90 сол пеш дар ин рӯз Наимҷон Назирӣ ба дунё омада буд

Аз даргузашти шоири маъруф Наимҷон Назири 9 сол сипарӣ шуд. Умр агар вафо мекард, имсол 90-солагии худро ҷашн мегирифт. Наимҷон Назирӣ барандаи Ҷоизаҳои адабии ба номиКамоли Хуҷандӣ ва Зуфархон Ҷавҳарӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон буд.

НАИМҶОН НАЗИРӢ 20 уми августи соли1936 дар шаҳри Истаравшан таваллуд ёфтааст. Соли 1954 мактаби миёнаи 1 ба номи М. Горкийро ба итмом расонда, вориди факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатииТоҷикистон ба номи В.И Ленин (ҳоло ДМТ) шудааст ва соли 1959 бомуваффақият ба охиррасондааст. Баъди хатми донишгоҳ аввал ходимӣадабӣ, баъдан мудири шуъба ва мухбири махсуси маҷаллаи «Хорпуштак» будааст. Соли 1964 муҳаррири радиожурнали «Сўҳбати дўстон» таъин шуда, баъдан вазифаҳои муҳаррир ва мухбиримахсуси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурироба ҷой овардааст. Солҳои 19751985 мудиришуъбаи рўзномаи «Роҳи каммунизм» (ҳозира«Паёми Истаравшан») будааст.

   Фаъолияти адабии мавсуф хеле барвақт саршуда, ҳанўз дар синни 810 солагӣ шеър гуфтааст. Аввалин шеъраш 1 январи соли 1951 дар рўзномаи«Роҳи сотсиализм» (ҳозира «Паёми Истаравшан») чоп шудааст. Муаллифи китобҳои ашъори«Хўшаҳо» (1971), «Тўҳфаи баҳор» (1974), «Гулқайчӣ» (1980), «Хирсаки каҷпо» (1981), «Рози дил» (1983), «Бахти мо» (1986), «Тўшаироҳ» (1991), «Хоки муқаддас» (Хуҷанд, 1999), «Гулдастаи дўстӣ» (бо забони ўзбекӣ, Хуҷанд, 1999), «Созҳои Бадахшон ва таронаиҳоиХатлон» (Хуҷанд, 1999), «Дар соҳили Сир»(Хуҷанд, 2001), «Ошёни меҳр» (Хуҷанд, 2002), «Чаро гўши фил калон (Хуҷанд, 2007), «Чашмаи мурод» (2008), «Сафинаи Ҷавҳарӣ»(2010), «Табассуми Суҳайлӣ» (2010), «Тўҳфаишоир» (2010), «Бодбон» (ба забони русӣ, 2011), «Ганҷи ранҷ» (2012), «Ашки шодӣ» (2013), «Ғунчаҳои ҳаёт» (2013) ва ғайра мебошад.

   Ба медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Барои хизмати шоиста» нишони Кумитаи шуравии муҳофизати сулҳ сарфароз гардонида шудааст. Барандаи Ҷоизаҳои адабии ба номи КамолиХуҷандӣ ва Зуфархон Ҷавҳарӣ, Корманди шоистаиТоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳриИстаравшан.

Аз соли 1962 узви Иттифоқи журналистон, азсоли 1975 узви Иттифоқи нависандагониТоҷикистон буд.

1-уми октябри соли 2017 дар синни 81-солагӣ аз олам гузашт.

 

Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи Наимҷон Назирӣ боз ин матолибро ҳам метавонед бихонед:

 

    Наимҷон Назирӣ [Матн] // Адибони Тоҷикистон. – Хуҷанд: Ношир, 2024. – С. 220-221.

    Наимҷон Назирӣ [Матн] // Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 152.

   Наимҷон Назирӣ [Матн] // Адибони Тоҷикистон: Маълумотнома. – Душанбе: Адиб, 2002. – С. 341-342.

    Бафоев, М. Шасти умр [Матн] // Садои Мардум. – 1996. – 21 август.

   

МАНБАЪ: Наимҷон Назирӣ [Матн] // Адибони Тоҷикистон. – Хуҷанд: Ношир, 2024. – С. 220-221.

 

Таҳияи Лола Илёсова,

корманди шубаи илми-методӣ ва таҳқиқотӣ