мутахассисон гардидааст. Оид ба фторидҳои комплексӣ низ таҳқиқот анҷом додааст. 

Ў 27 июли соли 2012 дар шањри Душанбе аз дунё даргузашт.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Ҷонон Икромӣ ва дар бораи ӯ ин матолиб қобили дарёфт ва мутолаа мебошад: 

Икромӣ Ҷонон. Элементи аз ҳама аҷоиб: Фториди алюминдор муваффақияти бузург дар илми химия // Тоҷикистони Советї. – 1975. – 4 октябр.

 Икромӣ Ҷонон химики маъруф набераи қозикалони Бухоро:  Муҳосибаи С.Суннатӣ бо профессор, доктори илми химиё Ҷонон Икромӣ // Чархи гардун. – 2006. – 30 июн.

Икромӣ Ҷонон ва Ҳабибулло Назаров:  Ёдоштҳои  Икромӣ Ҷ. ва Ҳ. Назаров // Минбари халқ. – 2007. – 14 ноябр.

Моро дар зиндагӣ ибрат падар буд”: Мусуҳибаи  Ҳ. Ҳомид бо профессор Ҷ. Икромӣ // Чархи гардун. – 2009. – 24 сентябр.

                                                    ДАР БОРААШ

    Икромӣ Ҷонон  // Энсиклопедияи совети тољик: Маълумотнома. –  Душанбе, 1980. – Ҷ.2. – С. 554.

 Икромӣ, Ҷ. Ёде аз падари бузургворам: Ҷонон Икромӣ писари Ҷалол Икромӣ // Садои мардум. – 2004. – 18 сентябр.

Икромӣ, Ҷонон.  Қиссаи сафед кардани “Ман гунаҳгорам” // Минбари халқ. – 2005. – 21 декабр.

Ҷонон Икромӣ. Бозор Собир бояд аз мардуми тоҷик узр пурсад [Матн]: Минбари баҳс // Тоҷикистон. – 2006. – 30 июн.

Икромӣ, Ҷонон. Бобоҷон Ғафоров “Маро чун мусулмон гӯронид”: Хотираҳо аз ҳаёти  Б.Ғафуров // Минбари халқ. – 2007. – 8 август.

Ҷонон Икромӣ.  Бобоҷон Ғафуров васият кард, ки дар қутии чӯбин ӯро ба хок насупоранд:  Васияти Академик Б.Ғафуров // Чархи Гардун. – 2008. – 14 феврал.

Икромӣ, Ҷонон.  Аёз, ҳадди худро бишнос: Ҷонон Икромӣ, посух ба гуфтаҳои шоир Бозор Собир // Тоҷикистон. – 2010. – 6 январ.

Икромӣ Ҷонон // Энсиклопедияи миллии тоҷик: Маълумотнома. – Душанбе, 2019. – Љ.8. – С. 598.

          Сарчашма:

Икромӣ Ҷонон. Энсиклопедияи миллии тоҷик [Матн]: Маълумотнома. – Душанбе, 2019. – Ҷ.8. – С. 598.

Муллиф: Ё. Назармамадов

Таҳияи Машҳурахон Зоирова

корманди шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ