Бо бачаҳо. Азим Байзоев. “Кадомаш Беҳтар?”
Замира имрўз аз хоб дертар хест. Имрўз рўзи ягонаи ҳафта аст, ки модарҷон ўро бедор намекунад.
Вай баъди наҳорӣ рўйи диван паҳлу зад. Диванро нурҳои офтоб гарм карда буд.
Вай бароҳат дароз кашид. Ногаҳ гапи муаллима ба ёдаш омад: «Бачаҳо рўзҳои истироҳату иду таътил барои китобхонӣ фурсати беҳтарин аст».
Ў аз раф китоби Пўлод Толис «Мўрчаяк»-ро гирифта ба хондан сар кард. Ду саҳифа хонду ҳис кард, ки монда шудааст. Китобро як сў гузошт, ки андак дам гирад. Ногоҳ аз раио овоз баромад:
– Замираҷон, ин ҷо биё.
Замира гоҳ-гоҳ радио гўш мекунад. Мурваташро метобаду аз шабакаҳои гуногун суруду мусиқӣ, шеъру афсона мешунавад. Гуфтугўйи одамон ҳам ба вай мефорад. Ў назди радио омад.
Радио гуфт:
– Дидӣ китоб туро хаста мекунад. Аммо маро ҳар қадар гўш кунӣ, хаста намешавӣ. Хоҳӣ бо ман месароӣ, хоҳӣ рақс мекунӣ. Ман бароят афсона ҳам мегўяму шеър ҳам мехонам. Аз ман беҳтар дўсте намеёбӣ. Хуб, боз худат андеша бикун.
Замира ҳама гапҳои радиоро фаҳмид, ба ғайр аз «андеша бикун». Замира медонист, ки падар ба саволҳои ў албатта ҷавоб медиҳад. Вай ба назди падар омад. Ў пойҳояшро рўйи ҳам гузошта буд. Бо дасташ сарашро такя зада менишаст.
Замира парешон шуд ва аз падараш пурсид:
– Падарҷон, ба шумо чӣ шуд?
– Андеша мекунам, духтарҷон,- ҷавоб дод падараш.- Мехостам, ки имрўз шуморо, ба боғи Рўдакӣ тамошо барам. Модарат мегўяд, ки ба хонаи холаат меҳмонӣ равем. Андеша мекунам, ки кадомаш беҳтар аст.
Замира фаҳмид, ки «андеша кардан» чӣ будааст. Ў ба ҳуҷраи бародараш – Эраҷ рафт. Эраҷро холаву амакаш бисёр таъриф мекунанд. «Одами зўр мешавад» мегўянд. Эраҷ компютер дорад. Эҳе, вай бо компютер корҳое мекунад, ки одам ҳайрон мемонад.
Замира ҳам баъзе чизҳоро медонад. Масалан, медонад, ки компютерро чӣ хел равшан кардан мумкин. Медонад, ки чӣ хел аз компютер суруди дўстдоштааш «Офтобаки ман»-ро гўш кунад. Дар компютер бозӣ ҳам карда метавонад.
Вай дар компютер гоҳ-гоҳ тўйи арўсии падару модарашро ҳам тамошо мекунад. Вақти хуртар буданаш чанд бор аз модараш пурсида буд: «Барои чӣ маро ба тўятон набурдед?»
Ў компютерро даргиронду ба андеша рафт, ки чӣ кор кунад.
Ногоҳ компютер ба гап даромад:
– Замираҷон, ба гапҳои радио бовар накун. Радиоро фақат мешунавӣ. Маро ҳам мешунавӣ, ҳам тамошо мекунӣ. Ҳар вақт хоҳи, бо ман бозӣ мекунӣ. Ман дўсти беҳтарини ту ҳастам.
Замира боз ба андеша рафт: «Компютер беҳтар аст, ё радио?» Ин дам овози модарашро шунид:
– Духтарҷон! Биё барномаи «Офарин» сар шуд. Зуд биёю бубин.
Замира телевизорро ҳам дўст медорад. Аз тамошои филмҳои тасвирӣ хушаш меояд. Ў шитобон назди телевизор омад. Аммо ба ҷойи бачаҳо як мўйсафед пайдо шуду гуфт:
– Салом, Замираҷон! Ман хурсандам, ки ту ҳамчун дўсти беҳтарин маро интихоб мекунӣ. Компютер хурдакак аст, аммо маро бин калону зебоям. Ман ҳама чиз дорам: суруду рақс, филму бозиҳои гуногун. Бо ман ту метавонӣ ба сафари олам бароӣ. Ногоҳ барқ хомўш шуд.
Замира боз рўйи диван нишаст. Намедонист, ки чӣ кор кунад. Ин лаҳза аз як кунҷи диван садо омад:
– Ғамгин машав, Замираҷон. Маро бигир. Ман бе барқ ҳам кор мекунам. Ғизои ман фақат меҳри туст,- гуфт китоб.
– Меҳраш чӣ? – пурсид Замира.
– Ҳар саҳар модарҷонат туро аз хоб бедор мекунад. Ба оғўш гирифта мебўсад. Хўрок медиҳад. Ба мактаб гусел мекунад. Ҳамаи ин корҳо аз рўйи меҳр иҷро карда мешаванд. Ба касеву чизе меҳр доштан, яъне дўст доштани ўст. Вақте ки маро ба даст мегирию бо ҳавас мехонӣ, ман ҳам меҳри туро ҳис мекунам.
– Хуб, чӣ гуфтан мехоҳӣ? – боз пурсид Замира.
– Маро ба даст бигиру саҳифаи авваламро бикушо ва бихон. Гапҳои ман он ҷост.
Замира китобро гирифту ба хондан сар кард:
– Замираҷон! Радио, компютер, телевизор, телефон чизҳои хубанд. Мошин, киштӣ ҳавопаймо ҳам ба мо даркоранд. Медонӣ онҳоро кӣ сохтааст?
– Одам, – зуд ҷавоб дод Замира.
Аз ҳозирҷавобии ў китоб ҳам хушҳол шуд.
– Дуруст, – гуфт ў. – Аммо на ҳар одам метавонад, чизе бисозад.
Одаме, ки ягон чиз месозад ё ихтироъ мекунад, олим аст. Олим касест, ки дониши зиёд дорад, яъне бисёр чизҳоро медонад. Ва манбаи дониш КИТОБ аст.
– Манбаъ? Ин чӣ маъно дорад?
-Хуб. Маро ба даст бигиру назди тиреза бирав, – гуфт китоб. – Мефаҳмонам, ки манбаъ чӣ маънӣ дорад.
Замира ба назди тиреза рафт.
– Акнун саҳифаи дигарро кушову бихон, – гуфт Китоб.
Замира варақи китобро гардонду ба саҳифаи нав нигарист:
– Бубин, чӣ хел гули зебо! Медонӣ ин гул чӣ гуна месабзад? Дар тубакча хок ҳаст. Ту ҳар рўз ба ин хок об мерезӣ. Аз тиреза ба он офтоб нур мепошад. Ҳаво ба гул имкон медиҳад, ки нафас кашад. Агар инҳо набошанд, гул хушк мешавад. Хоку обу офтобу ҳаво манбаи нашъунамои ҳамин гул аст.
– Дидӣ, Замираҷон? – Китоб боз ба гап даромад. – Ҳар саҳифаи ман ба ту як чизи нав ёд медиҳад. Донишатро меафзояд.
Замира китобро бо ду даст ба сандуқи дилаш фишурд. Бо меҳру муҳаббат зери лаб гуфт:
– Радио, компютер, телевизор – ҳама чизҳои хубанд. Аммо ту- чизи дигарӣ. Дунёи беҳтарини ман туӣ, КИТОБ!
Азим БАЙЗОЕВ
Душанбе 2019
Китобчаи Азим Байзоев “Кадомаш беҳтар?” соли 2019 чоп шудааст ва тавре мутолиа кардед, як қиссаи шавқовару хонданист.
Бачаҳои азиз! Ин ва боз даҳҳо ба ин монанд китобҳои хуб шуморо дар толори хониши кӯдакон ва наврасон интизоранд. Ин толори хониш дар ошёнаи аввали Китобхонаи миллӣ ҷойгир аст.
Таҳияи мутахассиси пешбари шуъбаи
кўдакон ва наврасон МАТИМОВА Зўҳро.