95 соли муаллифи “Гулхандаи замин”

МАҲМАДАЛИШОҲИ ҲАЙДАРШО Шоири маъруфи тоҷик Маҳмадалишоҳи Ҳайдаршо агар зинда мебуд 95-солагии худро таҷлил мекард. Марги беамон 9 сол пеш ин марди донишманд ва ин шоири ширингуфторро аз миёни мо рабуд.

МАҲМАДАЛИШОҲИ ҲАЙДАРШО 18 апрели соли 1928 дар шаҳри Хоруғ зода шудааст. Соли 1948 Омӯзишгоҳи омӯзгории Хоруғ, соли 1955 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ҳанӯз овони донишҷӯй буданаш дар маҷаллаи «Пионер» (баъдҳо «Машъал») кор карда, баъди хатми донишгоҳ фаъолияташро дар «Бадахшони Советӣ» идома бахшидааст.

Солҳои 1963-1965 шунавандаи Мактаби олии ҳизбӣ дар Маскав буда, баъди хатми он дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳозира «Ҷумҳурият») ба ҳайси узви ҳайати таҳририя, мудири шуъбаи пропаганда, сипас муҳаррири нашриёти «Ирфон», мудири шуъбаи рӯзномаи «Маориф ва маданият», мудири шуъбаи журнали «Коммунисти Тоҷикистон», мудири шуъбаи журнали «Хорпуштак» адои хидмат намудааст.

Аввалин шеъраш «Меҳри Октябр туро обод кард» дар «Бадахшони Советӣ» (7 ноябри соли 1947) чоп шудааст. Нахустин китоби шеърҳои барои бачагон офаридааш «Ҳамсинфони ман» соли 1958 интишор ёфтааст. Минбаъда ашъори барои бачагон офаридааш дар маҷмӯаҳои «Бачаҳои Маскав» (1971), «Дарё омад» (1976), «Кӯҳи Лаъл» (1982), «Мо аз Боми Ҷаҳон» (1986) ва ғайра мунташир гардидаанд.

Самараи фаъолияти нимасраи эҷодии ӯ дар маҷмӯаҳои «Сарои Баҳор» (1967), «Гулхандаи замин» (1974), «Помири ман» (1978), «Баёзи сангин» (1988), «Хонаи обод» (1994), «Сад ғазал» (2002), «Кӯҳдомани сабз» (2003), «Ин пишак чӣ мегӯяд?» (2010) ва ғ. фароҳам омадаанд.

Офаридаҳои ҳаҷвии ӯ дар китоби «Хористон»-и «Хорпуштак» интишор ёфтаанд, ки дар пайравии «Гулистон»-и Саъдӣ навишта шудаанд. Шеъру ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва фелетонҳои дигари ӯ дар маҷаллаҳои «Хорпуштак» ва ҳафтаномаи «Мушфиқӣ» ба табъ расидаанд.

Маҳмадалишоҳи Ҳайдаршо ба ҳайси рӯзноманигор ҳам собиқаи ғанӣ дошта, бахше аз очерку мақолаҳои публитсистии ӯ дар маҷмӯаи «Се насли омӯзгорони Бадахшон» (1991) ба табъ расидаанд.

Дар соҳаи тарҷумаи бадеӣ низ қувваозмойӣ карда, ашъори алоҳидаи шоирони рус С.Маршак, С.Шипачёв, К.Симонов, Н.Доризо, чанд шоири Литва, Арманистон ва Озарбойҷонро ба тоҷикӣ гардондааст.

Бо Ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (1964, 1978) ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» қадршиносӣ шудааст.

Аз соли 1959 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

25 сентябри соли 2014 аз олам даргузашт.

АЗ МАҲМАДАЛИШО ҲАЙДАРШО ВА ДАР БОРАИ Ӯ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ БОЗ ИН МАТОЛИБРО МЕТАВОНЕД МУТОЛИА НАМОЕД:

Осор:

Орунапа: Дар бораи муаллимаи мактаби ба номи Ленин райони Мурғоб Орун Темирова / Ҳаммуаллиф: Б. Раҳимҷон // Занони Тоҷикистон. – 1980. – №12. – С. 20-21.

Падаронро қадрдон бошед; Ном; Боғи падар; Дубайтӣ: Шеърҳо // Меҳри падар. – Душанбе, 1988. – С. 90-94.

Аз дафтари рубоиёт // Бадахшони советӣ. – 1989. – 1 апрел.

Бадахшонам: Шеър // Бадахшони советӣ. – 1989. – 8 сентябр.

Вой алами Душанбе; Рўборўб; Ғамзаҳо; Маркази дуд; Даргоҳҳои дилбазан; Гаражсозӣ: Шеърҳо // Хорпуштак. – 1989. – №5. – С. 5.

Дарё; Замини бобоӣ: Шеърҳо // Бадахшони советӣ. – 1989. – 1 апрел.

Дубайтиҳои ҷавонӣ // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1989. – 10 феврал.

Доғи зилзила: Шеър барои зарардидагони зилзилаи Ҳисор // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 26 январ.

Замини бобоӣ; Аз дафтари рубоиёт; Дарё: Шеърҳо // Бадахшони советӣ. – 1989. – 1 апрел.

Лолаҳои Шарора: Шеър // Газетаи муаллимон. – 1989. – 18 март.

Падарҷон: Шеърҳо // Бадахшони советӣ. – 1989. – 20 май.

Пайғоми маро ба кўи ҷонона бубар: Шеър // Садои Шарқ. – 1989. – №5. – С. 40-43.

Парвози фикр: Шеър // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1989. – 10 феврал.

Рубоиёт: Аз дафтари назм // Омўзгор. – 1989. – 12 сентябр.

Устод: Шеър ба муносибати 120-солагии Охон Шоҳфитур // Бадахшони советӣ. – 1989. – 6 октябр.

Хоҳаракам: Шеър барои шоираи ҳассос Ширинмоҳ Каримова //        Ҷавонони Тоҷикистон. – 1989. – 10 феврал.

Шунав, эй Тоҷикистон! Ҳама ҳастем фарзандат; Сухан махфӣ: Шеърҳо // Тоҷикистони советӣ. – 1989. – 2 апрел.

Аз дафтари рубоиёт // Фирўза. – 1990. – №12. – С. 15.

Гар синаи мо фазост, ёрон кафтар: Рубоиёт // Тоҷикистони советӣ. – 1990. – 21 апрел.

Дар беша; Ахлотҷубор; Теппаи синачок: Шеърҳо // Пионери Тоҷикистон. – 1990. – 4 апрел.

Ин чӣ гап?: Шеър // Паёми Душанбе. – 1990. – 2 март.

Хуни ноф; Нишони тоҷик; Шоирист: Шеърҳо // Тоҷикистон. – 1990. – №10. – С. 27.

Чашмаи хўфак: Шеър // Бадахшони советӣ. – 1990. – 14 апрел.

Аз қатраҳо дарё шавем; Оҳангар: Шеърҳо // Машъал. – 1991. – №7. – С. 9.

Арақ гуфто…: Шеър // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1991. – 23 октябр.

Дубайтиҳо // Тоҷикистони шуравӣ. – 1991. – 20 апрел.

Дубайтиҳо // Садои Шарқ. – 1991. – №11. – С. 75-76.

Ёди падар: Шеър // Садои Шарқ. – 1991. – №12. – С. 3-6.

Марав аз ман; Китоби чашми ту хонам шабу рўз; Дилам хоҳад; Чу сайёди ту бар болои кўҳсор: Шеърҳо // Коммунисти Шуғнон. – 1991. – 3 август.

Ҳайкалҳои деҳа; Сафқаҳои санг; Ширинии умрам тўӣ; Шеърҳо // Бадахшони советӣ. – 1991. – 17 август.

Абрҳо, абрҳо: Шеър // Фарҳанги Бадахшон. – 1992. – №6. – С. 2.

Дардошно; Азиз аст; Дил ба роҳи мавлавӣ: Шеърҳо // Садои мардум. – 1992. – 1 феврал.

Намемонам, ки миллатро фурўшанд…; Шеъри эҳё: Ду ғазал // Ҷумҳурият. – 1992. – 28 март.

Роҳи кўҳна: Шеър // Анбоз. – 1992. – 2 май.

Роҳи сафед!: Шеър // Омўзгор. – 1993. – 9 июн.

Ҳар рўзи мо наврўз бод!: Шеър // Бадахшон. – 1993. – 19 март.

Ба Бадахшон баҳор меояд: Шеър // Ҷумҳурият. – 1997. – 21 март.

Муаллим; Чанд рубоӣ; Дубайтиҳо: Шеърҳо // Омўзгор. – 1998. – 15 апрел.

Наврўзӣ: Шеър // Ҷумҳурият. – 1998. – 21 март.

Асрони вуҷуд: Аз дафтари рубоиёт // Ҷумҳурият. – 1998. – 17 январ.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи додани унвони фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Корманди шоистаи Тоҷикистон: Маҳмадалишоҳ Ҳайдаршо // Садои мардум. – 1998. – 18 сентябр.

Боз ай файзи ту фархунда шудам: Шеър // Садои мардум. – 1999. – 3 декабр.

Нури умед: Шеър // Омўзгор. – 1999. – 18 март.

Сафинаи рубоӣ: Рубоиҳо // Адабиёт ва санъат. – 1999. – 15 январ.

Тавлид шуда субҳи нав аз шоми сиёҳам: Шеър // Ҷумҳурият. – 1999. – 11 декабр.

Туӣ, эй Тоҷикистон, меҳвари дил: Шеър // Тоҷикистон. – 1999. – №1.–С.18.

Шоҳроҳи ваҳдат: Шеър // Ҷумҳурият. – 1999. – 13 март.

Шеъри барф: Шеър // Ҷумҳурият. – 1999. – 3 феврал.

Асри нав: Шеър // Ҷумҳурият. – 2000. – 30 декабр.

Ғазал // Адабиёт ва санъат. – 2000.– 5 май.

Зиндагони чист?: Шеър // Чархи гардун. – 2000. – 24 ноябр.

Замин – модар: Нағмаи рўбоӣ // Наврўзи Ватан. – 2000. – сентябр.

Бадахшонам: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2001. – 12 январ.

Садои сулҳ: Шеър // Садои мардум. – 2001. – 1 январ.

Чаҳор ғазал // Адабиёт ва санъат. – 2001. – 5 октябр.

Ояд аз гесўи ту бўи ватан: Шеър // Омўзгор. – 2002. – 18 январ.

Коғази сафед; Эй рўҳ, чаро таркам мекунӣ?; Зиндаам ман ба дуои халқам; Чароғи шеър: Шеърҳо // Ҷумҳурият. – 2003. –  19 апрел.

Накӯтарин ойин: Шеър // Ҷумҳурият. – 2005. – 19 март.

Чашмон; Фариштаи шеър: Шеърҳо // Садои мардум. – 2005. – 27 октябр.

Шеъри гуноҳамро намебахшам: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2006. – 31 август.

Манам ҳам дардат эй инсон; Мисраи шоир, бахшандаи илҳом, қудрати ишқ; Бо ту ва бе ту: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. –  2007. – 11 апрел.

Як балои олам аст;  Дунё ба роми ман нашуд; Тағои ман ҷони ман: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. –  2008. –  10 январ.

Аз дафтари ғазал: ­Ғазалҳо аз ашъори шоир // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2009. – 19 март.

Насли фархунда: Шеър // Омўзгор. – 2014. – 1 август.

Наврўзи Ватан: Шеър // Омўзгор. – 2022. – 20 март.

Дафтари дилро кушодам: Силсила // Садои Шарқ. – 2022. – №4-6. – С. 84.

ДАР БОРААШ:

Муҳаммадалишоҳ Ҳайдаршоҳ «Бо гонорари «Бадахшони сурх» рўзгори донишҷўиямро пеш мебурдам»: Шоир ва журналист Муҳаммадалишоҳ Ҳайдаршоҳ 80 сола шуд // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2009. – 11 март.

Сўгворӣ, Муҳаммадалишоҳ Ҳайдаршоҳ шоир, тарҷумон ва рўзноманигори маъруф (18 апрели 1928-25 сентябри 2014) // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 2 октябр.

Таҳияи Гулсара Толибова
корманди шуъбаи
библиографияи милл
ӣ.