95 соли сардабири маъруфи “Хорпуштак”

Агар Басир расо зинда мебуд, имсол 95-солагии худро ҷашн мегирифт. Шоири хуб буд ва муаллифи чандин маҷмуаи шеърӣ. Тарҷумонӣ ҳам мекард. Вале ӯро бештар ҳамчун муҳаррири маҷаллаи “Хорпуштак” мешиносанд. Зеро беш аз ним аср ҳамин вазифаро иҷро кард.

 БАСИР  РАСО 13 – уми июли соли 1931 дар деҳаи Бунигаҳи деҳшурои Водхуди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд ёфтааст. Тарбиягирандаи хонаи бачагон ва ансамбли этнографии бачагонаи Помир мебошад. Солҳои 1949-1951 дар Кумитаи созмони ҷавонони Ванҷ мудири шуъбаи мактабҳо буд. Баъди ба итмом расидани факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) (1956) ба сифати ходими адибӣ, мудири шуъбаи адабиёт ва котиби масъул дар маҷаллаи “Хорпуштак” ва рӯзномаи “Маориф ва маданият” (1956-1962) кор кардааст. Аз соли 1964 то рӯзҳои вопасини умраш сармуҳаррири маҷаллаи “Хорпуштак” буд.

  Аз соли 1971 узви Иттифоқи нависандагон  аст. Муаллифи маҷмуаҳои манзуми “Баргҳои нур” (1968), “Нидои дӯст” (1981), “Баҳори орзу” (2004).

  Тарҷумаҳои ашъори алоҳидаи Э. Чаренс, Л. Гурунтс, Н. Зарян, Г.Эмин ва ҳамосаи қаҳрамонии арман “Довуди Сосунӣ”-ро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Мураттиби антологияи назми арман “Сози Наири”-ст.

 Шеърҳои алоҳидааш ба забонҳои русӣ, арманӣ, гурҷӣ, булғорӣ, украинӣ тарҷума назми арман шудаанд. 

 Бо  орденҳои “Байрақи Сурхи Меҳнат” (1981), “Дӯстии халқҳо” (1977), “Нишони фахрӣ” (1971), “Барои меҳнати шоён  шарафёб шудааст. 

Кормандии шоистаи фарҳанг, Аълочии матбуоти Тоҷикистон буд.  

 Басир  Расо 11-уми июли соли 2010 аз олам даргузашт.

Аз Басир Расо ва дар борааш ба Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед бихонед:

 Панди некон; Одам: Шеърҳо // Ҷумҳурият. – 2003. – 6 декабр.

 Мулк мулки мост; Шуравӣ; Рангу рози зиндагӣ; Ҳавас аст.:  Шеърҳо // Садои мардум. – 2003. – 9 декабр.

Оҳу сард; Эъҷоз дидам; Сӯзанда ва сӯзанда; Одам; Ҳавас аст; Панди некон; Бо ёди ту! Ҷӯйбори рахш: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2005. – 24 феврал. –  С.10.

 Шеъри замона: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2006. – 20июл.

 Гаҳвораи мо – замин: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2007. – 9август. – С.6.

 Ку фаҳмидаме? Дард ба дармон намерасад; Русуми бевафоӣ; Ба ҷое нарасид; Ҳавасшиканӣ: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат.– 2007. – 25декабр. – С.16.

  Зуҳури иқбол; Мавлои Ванҷ; Фирори ёрӣ; Пасту баланди зиндагӣ: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 14январ. 

 Сафаров, М. Ёде аз устод Басир Расо шоир нависанда, ҳаҷвнигорӣ хуб // Хорпуштак. – 2021. – №78.

Орзу; Истиқлол; Берангӣ; Ба хуршеди; Алидод; Дил хун намудем; Тӯъмаи гургу паланг… Ашъор // Садои Шарқ. – 2021. – №7. – С. 99-102.

Басир Расо // Адибони Тоҷикистон: Маълумотнома. – Хуҷанд: Ношир, 2024. – С. 268-269. 

МАНБАЪ: Адибони Тоҷикистон: Маълумотнома. – Хуҷанд: Ношир, 2024. – С. 268-269; 

Таҳияи Машҳурахон Зоирова,

корманди шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ.