Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 3-юми декабр
Соли 1857 нависандаи англис Ҷузеф Конрад ба дунё омад. Конрад нависандаи классики адабиёти англисӣ эътироф гардида аст. Нависанда соли 1857 дар деҳаи Терехова дар оилаи ашрофи лаҳистонӣ, шоир Аполлон Коженевский ба дунё омад. Ӯ дар оғоз чун нависандаи достонҳои писрабачаҳои дарёнавард шинохта шуда буд, аммо ҳоло ӯро нависандае медонанд, ки осораш нишондиҳандаи огоҳии амиқи маънавист. Ин асарҳо мутааллиқ ба ӯянд: “Дили торикӣ”, “Лорд Ҷим”, “Дузди дарёӣ”, “Ҷавонӣ”, “Ҳамлаи қалбӣ”.
Ҷузеф Конрад 3 августи соли 1924 фавтид.
Соли 1864 романи машҳури Жюл Верн “Сафар ба маркази Замин” чоп шуд. Ин романи илмӣ-тахайюлӣ дар бораи як профессори олмонӣ Отто Лиденброк қисса мекунад.
Соли 1892 дар шаҳри Москав дар синни 71 – солагӣ аз сактаи қалбӣ шоири рус ва олмонӣ, тарҷумон Афанасий Фет аз олам даргузашт. Ӯ аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои Петербург буд. Некрасов гуфта буд, ки Фет ягон шоирест, ки метавонад дар шеър бо Пушкин рақобат кунад.
Соли 1894 нависандаи шотландӣ, шоири барҷастаи қарни XIX Роберт Люис Стивенсон дар ҷазираи Упол дар синни 44-солагӣ аз олам чашм пўшид.
Соли 1923 нависанда, равшанфикри сотсиалист, мунақиди адабӣ ва мутарҷими эронӣ Сайид Ҷалолиддин Содот Оли Аҳмад дар хонаводаи мазҳабӣ дар маҳаллаи Сайид Насридини Теҳрон дида ба олам кушод. Ў ҳамсари Симин Донишвар буд.
Ҷалол Оли Аҳмад дар даҳаи 1962 машҳур гардид ва дар ҷунбиши равшанфикриву нависандагии Эрон таъсири калон расонид. Симини Донишвар хотироти хубу хонданиро дар бораи шавҳараш чоп кардааст.
Соли 2010 Абдулмалик Баҳорӣ – шоири кӯдакон, достоннавис ва яке аз муваффақтарин адибони қиссаҳои тахайюлӣ дар шаҳри Душанбе дунёи фониро падруд гуфт. Абдумалик Баҳорӣ соли 1946 Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинободро хатм карда, фаъолияти меҳнатиро ба сифати омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти донишгоҳ оғоз бахшидааст.
Аз соли 1951 дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» муҳаррир, дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» мудири шуъба ва ҷонишини муҳаррир, солҳои 1961-1965 муҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» будааст.
Баъдтар дар Вазорати фарҳанг, нашриёти «Ирфон» ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият бурдааст.
Фаъолияти эҷодиро аз шеърнависӣ сар карда, дар аввалин ашъораш таассуроти солҳои баччагӣ, меҳнати диловаронаи кишоварзон, корномаи ҷанговарон ва муҳаббати самимӣ ба Ватанро ба қалам овардааст.
Эҷодиёти Абдумалик Баҳорӣ гуногунжанру сермавзӯъ буда, анвоъи гуногуни назму насру драматургияро фаро гирифтааст.
Аввалин адиби тоҷик аст, ки ба эҷоди асарҳои фантастикӣ шурӯъ намуда, поягузори насри тахайюлӣ дар адабиёти давраи нави тоҷик эътироф гардидааст.
Асари нахустини фантастикии ӯ «Ҷасорати Доктор Мансур» (1970) буда, баъдан қиссаҳои «Занбӯри айнакдор» (1971), «Аҷоиботи Нодар» (1971), «Бозгашт» (1973), «Сунбула» (1974), «Баччаҳои чобуксавор» (1976), «Фирори ассистент» (1979) ва «Шоҳидони шаҳид» (1981) силсиларо мукаммал сохтаанд.
Қиссаҳои реалистии нависанда масъалаҳои муҳимми ишқу ахлоқу зиндагии ҳамзамононамонро мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор дода, бар услуби лирикию публитсистӣ бунёд ёфтаанд, ки «Қаймоқи гирди коса» (1975), «Гирдоб» (1977), «Ду моҳи пурмағал» (1980), «Ҷабрдида» (1984) намунае аз онҳостанд.
Асарҳои драматургии «Роҳи сафед» (1962), «Ишқи мансабдор» (1964), «Фармони Кадушоҳ» (1965), «Корвон равон аст» (1967), «Хандаҳои ашколуд» (1969), «Рӯзи таваллуд» (1970), «Таркиш» (1971), «Шуоъи Селла» (1971), «Се нафар хушдор» (1965), «Меҳмони серӯза» (1975), «Сири пурасрор» (1978), «Фолбин» (1980), «Баҳодур» (1983)ва ғ. зодаи қалами ӯстанд.
Маҷмӯаҳои «Ошноҳо» (1954), «Дар оғӯши мактаб» (1955), «Қарзи ҷӯрагӣ» (1957), «Ба сӯйи Моҳ» (1962), «Танқиди дӯст» (1963), «Задухӯрди аввалин» (1965), «Сели тилло» (1969), «Ҳикояҳо» (1972), «Меҳмони серӯза» (1980) ва ғ. барои кӯдакон ва наврасону ҷавовон иншо гардидаанд.
Соли 1964 барои қиссаҳои «Қаймоқи гирди коса», «Сунбула» ва «Гирдоб» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст.
Чанде аз асарҳои ӯ ба забони халқҳои шӯравӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Худи ӯ як идда навиштаҳои А.Чехов Н.Некрасов, М.Лермонтов, И.Крилов, Н.Носов, С.Михалков, С.Маршак, Д.Бедний, А.Қаҳҳор, П.Бровка, В.Инбер, К.Федин, А.Сурков, С.Абдулло, В.Пшавеларо ба тоҷикӣ гардондааст.
Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1987), Нависандаи халқии Тоҷикистон (1994).
Бо ордени «Нишони фахрӣ» ва Ифтихорномаҳои РСС Тоҷикистону Белоруссия мукофотонида шудааст.
Аз соли 1956 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Таҳияи Сайёра КАРИМОВА.