Аз “Риёз-уш-шуаро”. Мулло Муҳаммадалӣ Воҳиди Ⱪумӣ

Риёз-уш-шуароДар Исфаҳон ба сар мебурда. Васеулмашрабу ҳамидахисол буда. Маснавие дар камоли хубӣ гуфтааст. Хатти насхтаълиқро хуб менавишта ва дар силки хушнависони саркори шоҳ Сулаймони мағфур интизом дошта.

Ин абёт ӯрост:

Кунад равшан зи сӯзи ишқ ҳар кас шамъи ҷонашро,
Ҳумо парвона гардад баъди мурдан устухонашро.

Аз ғуборам шохи гул бар сар малоик мезананд,
То бутон аз нақши по гул бар мазорам рехтанд.

Диҳад хосийяти оби бақо лаъли шакархояш,
Нигаҳ дорад зи рафтан умрро мижгони гирояш.

МИРЗО АФЗАЛИ БУХОРӢ

Муншии Имомқулихон буда. Тахаллусаш «Волӣ» ва шеъраш ин аст:

Бахуннишастаи мижгони тездасти туам,
Яке зи хонахаробони чашми масти туам.

МУҲАММАДИХЛОСИ ВОМИҚ

Аслаш аз қавми кеҳтарии ҳануд аст. Дар замони Оламгирподшоҳ шарафи исломро дарёфта, ба таҳсили фазоил кӯшид.  Дар арабийяту шеъру иншо дасте дошта. Дар авоили ҷулуси  Муҳаммадшоҳӣ  даргузашт.  Муҳаммадафзали Сархуш дар тазкираи худ ин ду байтро ба номи ӯ навишта:

Муҳтасиб майкашӣ аз дасти ту мушкил шудааст,
Шишаи май ба бағал обилаи дил шудааст.

Бе ту мерезад намак дар соғари ман моҳтоб,

Гарди кулфат мешавад бар бистари ман моҳтоб.

МУЛЛО  ВОҚИФИ ХАЛХОЛӢ

Аз арбоби фазлу ирфон буда. Дар замони шоҳ Сулаймони мағрфур ба Рум рафт ва дар ҳамон ҷо фавт шуда.

Ӯрост:

Бӯйи хун аз нафаси  боди сабо меояд,
Кафи хоке магар аз бодияи мо бардошт?

Як субҳдам ба саҳни гулистон гузаштаӣ,
Шабнам ҳанӯз бар рухи гул об мезанад.

Он бах тку, ки дар шаби иде ба кӯи ту
Моҳе чу абруи ту бубинам ба рӯйи ту.

Аз китоби  Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019

Таҳияи Малика Абдуллоева,
мутахассиси шуъбаи
маркетинг ва менеҷменти
фаъолияти китобдорӣ.